logo

ҳуқуқ

САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Карим КАРИМОВ,
судя - котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Имсол аз қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бист сол сипарӣ мегардад. Ин давра барои халқи тоҷик як марҳалаи тақдирсоз, дарк ва шинохти худ ҳамчун миллат, гузаштан аз санҷишҳои бениҳоят сангин, бунёди давлат, гузоштани заминаҳои давлатдории навин, боло рафтани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, нигаҳдорию побарҷоии давлат, миллат, таърих ва фарҳанги ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.

Бист сол барои давлат ва миллати тоҷик, бо сарварии роҳбари оқилу хирадманди он Эмомалӣ Раҳмон, дар шинохти тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд, бофарҳанг, ба ҳама динҳои ҷаҳонӣ ва намояндагони онҳо таҳаммулпазир, сулҳофар, дорои мутафаккирон ва ситораҳои барҷастаи фарҳангу илм ва адабиёти сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳазорсолаҳо баробар мебошад.
Ба вазъияти сиёсиву ҳарбӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мураккаб ва печидаи мамлакат, мубориза ва фитнаҳои идеологии зидди давлат ва халқи тоҷик нигоҳ накарда, 6 ноябри соли 1994 мардуми шарафманди мо Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуд. Қабули ин санади олӣ ба давраи шикасти низоми авторитарӣ - тоталитарии идоракунии шӯравӣ, саъю талоши роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ, хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандии идомадошта, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад.
Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии илмию амалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» (3 - 4 ноябри соли 2010) зикр намуд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда,… орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».
Қабули Конститутсия аввалан Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ҳукми қонунӣ бахшид. Санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра дар Конститутсия инъикоси худро ёфтанд.
Дуюм, тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шинос шуд. Ба ибораи дигар, Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Узви Созмони Милали Муттаҳид ва муҳимтарин созмонҳои байналмилалӣ будани Тоҷикистон, аз ҷониби 147 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф шудани он ва бо 128 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудан шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Сеюм, қабули Конститутсия барои ҳокимияти сиёсӣ, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари қудрат омада буд, аҳамияти таърихӣ дошта, ба он нерую илҳоми тоза бахшид. Онро ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи худ, аз ҷумла хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ватан баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон раҳнамун сохт. Мардуми Тоҷикистон барои қабули Конститутсия раъй дода, амалан пуштибонии худро аз иқдомҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.
Чорум, Конститутсия ба ҳама андешаҳои пучу бофташуда, ки давлатдорӣ ва қобилияти ташкилии тоҷиконро оид ба бунёди давлати миллӣ зери суол мегузоштанд, хотима гузошт. Қабули Конститутсия новобаста аз вазъи душвори таърихӣ, ягонагии халқи Тоҷикистонро бармало нишон дода, ҳама ҳарзагӯиҳои душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷикро ботил баровард.
Панҷум, Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ арзёбӣ намуд, ки ин барномаи ҷорӣ ва стратегии давлат аст. Бо ин Ҳукумати Тоҷикистон барои дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба амал баровардани фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ, ки мо худ шоҳиди натиҷа ва дастовардаҳои он мебошем, шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ муҳаё сохт.
Аз соли 2006 то 2013 чоруним баробар зиёд гардидани андозаи нафақа ва аз 212 миллион сомонӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ, яъне ҳафтуним баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми маблағгузории он; аз 81 дарсади соли 1999 то 38 дарсад, яъне қариб 45 фоиз дар соли 2013 коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, ки он асосан натиҷаи рушди иқтисодӣ ва таъмин гардидани суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ мебошад; дар сатҳи 7-9 дарсад пешбинӣ шудани афзоиши солонаи иқтисодӣ ва то соли 2020 беш аз 80 фоиз афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва вобаста ба ин аз 12 то 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расондани маблағгузори соҳаи иҷтимоӣ аз ин шаҳодат медиҳад.
Аз рӯи баҳои Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС), Ҷумҳурии Тоҷикистон «аз давлати камдаромад ба қатори давлатҳои бо даромади миёна арзёбишаванда» ворид шудааст, ки ин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе сиёсати баркашидашудаи ҳуқуқӣ, ки он аз Конститутсия ибтидо мегирад, тасаввур кардан мумкин нест.
Шашум, Тағйиру иловаҳои 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида инъикоси равандҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеа, инчунин демократикунонии минбаъдаи ҷанбаҳои зикршудаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Онҳо пеш аз ҳама ба мустаҳкам намудани нақши инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар давлат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ равона шудаанд. Тағйиру иловаҳо инъикоси раванди сулҳу ваҳдат дар мамлакат буда, нишон доданд, ки Конститутсия ҳамчун санади олии эътибори ҳуқуқидошта низ метавонад ҳамрадифи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа бошад, бо он якҷоя қадам занад.
Ҳар қадар ки мо аз санаи қабули Конститутсияи кишварамон дур меравем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меорад. Мо ҳамон қадар ба ақлу хиради азалии халқи азизамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, онро қабул карда, ба бақои миллат ва давлат асос гузоштанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар баробари ин, зиракии сиёсиро нисбат ба манфиатҷӯиву сиёҳдилии иддае аз «ҳомиёни давлату миллат ва Конститутсия», ки дар ҳар лаҳзаи ногувор сару садо бардошта, дастовардҳои назарраси дар муддати кӯтоҳтарин бадастомада, нақши Конститутсия дар таъмини суботи сиёсии иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти созандагию бунёдкоронаи давлату миллатро нодида мегиранд, аз даст намедиҳем.
Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳарвақта дида бештар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллии худ - ватану ватандорӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф кунем.
Расидан ба ҳадафҳои зикршуда аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бонизоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазирӣ нисбат ба қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳоро тақозо дорад.
Итминони комил дорем, ки сокинони мамлакат қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро дар фазои худшиносиву худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ ва якпорчагии давлати ҳақиқатан иҷтимоию шаҳрвандӣ пешвоз мегиранд. Меъёрҳои онро бо мазмуни нав ва воқеияти таърихӣ дарк менамоянд, таҳким мебахшанд ва дар роҳи рушди давлати мутамаддини худ чароғи ҳидоят менамоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2014    №: 64    Мутолиа карданд: 681

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед