logo

порлумон

СОЗИШНОМАИ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ БАТР БА ТАСВИБ РАСИД

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Амиршо Миралиев, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор шуд, Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба тасвиб расид.

Мақсади асосии созишнома ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва пешниҳоди грант барои татбиқи Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода аз тарафи БАТР ба Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» аст.
Арзиши умумии Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода 4,9 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ шуд. Аз ин миқдор 2 миллион доллар қарзи имтиёзнок, 2 миллион доллар грант, 750 ҳазор евро ё 900 ҳазор доллари ИМА барои гузарондани корҳои машваратӣ ва таҳияи барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молияи ҷумҳурӣ, ҳангоми шарҳи мавзуъ афзуд, ки ҳадафи созишномаи мазкур ҷудо намудани қарз баҳри насби технологияҳои муосири идоракунии партовҳои маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонию вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Турсунзода мебошад. Дар сурати татбиқи лоиҳаи мазкур баланд гаштани сифати хизматрасонӣ, бехатарии санитарӣ ва экологии шаҳри Турсунзода ва беҳтар намудани сатҳи саломатии сокинони ин минтақа таъмин хоҳад шуд.
Ба гуфтаи мавсуф, дар шаҳри Турсунзода 144 нуқтаи ҷамъоварии партов мавҷуд буда, тозакунӣ ва баровардани онҳо бо истифодаи техникаи кӯҳна ба роҳ монда шудааст. Ҷамъоварии партовҳо бо истифодаи 41 адад техникаи замони шӯравӣ сурат мегирад, ки аксари онҳо таъмирталабанд. Аз ин лиҳоз роҳандозии лоиҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Зикр гашт, ки ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ пурра ба уҳдаи шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода гузошта шудааст, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд. Қарзи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, давраи пардохти қарзи асосӣ се сол, меъёри он 1 фоиз буда, маҷмуан 15 солро дар бар мегирад.
Дар асоси Созишнома Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардондани қарз аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ уҳдадориҳои баргардондани маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ мешавад.
Шарофиддин Сироҷов, вакили Маҷлиси намояндагон, иброз дошт, ки тибқи созишнома қарзгиранда дар доираи маблағҳои лоиҳа аз пардохти андоз ва боҷ барои хариди мол, хизматрасониҳо, аз ҷумла  корҳои  сохтмонӣ озод мегардад. Татбиқи лоиҳаи  идоракунии партовҳои  сахти маишии шаҳри Турсунзода соли 2014 оғоз гашта, то  соли 2016  идома  хоҳад  ёфт.
Дар ҷаласа ҳамчунин силсилаи санадҳо, аз ҷумла Созишномаи қарзӣ (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Шаҳнози ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2014    №: 68    Мутолиа карданд: 777

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед