logo

фарҳанг

МУНОДИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

21 сол пеш, соли 1993 барномае бо номи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» тавассути радиои Тоҷикистон садо дод ва дар шумораи аввали он Муроҷиатномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони фирорӣ ҷой дода шуд, ки фишурдааш чунин буд: «…Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ…!». Ҳамчунин суханронии вазири вақти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва мусоҳиба бо се гуреза аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷой дода шуд. Пешгуфтори барномаи нахуст бо унвони «Руҷӯи муҳаррир» чунин оғоз гардид: «Ҳамватанони азиз! Тоҷикистон ба вартаи низои дохилӣ кашида шуд. Душманони дохилӣ ва хориҷӣ тавонистанд моро ба гурӯҳҳо ҷудо намоянд. Тоҷикистон дар арафаи тақсим қарор дошт. Инро кишварҳои ҳамҷавор, хориҷӣ, абарқудрат ва гурӯҳҳои ҷудоиталаби мамлакат мехостанд. Лекин тақдир ба мо инсонеро дод, ки ҳадафаш сарҷамъ намудани миллат аст. Роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон нияти нек дорад: сулҳ меорад, ваҳдат мекунад, Тоҷикистонро обод менамояд ва муҳимтар аз ин, шумо, ҳамватанони азизро ба Ватан бармегардонад. Магар зиндагӣ дар Ватан беҳтарин неъмат нест? Оё дар байни шумо касе ҳаст, ки ба меҳани аҷдодӣ бозгаштан намехоҳад? Магар шахсе, ки Ватани худро дӯст намедорад, модари худро дӯст дошта метавонад? Не! Тоҷик меҳандӯст аст, ватанпараст аст, ба модар, Ватан, миллат, сарзамини аҷдодӣ муҳаббат, садоқат, ишқ, рафоқат дорад. Мо ба ҳам меоем, муттаҳид мегардем, ҳамфикр мешавем ва сарзамини аҷдодии худро обод мекунем. Бовар кунед, агар ҳамбаста набошем, Тоҷикистон пора- пора мегардад, тоҷик ҳамчун миллат нест мешавад, дар ба дар мегардад, овора мегардад, хор мешавад. Медонем, ки дар дили ҳар яки шумо доғе ҳаст. Яке писар гум кардаву дигаре падар, сеюмӣ хоҳару чаҳорумӣ бародар. Ҳамватанони азиз! Биёед, ин бадбахтиҳоро фаромӯш кунем. Қисмати Ватан, миллат, давлат, Тоҷикистони азиз дар дасти мову шумост... ».
Барномаи дуюм низ бо номи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» ва барномаи сеюм» номи «Хоки Ватан»- ро гирифта бо рубоии:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Бӯйи Ватан аз лолаю райҳон хуштар,
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ, ба Канъон беҳтар
оғоз мегардид. Сипас, суруди машҳури овозхони маъруфи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов бар ғазали Камоли Хуҷандӣ «Во ғарибо…» пахш мешуд. Барномаҳои нахуст ҳафтае як маротиба рӯзи сешанбе, аз охири моҳи апрел дар як ҳафта ду маротиба: рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа, соати 615 ба муддати 45 дақиқа пахш гардида, такроран соати 1315 дақиқа садо медоданд.
Дар барнома масъалаҳое матраҳ мешуданд, ки баррасии онҳо дар ҳамон шабу рӯз зарур буд ва радио метавонист чун воситаи муқтадири итилоотӣ дар баррасии онҳо мусоидати фаъол намояд. Аввалан, баргардонидани гурезагон ба Ватан, дуюм, тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти олии мамлакат, сеюм, дигаргун намудани афкори сиёсии гурезагон ва тавассути тарғибу ташвиқ дилгарм намудани онҳо барои бозгашт ба Ватан, чаҳорум, ба роҳ мондани набарди иттилоотӣ бар зидди расонаҳои хориҷӣ, ки ҳамвора бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон маводи муғризона ва буҳтономез пахш ва Ҳукуматро ҳамчун ҳукумати «коммунистмаоб» нишон дода, онро ба «поккории қавмӣ» муттаҳам мекарданд.
Баъди пахши ҳамагӣ чанд шумораи барнома роғибони он зиёд шуда, маҳбубияташ дучанд гардид. Зеро дар ҳар шумораи барнома гурезагон ба Ватан даъват мешуданд, номаҳои онҳо қироат ва маводи дорои хусусияти ҳамбастагиву даъват ба суботи саросарӣ қироат мешуд. Дар бахши аввали ҳар барнома руҷӯи муҳаррир бо оҳанги хоҳишу муроҷиат ва суханҳои нарму ҳадафрас садо медод.
Руҷӯъҳои лирикӣ барои ба Ватан, сарзамини аҷдодӣ дилгарм намудани гурезагон мусоидат мекарданд. Дар барномаҳо кӯшиш карда мешуд, ки номаҳо бидуни таҳрир қироат гарданд, зеро ин амал барои ба вуҷуд овардани эътимоди гурезагон ба Ҳукумат нақши муҳим мебозид.
«Хоки Ватан» вазифаҳои дар наздаш гузоштаро комилан ба анҷом расонид. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо нақши барномаи «Хоки Ватан»-ро дар ҳамоиши миллӣ ва баргардонидани фирориён, таҳкими сулҳу субот ва худогоҳии миллӣ дар арафаи ҷашнҳои умумимиллӣ зикр намуда, ба нақши он дар як давраи муайяни таърихӣ баҳои баланд додааст. Аз ҷумла, зимни таҷлили 20 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нақши таърихии ин барнома зикр гардид: «Ман аҳсант мегӯям ба роҳбарони ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радио ва онҳое, ки аввалин шуда ба Душанбе омаданд. Зеро дар он шабу рӯз ҳеҷ кас намехост ба пойтахт равад. Бисёр аъзои Ҳукуматро маҷбур ба пойтахт бурдем. Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷои кор, барқарор намудани манзилҳои харобгашта яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон ва аз ҷумлаи накутарин аъмоле мебошад, ки дар таърихи муосири халқи тоҷик бо чунин натиҷаи нек анҷом ёфт. Дар ин ҷо хизмати бузурги комиссияи ҳукуматӣ оид ба баргардонидани гурезаҳо калон аст ва ман бояд рӯйирост иқрор шавам, ки барномаи «Хоки Ватан» нақши калон ва хизмати бузург кард. Ман миннатдории худро баён мекунам ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи ин барнома хизмат карданд».
Бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки таҷрибаи бадастовардаи барномаи «Хоки Ватан» дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин буда, дар миқёси байналмилалӣ низ лоиқи дастгирӣ, баррасӣ, омӯзиш ва истифода аст. Дар кишвари мо ғояи бозгардонидани фирориёни иҷборӣ натанҳо аз ҷониби мақомоти олии роҳбарии сиёсии кишвар дастгирӣ гардид, балки барои бозгашти ҳамватанони фирории мо кумакҳои ҳамаҷониба расонида шуд. Муҳимтар аз ин, мо, тоҷикон, бори нахуст бо такя ба имкониятҳои бузурги ВАО барои бозгардонидани фирориёни иҷборӣ, тарғиби ғояҳои ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ роҳе пайдо намудем ва он пуле шуд байни фирориён, давлатмардон ва мардуми диёр. Қудрати бузурги сухан буд, ки кинаву кудуратро аз дилҳо рабуд, мавқеъҳоро наздик намуд. Миллатеро ба ҳам овард. Давлатеро, ки замоне хавфи пора - пора шудани он аз эҳтимол дур набуд, ҳамбаста кард. Муҳимтар аз ин, афкори ягонаи миллиро ба вуҷуд овард.
Барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то моҳи декабри соли 1996 беш аз 800 маротиба садо дод. Ҳангоми тадқиқоти бойгонӣ маълум шуд, ки тавассути барномаи мазкур зиёда аз 60 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба хешу ақрабои худ муроҷиат намудаанд (шояд зиёдтар ҳам бошад), 50 ҳазор нафар аз Афғонистон ба пайвандон ва ҳамдиёрони худ номаву паём фиристодаанд. Аз 50 то 60 ҳазор нафар маҳз тавассути барномаи мазкур ҳамдигарро пайдо ва беш аз 600 ҳазор бо таъсири он ба Ватан баргаштаанд.
Муаллифи ин сатрҳо моҳи ноябри соли 2013 дар конфронси байналмилалии журналистони Донишгоҳи давлатии ба номи Казимири Кабири Лаҳистон оид ба «Фаъолияти радиои Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол» маърузаи илмӣ намуда, нақши барномаи «Хоки Ватан» - ро дар барқарории субот ва бозгашти гурезагон муҳим арзёбӣ намуд. Вақте нақши барнома ва таъсири он ба аудитория мавриди тавзеҳ ва баррасӣ қарор мегирифт, ағлаби ширкаткунандагон бовар намекарданд, ки он тавонистааст беш аз 600 ҳазор фирориро ба Ватан баргардонад. Роҳбари конфронс, профессори кафедраи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Донишгоҳи давлатии ба номи Казимири Кабири Лаҳистон Адам Судол баҳсҳои густурдаро оид ба масъалаи мавриди назар натиҷагирӣ карда иброз дошт, ки воқеан ҳамтоёни тоҷики мо таҷрибаи нодиреро рӯи кор овардаанд, ки истифодаи он барои кишварҳои дар ҳоли низоъ, амсоли Сомалӣ, Ироқ ва Афғонистон ба мақсад мувофиқ аст. Номбурда аз кумитаи тадорукот хоҳиш намуд, ки сабабҳои маҳбубият пайдо намудани барномаи «Хоки Ватан» - и Радиои Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар мисоли он омилҳои ба таври мусбат ба афкори мардум таъсир расонидани васоити ахбори электронии ҷомеаи муосирро мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор диҳанд.
Бо гузашти айём бештар дарк менамоем, ки таҳияи барномаи «Хоки Ватан» иқдоми дуруст, саривақтӣ ва муҳим барои амалӣ намудани сиёсати Ҳукумат буд.
Саидмуроди ХОҶАЗОД,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2014    №: 70    Мутолиа карданд: 1254
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед