logo

ҳуқуқ

МУШКИЛОТ ВА РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ

ё гуфтугӯи судманд дар ҳошияи конфронси илмӣ

Дар шаҳри Душанбе бо эҳтимоми Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» доир гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфуз, ки ба таърихи таъсис ё худ панҷсолагии фаъолияти ин ниҳод рост омад, доираи васеи намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, мақомоти ҳокимияти қонунгузор, адлия, суд, прокуратура, муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба ҳам омада, масоили гуногуни вобаста ба сиёсати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ибтидо Маҳмад Раҳимов, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳамоҳангии дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати тавсеаи сиёсати ҳуқуқӣ дар мамлакат истиқбол кард. Ӯ изҳор дошт, ки сиёсати ҳуқуқӣ навъе аз сиёсати давлатӣ буда, дар асоси қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маҷмӯи барномаву чорабиниҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Баҳсу баррасиҳо дар ҳамоиш нишон дод, ки то кунун низоми ҳуқуқии кишвар дар баробари пешравиҳо аз нуқсу камбудиҳо низ орӣ нест. Ба қавли Маҳмад Раҳимов, то кунун сиёсати ҳуқуқии кишвар дар илми муосир пурра таҳқиқ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мушкилиҳои мавҷуда, дигаргуниҳо ва бартараф намудани мухолифати қонунҳо бидуни асоснокии илмии стратегияи инкишофи минбаъдаи давлат ва ҷомеаи муосир имконнопазир аст.
Рустам Менглиев, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шарҳи мавзӯъ гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ Тоҷикистонро ба монанди давлатҳои дигар фаро гирифта, ин ҷараён ба раванди ҳуқуқӣ низ бетаъсир намондааст. Ба таъкиди ӯ, бояд сиёсати ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмӯи ғояҳо, ақида, принсип ва консепсияҳо барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки номгӯи дақиқи он дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ муайян гаштаанд, равона гардад. - Маҳз ҳамин маҳак заминаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он тамоми равандҳои ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян менамояд,- изҳор дошт вазири адлия.
Бино ба андешаи таҳлилгарон, рушди ҷомеа пеш аз ҳама ба сиёсати ҳуқуқии ҳар давлат иртиботи амиқ дорад. Аз ин рӯ, қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда бояд ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа бошанд. Дар ин робита, Содиқ Шоназаров, мушовири калони бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, зикр кард, ки феълан Тоҷикистон дар самти эҷоди ҳуқуқ сиёсати дурустро пеша карда, ба дастовардҳо ноил шудааст. Чунончи қонуну санадҳои зиёде таҳия ва қабул гардидаанд, ки ҷавобгӯи талаботи пазируфтаи башарӣ буда, ҳамзамон қабули қонунҳое, ки ба рушди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд такон мебахшанд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди ин Содиқ Шоназаров аз мавҷуд будани камбудиҳо дар таҳияву пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, хоса лоиҳаи қонунҳо, ки мухолифат дар миёни қонунҳои амалкунандаро ба миён оварда, амали онҳоро мушкил мегардонад, сарфи назар накард.
- Мо бояд арзишҳои миллии худро дар мавриди таҳия ва қабули қонунҳо ва муайян кардани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирем. Ин нуктаро Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии ҷумҳурӣ, таъкид намуда, қабули қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро намунае аз қонунҳои миллӣ унвон кард, ки дар дигар давлатҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Салимзода Шерхони Одина гуфт, ки «мо дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ низоми сиёсати ҳуқуқии худро чандон дуруст муайян накарда будем. Бисёр конвенсия ва созишномаҳои байналмилалиеро имзо кардем, ки бе назардошти ба инобат гирифтани имконот ва шароитҳои миллию маҳаллӣ буд. Ҳол он ки аз имзои чунин санадҳо давлатҳои мутараққӣ ё чунон ки мегӯянд, демократии ҷаҳон худдорӣ кардаанд». Прокурори генералӣ дар ин самт Протоколи факултативии паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва гражданиро мисол овард, ки муайян кардан ва ба иҷро расондани ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодиро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, муассисаҳои ислоҳие, ки баҳри таъмини иҷрои ин намуди ҷазо аз шӯравӣ мерос мондаанд, ба бисёр талаботи байналмилалӣ мувофиқат намекунанд, лекин санадҳои имзошуда Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадор месозанд, ки ин меъёрҳоро амалӣ гардонанд. Аммо имконоти иқтисодӣ ва шароити кунунӣ даст намедиҳад, ки тамоми ин ҳолатҳоро дар замони феълӣ таъмин кунем.
Дар ҳамоиш Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз саҳми Маркази миллии қонунгузорӣ дар масъалаи дуруст ба роҳ мондани забон, сифат ва такмили қонунгузорӣ дар кишвар қадрдонӣ кард. Вай меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии давлатро ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрванд арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки дар Сарқонуни мамлакат низ ин раванд пурра инъикос ёфта, муайянкунандаи тамоми низоми давлатдорӣ, қонун ва қонунгузорӣ ин ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Зариф Ализода мегӯяд, ки феълан дар низоми ҳуқуқии кишвар санадҳои зерқонунӣ зиёданд, ҳол он ки муайянкунандаи низоми ҷомеа қонун буда, зарур аст, ки дар оянда масъалаҳои муҳим асосан тавассути он танзим шаванд. Зимнан, Рустам Менглиев бо таъкиди ин нукта, иброз дошт, ки ҳуқуқи инсон маҳаки асосии вазн ва равандҳо дар ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ бо ҳуқуқи инсон алоқамандии ногузир дорад. «Таъсири ҷаҳонишавии ҳуқуқӣ ба ҷумҳурӣ низоми нави таҷдиди ҳокимият, принсипҳои гуногуни демократӣ, ғояҳои муносибатҳои бозорӣ, алалхусус моликияти хусусӣ, озодии соҳибкорӣ ва ғайраро овард, ки ба аҳолӣ имконияти татбиқи воқеӣ ва пурраи ҳуқуқи хешро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фароҳам намуд. Аксарияти тағйиротҳои ҳуқуқӣ ва мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ норозигии баъзе аз гурӯҳҳои иҷтимоии консервативиро ба вуҷуд меорад. Бо вуҷуди ин бояд қайд кард, ки солҳои охир барои ҳаллу фасли ин муаммоҳо корҳои ислоҳотбахши давлатӣ фаъол шудааст».
Мавзӯи дигаре, ки Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба он дахл намуд, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буд. Бино ба таъйиди ӯ, аксари шаҳрвандоне, ки ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунанд, арзу шикояташон аслан ба ин ниҳод дахл надорад. Зикр шуд, ки ҳар сол ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ҳам беш аз 10 ҳазор нафар бо масъалаҳое муроҷиат мекунанд, ки бояд дар сохторҳои поёнӣ ва мақомоти судӣ баррасӣ шаванд. Чунин сурат гирифтани корро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишони паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дониста, зарурати дар ин самт анҷом додани корҳои судмандро ба миён гузошт. Албатта, наметавон аз ин гуфтаҳо ҳам сарфи назар кард, аммо дар ҷомеа далели бевосита ба Ваколатдор ё Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат муроҷиат кардани шаҳрвандон адами эътимод ба фаъолияти судҳо, ҷиддан баррасӣ нашудани арзу шикояти шаҳрвандон дар зинаҳои поёнӣ низ арзёбӣ мешавад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.2014    №: 59    Мутолиа карданд: 541

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед