logo

ҳуқуқ

«ВАЗН» - И ТАРОЗУИ АДОЛАТИ СУДӢ

Ба таваҷҷуҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарнавишти зане, ки ҳуқуқҳои худро дифоъ карда натавонист. Чаро? Суди ноҳияи Ҳисор баҳси манзили байни ду шаҳрвандро сарфи назар аз ҷузъиёти санади расмӣ, ба фоидаи тарафе ҳал кард, ки нигаронии ҷабрдидаро ба миён овард. Иҷрочиёни суди ноҳия бидуни ҳузури соҳибмулкон чизу чораи онҳоро ба кӯча партофтанд.

Раҷабмоҳ Ғафурова, сокини Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, соли 1995 бо Асрор Розиев хонадор шуда, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Cоли 2000 -ум баъди вафоти шаҳрванд Майрам Ҳасанова, ба хонаи истиқоматии марҳум (кӯчаи А. Юсуфӣ, бинои № 9, ҳуҷраи № 31) кӯчиданд ва соли 2003 расман будубоши онҳо дар шуъбаи корҳои дохилӣ сабт гардид.
Cоли 2006 Раҷабмоҳ Ғафурова ба Корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ҳисор муроҷиат кард, ки барояш ордери манзили истиқоматии мазкур дода шавад. Зеро хона дар тавозуни ҳамин корхона буд. Муроҷиати ӯ қонеъ гашт. Соли 2010 бо қарори раиси ноҳияи Ҳисор дар бораи хусусигардонии фонди манзилҳои давлатӣ бо дастрасии моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ордери мазкур расман ба номи Раҷабмоҳ Ғафурова, ҳамчун корманди соҳаи маориф ва шахси камбизоат хусусӣ гардонда шуд. Шиносномаи техникии ҳавлиро соли 2010 Корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ (КВДХМК-КФБТ) ба вай додааст. Ҳамон сол соҳиби шаҳодатномаи бақайдгирии моликияти хусусӣ бо ҳуқуқи истифодабарии замин гардид.
Cоли 2008 Раҷабмоҳ аз Асрор ҷудо шуд. Бо аризаи хаттӣ Асрор Розиев аз Корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ хоҳиш кардааст, ки манзили истиқоматиаш дар кӯчаи А. Юсуфӣ, ҳуҷраи 31 ба номи собиқ ҳамсараш Раҷабмоҳ Ғафурова гузаронда шавад. Таҳқиқи мо маълум кард, ки ин аризаро Асрор Розиев бо дархости Корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ навиштааст, то ки мабодо рӯзе даъво накунанд, ки чаро хонаро ба номи ҳамсараш гузарондаанд.
Cоли 2011 Идимоҳ Хоҷаева, келини Асрор Розиев, аз ҳамсари аввалааш ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аризаи шикоятӣ навишта, даъво кардааст, ки Мелиқулов Рустам, раиси вақти Корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ ва Раҷабмоҳ Ғафурова, собиқ ҳамсари хусураш, бо санадҳои қалбакӣ хонаи № 31, воқеъ дар кӯчаи А. Юсуфиро хусусӣ гардондааст. Гӯё дар расмӣ кунондани санадҳои хонаи истиқоматии мазкур ҳолатҳои «қаллобӣ» ҷой доранд. Раҷабмоҳ мегӯяд, ки пора надодааст ва барои соҳиби манзил шудан, қарорҳои раиси ноҳия ва шуъбаи маориф ёрӣ расонданд. 
Мувофиқи ҳалномаи суди ноҳияи Ҳисор санадҳои хусусигардонии манзили истиқоматии мазкур аз тарафи Раҷабмоҳ Ғафурова ғайриқонунӣ буда ва ҳуҷҷатҳое, ки Баҳром Розиев писари собиқ шавҳараш Асрор Розиев (гӯё cоли 2000 –ум гирифтааст) қонунӣ дониста шуданд.
Суоли матраҳ назди Прокуратураи генералӣ, суди ноҳияи Ҳисор ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки модоме Р. Ғафурова аз никоҳ бо А. Розиев як фарзанд ва санадҳо барои хусусигардонии моликият дорад, чаро аз манзили зист маҳрум шуд? Суди ноҳияи Ҳисор қазоват кардааст, ки дар расмӣ кунондани манзили мазкур роҳбарияти вақти КФБТ ба «қаллобӣ» роҳ додааст. Суд инро исбот карду чаро нисбат ба ин роҳбар чора надид? Агар тибқи қонуни афв чораҳои ҷиноятӣ дидан, рад гардад, пас бояд қалбакӣ карданаш ҳам рад шавад. Чаро Прокуратураи генералӣ ба моҳияти масъала равшанӣ наандохтааст. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни таҳқиқи парвандаи мазкур танҳо бо аризаи шикоятии И. Хоҷаева иктифо карда, хулоса баровард, ки Майрам Ҳасанова, ки дар ин манзил то вафоташ зист, ба тарафҳо ягон хешутаборӣ надорад. Дар ҳалномаи суди ноҳияи Ҳисор омадааст, ки гӯё даъвогар Б. Розиев - писари А. Розиев аз ҳамсари аввалааш, ҳамчун соҳибмулк cоли 2011 аз ҳуқуқҳои худ огоҳ гардидаву аз Русия тавассути вакилаш даъвои манзил кардааст. Илова бар ин, даъвогарон ба истиснои ордери хона, ки гӯё cоли 2000 - ум таҳия шудаву cоли 2011 гирифтаанд, дигар санаде надоранд. Далели дигари зери суол гузоштани ҳалномаи суди ноҳияи Ҳисор ин аст, ки агар ордерро соли 2000 - ум ба номи Б. Розиев дода бошанд, пас чаро онро cоли 2011-ум гирифт? Агар ордер дошт, чаро давоми 10 сол дар қайди Ҷамоати деҳоти «Заря восток»-и ҳамин ноҳия аст ва санадҳои дигари манзили истиқоматии мазкурро надорад? Чаро дар асоси маълумотномаи шабакаҳои барқӣ ва Корхонаи давлатии фаръии обу корези ноҳия пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ давоми 10 сол аз тарафи Р. Ғафурова сурат гирифтааст?
Б. Розиев, cоли 2011 суроға ва рақами хонаашро дар аризаи ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва судҳо кӯчаи Беляев – 21 ва хонаи 21 навиштааст, ҳол он ки манзили даъвоии мазкур аз соли 1998 ба номи кӯчаи А. Юсуфӣ, хонаи № 9, ҳуҷраи № 31 табдил ёфтааст ва ҳамаи ин расмиёт дар санадҳои Р. Ғафурова сабт ёфтаанд. Чаро аз одитарин ҷузъиёти шайъӣ суди ноҳияи Ҳисор чашм пӯшидааст?
Дар санадҳои мазкур оварда шудааст, ки М. Ҳасанова соли 2000 - ум фавтидааст, аммо Б. Розиев дар аризааш ба суд навиштааст, ки марҳум бибияш мебошад. Аммо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни тафтишот хешутабории Б. Розиевро бо М. Ҳасанова рад кард. Агар Б. Розиев соли 2000 - ум ордери хона гирифта бошад, барои чӣ соли 2009 - ум худро дар қайди шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Ҳисор дар хонаи 12 А, ҳуҷраи 21 мондааст? Санадҳои тасдиқкунандаро мо дарёфтем, аммо суд онҳоро қабул накард. Ҳамсари Б. Розиев дар суд даъво пеш овардааст, ки муддати панҷ сол дар манзили кӯчаи А. Юсуфӣ, хонаи № 9, ҳуҷраи № 31 зистааст, аммо ба суд барои исботи он санади қайдро пешниҳод накардааст. Чаро суд инро талаб накард? То ба ҳол вай дар қайди Ҷамоати шаҳраки Ҳисор мебошад.
Р. Ғафурова мегӯяд, ки пайванди хешутаборӣ бо марҳум М. Ҳасанова надорад, аммо панҷ сол зани танҳову барҷомондаро нигоҳубин кардааст, вай рӯйи дастонаш фавтидаву маросими ҷанозаашро гузарондааст. Дар ин вақт бо А. Розиев зиндагӣ дошт, аммо фарзандони шавҳараш аз ҳамсари дигараш, ки ҳоло даъвои ҳуқуқи моликият доранд, ҳатто бо падарашон робита надоштанд. Дар 10 соле, ки шаҳрванд Р. Ғафурова ҳамаи санадҳои қонуниро гирифтаву манзили мазкурро хусусӣ гардонд, онҳоро суди ноҳияи Ҳисор ба инобат нагирифт.
- Иҷрочиёни суди ноҳия бидуни ҳузури мо чизу чораро ба кӯча партофтаанд. Ҳоло мо 7 мoҳ мешавад, ки сарсону саргардонем. Суд манзили истиқоматии моро бо чизу чораамон, ҳатто китобҳои дарсии фарзандонам ба «даъвогарон» дод. Оё ин адолат аст? - мегӯяд ҷабрдида.
Музаффар Абдуллоев, раиси суди ноҳияи Ҳисор, иброз дошт, ки ордери манзили зисти Р. Ғафуроваро Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қалбакӣ хондааст. Илова бар ин, ҳоло мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ба суд муроҷиат кардааст, ки ордери Б. Розиев бо сабаби баъди ордер гирифтан ва 6 моҳ дар қайди зист набудан беэътибор дониста шавад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Р. Ғафурова, ҳалномаи суди ноҳияи Ҳисорро ғайриқонунӣ меҳисобад.
- Ордере, ки Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қалбакӣ донисту онро ба суди ноҳияи Ҳисор пешниҳод кард, Прокуратураи генералӣ парвандаи агентиро тибқи қонуни афв бекор намуд, яъне он ҳукми қонунӣ надорад. Аммо суди ноҳияи Ҳисор, сарфи назар аз ин қарори Прокуратураи генералӣ, дар такя ба ордери «қалбакӣ» сохтаашон соҳибмулкро аз манзил маҳрум сохт. Мо ордери асосиро ба суди ноҳия пешниҳод кардем. Аммо суд онро ба инобат нагирифт, - иброз дошт Бузургмеҳр Ёров.
Дар рафти таҳқиқи масъала ба мо нусхаи ордери «қалбакӣ» хондаи суди ноҳияи Ҳисор ва ордери асосие, ки cоли 2006 дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба Р. Ғафурова додаанд, дастрас шуд. Аммо дар парвандаи суди ноҳияи Ҳисор ин ордер вуҷуд надорад. Танҳо нусхаи он ордере ҳаст, ки агентӣ онро қалбакӣ донистаасту дар он қарори маҷлиси вакилони халқии ноҳия навишта нашудааст.
Мувофиқи муроҷиати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ба суди ноҳия агар Б. Розиев, ки 6 моҳ дар қайди зист набудаасту ҳуқуқи манзили Фонди манзилиро соҳиб шудан надорад, пас Р. Ғафурова, ки баъди гирифтани ордер дар қайди расмӣ будаву ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро сари вақт пардохт кардааст, метавонад ҳуқуқи соҳибмулк шуданро ба даст орад?

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.04.2014    №: 62    Мутолиа карданд: 655

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед