logo

ҳуқуқ

СУДИ ИҚТИСОДӢ ХИСОРОТРО БАРҚАРОР КАРД

Мутобиқи моддаи 51-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон ҳуқуқ доранд барои ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба суди иқтисодӣ бо аризаи даъвоӣ муроҷиат намоянд.
Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳолати риояи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфакунии энергия» ва дигар санадҳоро, ки истифодаи мақсаднок, сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи қувваи барқро ба танзим медароранд, дар ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» мавриди санҷиш қарор дод. Зимни санҷиш муайян гардид, ки аз ҷониби якчанд субъекти хоҷагидор ҳаққи хизмати барқи истифодашуда мувофиқи муҳлатҳои муайянкардаи шартномаҳои тарафайн пардохт нашудааст.
Тибқи талаботи моддаи 51-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 26 - и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон» прокуратураи шаҳри Душанбе барои ҳимояи манфиатҳои корхонаи давлатӣ нисбат ба ҷавобгарон - Корхонаи истеҳсоли дорувории шаҳри Душанбе, ҶДММ «Фулузот – С» - и пойтахт ва соҳибкори инфиродӣ Ш. Шарипов бо аризаҳои даъвоӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд.
Дар рафти баррасии аризаҳо муайян гардид, ки дар ҳақиқат аз тарафи субъектҳои хоҷагидор талаботи  шартномаҳои  тарафайн ва  талаботи  моддаҳои  569,   575 – и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 1, 2, 9 – и Қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 84, аз 6 марти соли 2013, риоя нашудааст. Бо ҳалномаҳои судӣ аз ҶДММ «Фулузот – С» 383207,77 сомонӣ, Корхонаи истеҳсоли доруворӣ 22972,43 сомонӣ ва соҳибкори инфиродӣ Ш. Шарипов 9133,27 сомонӣ ба фоидаи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» маблағи истифодаи қувваи барқ рӯёнда шуд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарон бар илова 8308 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ситонда шуд.
Ин натиҷаи ҳамкории бевоситаи прокуратураи шаҳри Душанбе ва Суди иқтисодӣ мебошад, ки зарарҳои ба давлат расондашуда барқарор гардиданд.

Раҳимҷон ШАРИФОВ, раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2014    №: 65    Мутолиа карданд: 514

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед