logo

сафарҳо

Сардори давлат ба Латвия, Белгия, Литва ва Эстония сафар кард

8 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Ҷумҳурии Латвия, Шоҳигарии Белгия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония сафар кард.
Зимни он Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия сафари расмӣ анҷом медиҳад, боздиди Сардори давлат аз  Латвия сафари давлатӣ буда, Вилнюсро ӯ бо сафари расмӣ зиёрат мекунад ва дар хотимаи ин силсиласафараш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Эстония хоҳад рафт.
Ҳангоми  иҷрои ин барнома Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз роҳбарон ва масъулони  Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои  байналмилалӣ аз қабили НАТО, Хартияи энергетикӣ, Бонки сармоягузории Аврупо ва ғайра мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев, муовини аввали вазири энергетика ва саноат Пӯлод Муҳиддинов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 656

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед