logo

номаҳо

ИФТИТОҲИ БОЗОР ДАР РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»  22 феврали соли 2014, № 38 маводи танқидӣ ба табъ расида буд. Дар он муаллиф Муфарраҳ Шодиев  оид ба носозгориҳои маркази савдою ба кашолкорӣ роҳ додан дар сохтмони бозор ва бе ҷои кор мондани фурӯшандаҳои он,  ибрози назар намудааст.

Матолиби зикрёфта дар маҷлиси васеи Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ванҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бозори маркази ноҳия мувофиқи лоиҳаи корхонаи «Бадахшонлоиҳа»-и ВМКБ тарҳрезӣ шуда, ба таври замонавӣ сохта мешавад.
Дар мақолаи танқидии муаллиф омадааст, ки гӯё масъулини Ҷамъияти матлуботи ноҳия барои сохтмони бозор 1 миллион сомонии соҳибкоронро ихтисос додаанд, ки ин ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад. Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ,  аз ҷумла тахта, санг, рег, хок, шағал ва ҳоказо аз ҳисоби Ҷамъияти матлубот аст.
Бо ёрӣ ва дастгирии Сироҷиддин Валиев, раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, тамоми масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, арматура, тунука ва дигар лавозимоти сохтмонӣ оварда шуда, сохтмони бозор давом дорад.
Лоиҳаи сохтмони иншоот замонавӣ буда, дар он 73 дӯкони савдо, 2 дӯкони гӯштфурӯшӣ, сартарошхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир мешаванд. Инчунин бунёди гӯшаи деҳқон аз ҳисоби маблағҳои худӣ низ дар назар дошта шудааст.
Бозор дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Маҳбуба ҶАВАРОВА,
раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ванҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2014    №: 64    Мутолиа карданд: 560

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед