logo

ҳуқуқ

МАСУНИЯТИ ДЕПУТАТӢ ДАР ҲИФЗИ ДАРОМАД

Қазияи бозори «Саховат» - и шаҳри Турсунзода имрӯзҳо сари забонҳост. Бандагони овозаву дарвоза бо ҳама қувва ҷаҳд доранд, ки мардумро аз воқеияти аслӣ, ҷанбаи қонунии масъала канор кашида, давродаври омилҳои бо ҷинояти коррупсионӣ алоқаманд, деворе тавассути додани тобиши «супоришию сиёсӣ» ба парванда бунёд кунанд. Дар ин росто, шахсан Муҳиддин Кабирӣ пешгом будаву  тавре аз мусоҳибаи моҷароангезонаи ӯ бо сомонаи ASIA-Plus (аз 05. 04. 14) бар меояд, ҷомеаро ҷониби таҳрифи воқеият бурданист. 

Аслан ҷанбаи қонунии масъала  ошкор шудани  амалҳои коррупсионӣ дар фаъолияти бозори «Саховат» мебошад, ки ба шаҳрванд Мастура  Раҳматуллоева тааллуқ дорад. Ҳамин  ки  дар фаъолияти бозор камбудиҳои олудаи ҷиноят рӯйи об баромаданд, дар байн Муҳиддин Кабирӣ пайдо шуду эълом дошт, ки парванда сиёсист, зеро М. Раҳматуллоева ҳамсари ӯсту бозор моли худаш. Яъне, соҳибмулк як тараф монда, вакили порлумон, сиёсатмадор, роҳбари як ҳизби сиёсӣ бо суиистифода аз мавқеи хеш, ба ҳимояи ӯ бармехезад. Зеро аз имтиёзоте чун масунияти депутатӣ бархурдор аст. Аҷаб мешуд, агар беш аз 100 вакили порлумони Тоҷикистон, дахлнопазирии худро пеш мегузоштанду барои ҳимояи манфиатҳои наздикону пайвандон ва ёру дӯстони худ бармехостанд!? Он гоҳ вой бар ҳоли қонуну қонунгузорӣ!!!
Комиссия оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар Маҷлиси намояндагон  кадом уҳдадориҳои дигарро дошта бошад, дар ҳоле ки сари ин масъала хомӯшӣ ихтиёр кардааст?

МАҚОМОТ ҲАҚҚИ САНҶИШИ ШИРКАТҲОИ КАБИРИРО НАДОРАНД?
Бозори «Саховат» ягона моликияти Муҳиддин Кабирӣ нест. Ӯ  ғайриихтиёр қоил шудааст, ки: «ба номи хешу табори наздики ман панҷ - шаш ширкат номнавис шудаанд, ки дар соҳаҳое чун тиҷорат ва сохтмон фаъолият доранд».  Аз ин бармеояд, ки «моли Қорун» пеши сарвати Кабирӣ ҳеҷ будааст. Пас бечоранолиҳо чарост? Магар дирӯз набуд, ки дар мусоҳиба бо «Озодагон» шикоят карда буд, ки бо аҳли оилааш дар хонаи сеҳуҷрадор истиқомат дорад. Гардам аз хоксориатон ҷаноби Кабирӣ! Панҷ - шаш ширкат, бозорҳо дар Турсунзодаю Ваҳдату Файзобод агар нафси шуморо қонеъ накардаанд, лаҷоми ҳукумат бар дастатон расад, чӣ кор мекарда бошед?
Намунаи олии тазоди зиндагӣ. ҲНИТ дар симои Кабирӣ ҳамеша аз риояи қонун даъво пеш меоварад, вале имрӯз, ки моликияти ба  номи дигарон номнависшудаи худаш дар мухолифат бо қонун фош гардиданд, аз қонун рӯ гардонданист. Кабирӣ шиква дорад, ки мақомот ин ширкатҳояш ва ҳатто хоҷагии деҳқонии бародарашро дар Файзобод санҷида, ба ӯ 117 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Ӯ дар ин бора бо овози баланд мегӯяд. Вале шарҳ намедиҳад, ки ин ҷарима ба хотири чӣ баста шудааст?
Ахиран шабу рӯз шабакаи «Евронюс» дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятии иқтисодӣ кашида шудани духтари Хуан Карлос, шоҳи Испания, хабар пахш мекунад. Сарвазири собиқи Италия Силвио Берлускони шаш моҳ ҳукми зиндон гирифта буд. Канслери собиқи Олмон Ҳелмут Кол муддати се рӯз таҳти бозпурсии мақомоти тафтишотӣ қарор дошт. Дар ҷумҳурии мо бошад, даври қазияи ҳамсари як роҳбари ҳизб чи қадар валвала бардоштаанд.
Муҳиддин Кабирӣ як мактуби Кумитаи давлатии амнияти миллиро дастак карда, мехоҳад проблемаҳои ҷиноятолудаи  ширкату корхонаҳояшро бо фаъолияти сиёсиаш омехта созад. КДАМ вазифаи худро иҷро мекунад. Ҳар куҷое, ки таҳдид ва хавфу хатар ба амнияти давлат, ҷамъият ва шахсият эҳсос мегардад, мақомоти амният баҳри пешгирию хунсо намуданаш уҳдадоранд.

КАБИРӢ АЗ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ МЕГӮЯДУ…
Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша аз адолати иҷтимоию дастгирии  бечорагон шиорпартоӣ мекунад, вале тавре мебинем он чи дар гуфтори ӯст, бо амалаш дар ҷанг аст. Худаш қоил аст, бозори «Саховат» дар ҷое бунёд шудааст, ки қаблан маҷмааи варзишӣ буд. Яъне, бо сохтани бозор, тоҷире дар симои ӯ садҳо наврасу ҷавонро аз рушду такомули варзишӣ боздоштааст. Вале, ҳамзамон баҳри он  ки худро сарпарасти варзиш нишон диҳад, сарварии Федератсиюни тӯби дастии ҷумҳуриро бар дӯш гирифтааст.
Акнун аз ҳифзи иҷтимоии 700 соҳибкори бозор сухан мекунад. Аниқтараш нохун ба эҳсосоти онҳо заданисту ҳисси эътирозро дар шуурашон бедор карданӣ. Аз худ Данко тарошиданист, ки синаи худро даррондаю бо равшании қалбаш қавмеро ба соҳили мақсуд расонда буд. Ҳамеша аз ёрдамҳояш ба мардум хотиррасон мекунад. Аммо нафари мушаххасеро мисол оварда наметавонад. Касе низ то ҳол нагуфтааст, ки аз ёрии беғаразонаи Кабирӣ боре баҳраманд шудааст. Ҳар коре низ агар дар ин росто амалӣ шуда, сирф ба хотири пиёда кардани ниятҳои наҳзатии ӯву ҳамҳизбонаш сурат гирифтааст. Дар хусуси 700 нафар соҳибкор бошад, Кабирӣ метавонад хавотир нашавад. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳатман кӯшиш хоҳанд кард, ки онҳо аз имконияти пайдо намудани василаи таъмини рӯзгори хеш маҳрум нашаванд.

КАБИРӢ ВА ҚОНУН 
Кабирӣ бо назардошти баҳси бозораш таъкид мекунад: «Тибқи Конститутсия, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст. Ва ҳар қароре, ки вазъи иҷтимоии шаҳрвандро аз пешина бадтар мекунад, наметавонад ҳукми қонунӣ дошта бошад». Офаринат! Зиҳӣ, ки баъзан Конститутсия ба ёдат мерасад! Вале, мутаассифона, танҳо замоне, ки қонун дар муқобили амалкардаҳоят мушти адолаташро болои сарат алвонҷ медиҳад. Иҷтимоӣ эълон шудани давлат маънии онро надорад, ки ҳар шахс бар хилофи қонун вазъи иҷтимоиашро беҳбуд  бахшад.
Ҳамон Конститусияи Тоҷикистон, ки Кабирӣ ёдрас мешавад,  дар моддаи 10 - уми худ ҳушдор медиҳад, ки: «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд». Дар ин асос, қонун (Кодекси ҷиноятии ҶТ), қотеъона муайян кардааст, ки: «Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад (моддаи 17)». Дар кирдори соҳибмулкони бозори «Саховат» - и шаҳри Турсунзода чандин амалҳои коррупсионӣ ҷой доранд, ки боиси боз шудани парванда нисбат ба онҳо гардидааст. Ва  дар моддаи 17 - уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд». Новобаста аз он   ки ӯ коргари одист, вакили парлумон ё ҳамсару хоҳарзодаи раиси ҳизби сиёсӣ.
Ҷаноби Кабирӣ ва ҳамҳизбҳои наҳзатиаш ҳаргиз талаботи  зикршудаи Конститутсия ва қонунҳои дар доираи он амалкунандаро пазируфтан намехоҳанд. Аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор террористе дастгир шудаву барои пинҳон доштани ҷиноятҳояш худро аз ошёнаи сеюм партофтааст, нақора мезананду шайпур ҷониби ғарбу шарқ, ки иқдоми «сиёсист». Зинокоре духтарандари ноболиғашро таҷовуз кардаасту ҳомиладор, нарасед, ки қазия «сиёсист». Одамкушеро ҳабс кардаанду барои риоя накардани реҷаи ҳабсхона ҷазо гирифтааст, кордор нашавед, ки масъала «сиёсист»-у «шиканҷа». Магар ҳамин «сиёсиҳо»-и наҳзатӣ набуданд, ки шомили гурӯҳҳои террористӣ шуданду дар Рашту Хоруғу Исфара алайҳи Ҳукумати конститутсионӣ силоҳ бардоштанд? Магар ҳамин «сиёсӣ»-ҳои наҳзат нестанд, ки изи пояшон, Афғонистону Покистонро канор гузорем,  аллакай дар Сурия пайдо шуд?

КАБИРӢ КОҲИ КУҲНАРО БОД ДОДАНИСТ
Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад парвандаи бозорро бо даргириҳои 22 – сол  пеш  махлут намудаю бо кадом роҳе набошад моликияти бо фасод олудаашро ҳимоя созад. Ба ёди ҳама оварданист, ки «чи шуд он замонатҳои додашуда, ки тоҷикон ҳамдигарро бахшиданд».
Чизе нашудааст. Он ҷиноятҳои мудҳишу он ваҳшигариҳои зиёде, ки ҷурми асосиашон бар дӯши наҳзатиҳо буд, бахшида шуданд. Ба хотири бозгардонии сулҳу оромӣ ба хоки Тоҷикистон. Ҳамон бахшиданҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистон гулгулшукуфон асту офтоби сулҳу саодат болояш партавфишон. Ҳамон бахшиданҳо буд, ки Ҳизби наҳзат, бо вуҷуди ҳамаи ҷиноёти дар назди Ватану миллат содиркардааш, ягона ҳизбе дар минтақа мебошад, ки расман сабт   шудаву озодона фаъолият дорад. Ҳамон бахшиданҳо буд, ки раиси имрӯзаи ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, корти вакили порлумон дар ҷайбаш, озодона сафар ба Ғарбу Шарқ дораду ҳама ҷо туҳмат бар пойи давлат мебандад, ки ӯву пайравонашро «фишор меоваранду таъқиб мекунанд».  Барои қазовати хонандаи гиромӣ: Муҳиддин Кабирии зери «фишору таъқиб» танҳо дар соли 2013 - ум 83 маротиба ба хориҷи кишвар сафар намудааст ва 245 рӯз берун аз хоки Тоҷикистон ба сар бурдааст. Мақсади ин ҳама сафарҳо чист? Бо маблағгузории кӣ сурат гирифтаанд? 

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН БОЯД ТАЪМИН ГАРДАД
Вале бахшиданҳо барои амалҳои собиқ буд. Барои ҷиноятҳои имрӯза ҳар кас бояд ҷавоб гӯяд. Имрӯз Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст ва волоияти қонун болотар аз ҳама мансубиятҳои давлатию ҷамъиятию сиёсӣ мебошад. Банда ҳамчун як шаҳрванди одӣ қотеона талаб мекунам, ки новобаста аз  бозиҳои сиёсие, ки даври ин парванда сурат хоҳанд гирифт, такя бар қонун карда шавад. Зеро парвандаи мазкур ҷониби дигари шахсияти Муҳиддин Кабириро бароям боз намуд. Номбурда то имрӯз хешро чун ҳомии қишри бечораю камбизоати ҷомеа муаррифӣ мекард. Акнун яқин гашт, ки вуҷуди ӯ дар саҳнаи сиёсӣ ва порлумони кишвар танҳо ба хотири ҷамъоварии сарват будаасту ҳифзи миллионҳои ба номи ҳизби наҳзат талабидаю бо роҳи шубҳаангез дар гардиши иқтисодӣ гузоштааш.
Дориюши СУБҲОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2014    №: 67    Мутолиа карданд: 802

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед