logo

маориф

САЁҲАТ БА МАКТАББАЧАГОН ЧӢ МЕДИҲАД?

Саёҳат ба табиат омили муҳими инкишофи шахсият, аз ҷумла тафаккури экологии мактаббачагони хурдсол мебошад. Қабл аз ҳама муаллим бояд бидонад, ки мақсади асосии таълим дар зеҳни хонандагон ҳосил намудани ақидаҳои саҳеҳ дар бораи табиат, аҳолӣ ва хонавода аст. Ба он муваффақ гардад, ки насли наврас ба арзишҳову сарватҳои миллӣ арҷ гузорад.
Хонандагон ба олами табиат ва муҳити зисти хеш шавқи беандоза дошта, мекӯшанд, ки дастовардҳои табиату одамон, олами набототу ҳайвонотро омӯзанд ва муҳофизат кунанд. Мушоҳидаи табиат барои мактаббачагони хурдсол имконият медиҳад, ки ҳисси ғамхорӣ ва эҳтиромро нисбат ба табиати атрофи худ ташаккул диҳанд. Барои ба ин мақсад  ноил шудан, пеш аз ҳама, донистани синни хонандагон, истифодаи усулҳои самарабахши таълиму тарбия, навоварӣ ва эҷодкорӣ дар фаъолияти педагогии муаллим зарур аст.
Саёҳат барои мустаҳкам намудани донишҳои экологӣ зарур аст. Хонандагони хурдсол ҳангоми саёҳат ба табиат бо фаъолияти меҳнатии сокинони маҳали худ шинос мешаванд.
Давраҳои асосии гузаронидани экскурсияҳои таълимӣ чунинанд: муайян намудани мавзӯъ, мақсад ва ҷои гузаронидани экскурсия, шиносоӣ бо мавзеъҳои асосии мушоҳидашаванда, ташкили суҳбат бо мутахассисон, ба ҳисоб гирифтани сарватҳои табиии мавзеъ, ки ба хонандагон нақл карда мешавад.
Дар раванди омодасозии хонандагон ба саёҳат ба муаллим лозим аст, ки ба хонандагон дар бораи мақсад ва вазифаҳои экскурсияҳои навбатӣ ва ҷои он маълумоти муфассал диҳад. Пеш аз экскурсия барои рушди тафаккури  экологии хонандаҳо супориш додан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳангоми экскурсия бояд ҳар як хонанда аз рӯи супоришҳои ба зимма гирифтааш амал намояд. Аз иҷрои супоришҳо  ҳисоботи хаттӣ диҳад. Муаллим аз рӯи маълумотҳои дар рафти экскурсия ба даст оварда суҳбат ташкил мекунад.
Ҳамин тариқ, ташкили самарабахши ин шакли таълим барои мактаббачагони хурдсол ба беҳтар гардидани вазъи таълиму тарбия, омӯхтани сарватҳои муҳити зист ва мукаммал шудани донишҳои экологию ташаккули завқи эстетикӣ воситаҳои муҳимтарини таълиму тарбия ба ҳисоб мераванд.

Сурайё НАЗАРМАМАДОВА,
омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 20 –и ноҳияи Шуғнон       


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2014    №: 68    Мутолиа карданд: 892

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед