Хабарҳо
Душанбе. Кӯчае номи Ҳикмат Ризоро гирифт
Гӯрғулисароии машҳур, шоири мардумӣ ва маҳфилорои мумтоз Ҳикмат Ризо, агар барҳаёт мебуд, 120-сола мешуд. Салиқаи сароидани эпоси халқии «Гӯрғулӣ» аз тарафи ин ҳофиз ба дараҷае дилнишину хотирмон буд, ки фолклоршиносони Ғарб ба ӯ «Ҳомери асри XX» ном гузошта буданд. Чи муҳаққиқони ватанӣ ва чи хориҷии эпоси мазкур ҳадс мезананд, ки Ҳикмат Ризо 35 достони эпоси «Гӯрғулӣ»-ро месароид, ки ин баробар ба беш аз 120 ҳазор мисраъ мебошад.
Аз таъсири гӯрғулисароӣ худи Ҳикмат Ризо, ки саводи хатнависӣ надошт, ҳамчун шоири халқӣ эътироф шуд. (Хотираи устувор, ки дошт, аз нафаре хоҳиш мекард, то дар коғазе навишта диҳад). Ашъори гуногунмавзӯи ӯ оммафаҳму хотирмон аст ва дар вазни «Гӯрғулӣ» эҷод шудааст. Бадоҳатан шеър эҷод кардан аз хислаҳои ҳамидаи ин пири хирад маҳсуб меёфт. Ҳолдонҳо, аз ҷумла адибон Равшани Ёрмуҳаммад ва Ҳикмат Раҳмат, борҳо шоҳид будаанд, ки Ҳикмат Ризо ҳангоми сароидани эпос ба гӯшаи чашм шунавандагонашро назора карда, ҳамон лаҳза барои ислоҳи рафтори онҳо чанд мисраи ҳадафрасро дар миёни достон бадоҳатан зам мекард, ки ин боиси хушҳолию хурсандии ҳозирин мешуд.
Ана ҳамин тавр тавсиф карданд гӯрғулисарои беҳамторо иштирокчиёни ҳамоиши тантанавӣ бахшида бо номгузорӣ шудани собиқ кӯчаи Железняки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба номи Ҳикмат Ризо. Дар ҳамоиши мазкур фарзандону хешон, бошандагони кӯча, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, адибону сарояндагон, рӯзноманигорону кормандони соҳаи фарҳанг иштирок намуда, хотираҳои ҷолиби худро дар бораи фаъолияти Ҳикмат Ризо нақл карда, рӯҳашро шод гардонданд. Дар фарҷом ба чанд нафар соҳибмулкони кӯча рақамҳои нави ҳавлиҳо бо номи Ҳикмат Ризо ботантана супурда шуд.
Э. НАЗАРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 747