logo

ҳуқуқ

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

Солҳои 90 - уми асри 20 давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро вазъи номусоиди «бозсозӣ» - и горбачёвӣ, буҳрони шадид ва дигар омилҳо фаро гирифта, рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳамаи кишварҳои собиқ иттиҳод соҳибистиқлол гаштанд. Дар баъзе ҷумҳуриҳо, аз ҷумла Тоҷикистон вазъият бо дастгирии душманони хориҷию дохилӣ тезутунд шуда, ба риоя нагардидани талаботи Конститутсия, қонунҳои амалкунанда, дар маҷмӯъ фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ оварда расонд.

Дар ин марҳалаи тақдирсоз, зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминагузори таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, комиссияи таҳияи Конститутсия таъсис дода шуд. Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро омода кард. Як лоиҳа ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи президентӣ бахшида шуда буд. Комиссия дар натиҷаи баррасӣ лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ҷо нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Ҳангоми баррасии лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар комиссия ӯ ақидаи худро оид ба институти президентӣ иброз намуда, бо асосу далелҳои воқеӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур будани ниҳоди президентиро собит намуд.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ҳуҷҷати сарнавиштсози давлату миллати тоҷик, дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.
Пас аз ин марҳала дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ оғоз гардид ва тавассути ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, қабул гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати 18 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 ноябри соли 2012 дар бораи тағйиру иловаҳои ба ин санади олӣ воридшуда ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфт: «Бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он дар соли 1999 ва дар соли 2003 тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварданд.
Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад».
Сарвари давлат рушди соҳаи маориф, бавижа тарбияи насли наврасро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дод.
Эҳтиром нисбат ба Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад. Бинобар ин, бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанӯз соли 1997 Фармони Президенти Тоҷикистон, сипас Барномаи давлатӣ дар бораи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба тасвиб расида буданд. Дар ин миён бо мақсади такмили низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ Барномаи нави Ҳукумат доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардид, ки он, бешубҳа, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Таъмини волоияти қонун, пеш аз ҳама, аз сатҳи салоҳият ва маҳорати касбии кормандони мақомоти дав-латӣ, бахусус мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот вобастагии калон дорад. Дар робита ба ин, аз чоп баромадани тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимон ва кормандони амалияи ҳуқуқ таҳия шудааст, аҳамияти бағоят муҳим дорад. Гузашта аз ин, дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти даврӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Зеро онҳо аз роҳи муттаҳид намудани доираи васеи шаҳрвандон метавонанд бо мақомоти давлатӣ, дар навбати аввал бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ робитаи зичи ҳамкорӣ барпо намуда, дар ин замина ба онҳо ёрии амалӣ расонанд.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон барои рушди низоми маориф заминаи боэътимод гузошт, ки мисоли равшани онро дар фаъолияти босамари Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мумкин аст. Муҳимтарин дастоварди академия дар ин самт тавсеа бахшидани доираи ихтисосҳои замонавӣ, дар асоси талаботи Сарқонуни кишвар мустақилона ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии ватанию хориҷӣ маҳсуб мегардад.
Дар ростои даврони соҳиб-истиқлолӣ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмии Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Туркия робитаҳои илмӣ барқарор намуд. Дар натиҷа устодону олимони донишгоҳ имкон пайдо карданд, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дар шӯроҳои дифои марказҳои илмии кишварҳои мазкур ҳимоя намоянд. Ин амр баёнгари эътирофи дастовардҳои илмӣ ва натиҷаҳои пажӯҳишии устодони академия дар мамлакатҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамасола олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсу ҳамоишҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он бо маърӯзаҳо ширкат варзида, шарафи илми тоҷикро боло мебардоранд. Тӯли ду соли охир академия тавонист, ки иқтидори хешро дар баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ бахшида ба «Проблемаҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нақши он дар таҳкими ҳуқуқи инсон», «Ваҳдат дастоварди бузурги миллат», «Артиши миллӣ - пойдевори амният ва истиқлолияти кишвар», «Моҳият ва аҳамияти Наврӯзи Аҷам», «Истиқлолият - дастоварди муҳими миллат» нишон дода, ба маркази илмию амалии ҷумҳурӣ табдил ёбад. Ин ҳамоишҳо дар муаррифии академия ба унвони муассисаи бонуфузи таълимиву илмӣ нақши муассир гузоштанд.
Ҳоло дар академия донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, новобаста аз маҳал, миллат, забону мазҳаб дар асоси талаботи Конститутсия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин амр дар таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ дар муҳити ин муассисаи таълимӣ нақши муассир мегузорад.
Роҳбарият ва омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш доранд, ки маҷмӯи талаботи Конститутсия ва қонунгузориҳои амалкунандаи кишварро дар амал пиёда намуда, бо истифода аз муассиртарин шеваҳои таълим кадрҳои худшиносу худогоҳ ва ватандӯстро тарбия намоянд.

Файзалӣ ҚОСИМОВ,
корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2014    №: 68    Мутолиа карданд: 755

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед