logo

ҳуқуқ

КӮТОҲАНДЕШ

ё қасд ба ҷони шавҳар Рухсораро 15 сол пушти панҷара бурд


Рухсора хост баҳои ҷони шавҳарашро аз ҷайби худи ӯ пардозад. Пеши чашмонашро пардаи сиёҳе тира намуд, ки хонаи обод, фарзандони дӯстрӯ ва шавҳари дастбакорашро дар як они воҳид қурбони ҳавою ҳавасҳои ғайриахлоқӣ кард. Қасд дошт, ки бар ивази 10 ҳазор доллар бо дасти нохалафе риштаи умри шавҳарро барканад. Ин васвасаи шайтонӣ аз куҷо оғоз шуд ва бо чӣ анҷом пазируфт? 

Рухсора Назарова, сокини шаҳри Душанбе, соҳиби чаҳор фарзанд аст. Дар оила ҳеҷ камбудие  надошт. Бо шавҳару фарзандонаш зиндагии хубу осуда ба сар мебурд. Вале рӯзгори босаодати Рухсора замоне барояш камранг шуд, ки бо Хуршед Қудратов ном ҷавони аз худаш чаҳор сол хурд муносибат барқарор кард. Дар зарфи як соли ахир дар пайи шиносоӣ ва муносиботи маҳрамона Рухсора дигар арзишҳои зиндагиашро яке паси дигар аз даст дод.
Кор ба ҷое расид, ки андешаи ботили ҳамзистӣ дар миён афтод. Рухсора ва Хуршед барои амалӣ намудани мақсади худ дар пайи чорасозӣ афтоданд. Ниҳоят ба хулосае расиданд, ки шавҳари Рухсораро ҷисман аз байн баранду ба муроди хеш бирасанд. Кори басо душвору даҳшатзо. Ба қатл расондани нафаре, ки барои Рухсораи ноогоҳу бадкирдор нишоти зиндагӣ бахшидааст.
Тасмими куштори шавҳарро худи Рухсора гирифт ва қарор карданд, ки Хуршед Қудратов бояд ӯро ба қатл расонад. Вале Хуршед барои иҷрои ин амал подош талаб кард. Барои содир намудани ҷиноят аз Рухсора 10 ҳазор доллари амрикоӣ хост. Ба назар чунин мерасид, ки барои Рухсора аз ин кори муҳимтаре нест ва ба ҳар қимате набошад, бояд шавҳарашро нобуд карда ба мақсад бирасад. Меҳру муҳаббат ба падари фарзандонаш ба хоки сияҳ баробар буд, ҷои номусу иффати занонаро андешаи аҳриманӣ ғасб кард. Бесаводию наандешидан аз паёмади ин кирдори ваҳшиёна, ӯро аз фазои зиндагии комил, ширину беғаш ба сӯи талхиҳо мебурд. Мехост ҳарчи зудтар нияти шумашро амалӣ созад.
Аз ин рӯ, Рухсора Назарова 7800 доллар ва корди ошхонагиро ба маъшуқаш дода, ӯро бовар кунонд, ки пас аз нобуд кардани шавҳараш боқӣ маблағи қарордодиро пардохт хоҳад кард. Ҳангоми пулу кордро ба Хуршед додан вуҷудашро ҳеҷ ҳаросе фаро нагирифт, тарзе менамуд, ки вай на ҷиноят, балки кори нодире анҷом медиҳад. Лаҳзаи вориди амал шудан фаро расид. Хуршед Қудратов бо истифода аз беиродагии маҳбубаи номаҳрамаш пулу кордро аз Рухсора гирифта, вайро итминони хотир дод, ки шавҳарашро дар ҳолати хоб буданаш қатл мекунад. Аммо, баробари гирифтан 7800 доллар Хуршед фирор кард ва нақшаи куштор муаллақ монд. Рухсораи фирефта ӯро мазаммат ва дар дил эҳососи пушаймонӣ кард. Вале аллакай дер шуда буд. Нақшаи шум амалӣ нагашт, пул аз даст рафт ва пешомади талху тира аз даричаи рӯзгораш ворид шуд…
Акнун ӯ бояд ҳилаи дигар пайдо кунад. Зеро агар шавҳараш аз бедарак шудани пулҳояш хабар ёбад, аввалин пурсиш аз ӯ хоҳад буд. Вай дар пайи дасисаи нав афтод. Замоне набудани пул ошкор шуд, ба шавҳараш тавзеҳ дод, ки гӯё дар набудани ӯ марде бо силоҳ вориди хона гардида, ба куштани кӯдакон таҳдид кард ва мунтаҳо пулро гирифту ғайб зад.
Аммо ин ҳила дер напоид. Баробари ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кардани ҷабрдида, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт парда аз рӯи қазия бардошт. Хуршед дастгир ва ҳолати кор пурра муайян гардид. Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ахиран бо ҳукми суди шаҳри Душанбе  Хуршед Қудратов бо моддаҳои 247 қисми 4, банди б (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 347 қисми 2 (хабар надодан оид ба ҷинояти махсусан вазнин) ва Рухсора Назарова бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2 (сӯиқасд ба одамкушӣ) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, аввалӣ ба миқдори 1610 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё баробар 64400 сомонӣ ба манфиати давлат ҷарима шуда, тарҳсози аслии куштори эҳтимолӣ - Рухсора бо мусодираи молу мулкаш 15 сол равонаи зиндон гардид.
Гулҷаҳон АМОНУЛЛОЗОДА, ёвари калони прокурори ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2014    №: 66    Мутолиа карданд: 541

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед