logo

ҳуқуқ

КӮЛОБ. ҶИНОЯТ МЕАФЗОЯД, ЧАРО?

Соли 2013 дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 1325 ҷиноят: 184 ҷинояти вазнин, 138 қаллобӣ, 415 дуздӣ, 65 авбошӣ,  4 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра ба қайд гирифта шуда буд, ки нисбат ба соли пеш  263 адад зиёд аст. Чӣ боиси афзоиши ҷиноят гардид?
Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори қисми минтақавии Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон тавзеҳ дода буд, ки тибқи дастури Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ соли 2013 ягон ҷиноят пинҳон намонд. Асоси боло рафтани нишондод маҳз дар ин амал аст.
Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 274 ҷиноят рӯй дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 19 адад зиёд мебошад. Коршиносон яке аз сабабҳои болоравии ҷиноятро дар Кӯлоб дар кам гузарондани ҷамъомад ва вохӯриҳо аз ҷониби нозирони минтақавии мақомоти милитсия ва дигар мутасаддиён дар маҳаллаҳою кӯчаҳо миёни сокинон маънидод мекунанд. Саҳлангорӣ дар фаъолияти нозирони минтақавӣ эҳсос мешавад.
Ду сол муқаддам, 30 июни соли 2012, Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба тасвиб расида буд. Фармон нозиронро водор месозад, ки ҳамкории зичро бо мардум мустаҳкам созанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат, соли 2012 зимни суханронии хеш дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик изҳор намуда буд, ки  нақши нозирони минтақавӣ дар таъмини тартиботи  ҳуқуқӣ баланд бардошта шуда, вобаста ба он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои фаъолияти муназзами онҳо тамоми шароитро муҳайё намоянд. Мутаассифона, раванди иҷрои супоришҳо дар ин самти муҳими фаъолияти мақомоти милитсияи шаҳру ноҳияҳо қонеъкунанда набуда, татбиқи пурраи фармон низ назаррас нест. Дар баъзе маҳаллаҳо нафароне ҳастанд, ки ҳатто нозирро надидаанд ва намешиносанд. Дар чунин ҳолат чӣ гуна метавон умед ба ҳамкории сокинон баст?
Саидаҳмад Азизов, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқу озодии инсон дар шаҳри Кӯлоб, оид ба ҳалли ин мушкилии ҷиддӣ тазаккур дод, ки бояд маърифати ҳуқуқии сокинон баланд бардошта шавад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ бояд қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро дар сатҳи олӣ донанд. Фаъолияти хешро дар доираи қавонин ба роҳ монанд. Ҷиноятро пеш аз ба вуқӯъ саркӯб намоянд. Муҳим муомилаю муошират, рафтору кирдори дағалона ба сокинон раво диданро ҷурми азим шуморанд. Аммо мушоҳидаҳо собитгаранд, ки дар фаъолияти бархе ҳомиёни қонун нуқс ҷой дорад. Гоҳо аз шахси бегуноҳ ҷинояткор тарошиданӣ мешаванд. Чунин амал боиси коста шудани боварии мардум ба мақомот ва афзун гаштани ҷиноят мегардад.  
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кори басо мураккаб буда, ҳамкории дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Ба ин амали ба ҷомеа хавфнок дар ҳамбастагӣ бояд зарба зад. Зеро аз як даст садо намебарояд.
  
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2014    №: 67    Мутолиа карданд: 607

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед