logo

сафарҳо

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

15 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки авҷи тоза пайдо намудаанд ва дидору суҳбатҳо бо мардум ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Боздиди корӣ бо шиносоӣ аз рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз ҶДММ «Голден Груп» дар масоҳати 6 гектар бунёд меёбад, оғоз ёфт. Аз иттилои роҳбари ин ширкати ватанӣ Қутбиддин Хайров бармеояд, ки ҳоло дар масоҳати ним гектар гармхона бо технологияи навтарини замони муосир сохта шуда, дар он навниҳолҳои помидор шинонда шудаанд. Дар ним гектари дигар сохтмону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. Дар соли оянда ҳамин гуна гармхонаҳо дар масоҳати 6 гектар бояд сохта ба кор дароварда шаванд.
Дар ҳар гектари гармхона то 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, зеро дар ин ҷо на танҳо деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, балки кормандони муҳандисӣ - техникӣ низ ба кор ҷалб мешаванд. Дар 6 гектар наздики 360 нафар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мегарданд.
Дар гармхонаҳо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва салқинсозӣ дар чор фасли сол гармии аз 18 то 30 дараҷа нигоҳ дошта мешавад, то ки сабзавот бенуқсон ва хушлаззат шавад.
6 гектар гармхона бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои худи соҳибкорон бунёд меёбад. Ғайр аз ин, гармхона бо истифодаи фаровон аз неруи барқ ва гармии буғхонаи худӣ гарм ё салқин карда мешавад ва бо вуҷуди ин фоидаовар хоҳад буд, зеро аз ҳар гектари он аз ду гардиш дар як сол то 320 тонна помидор ва аз 3-4 гардиш то 180-240 тонна бодиринг истеҳсол мешаванд. Маҳсулоти гармхонаҳо асосан аз моҳи ноябр то охирҳои моҳи май ба бозор пешниҳод мегардад, яъне дар мавсими камчинӣ ва қиматии сабзавоти тару тоза. Дар давоми ду сол хароҷоти сохтмон ва таҷҳизоти гармхона пурра бармегардад ва минбаъд он танҳо ба фоида кор хоҳад кард. 
Соҳибкори маҳаллӣ Қутбиддин Хайров азм дорад, ки дар ҷараёни ободонию созандагии як гӯшаи мулки бобоӣ саҳмгузор буда, ҳамчунин ба арзонсозии нархи помидору бодиринг дар фасли зимистон, таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани сабзавоти барвақтӣ иштирок дошта бошад. Вай ҳамчунин дар гармхонаҳо парвариши гулҳо ва лимӯро низ ба роҳ монданист.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соҳибкори ватанӣ, натиҷаҳо ва дурнамои кораш хушҳол гардида, ба ӯ барору комёбӣ хост ва маслиҳатҳои муфид дод.

 

Дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он ва корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд.

Корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзоли чармии бозоргир дар назди ҶДММ «Доро оҳангар» бо харҷи наздики 10 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаҳҳор Холов ва шарикони хориҷии ӯ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бунёд ёфта, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ин корхона бо иқтидори кунунияш дар як сол то 500 ҳазор дона пӯсти чорвои калону майда мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар коргоҳи дӯзандагии ҳамин корхона либос ва пойафзоли гуногуни чармӣ истеҳсол мешаванд. Дар оғоз истеҳсоли то 20 намуд маҳсулоти тайёри чармӣ ба роҳ монда шуда, минбаъд номгӯйи он мувофиқ ба талаботи бозор афзун хоҳад гашт.
Корхона қадами аввали кори муштараки ин соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб аст. Онҳо азм доранд, ки оянда шумораи чунин корхонаҳоро афзун намуда, бо либосу пойафзоли чармӣ на танҳо бозори Тоҷикистонро пурра таъмин созанд, балки содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Тибқи натиҷаи нишондодаи озмоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ пӯсти чорвои Тоҷикистон ба стандартҳои баландтарин ҷавобгӯй буда, дар озмун сазовори ҷойи аввал шудааст.
Дар корхона наздики 70 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Ояндаи наздик дар ин ҷо беш аз 400 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Дар назди ҶДММ «Доро оҳангар», ҳамчунин як корхонаи коркарди аввалияи чарм ва корхонаи истеҳсоли зарфҳои алюминӣ ҳам фаъолият доранд. Дар ҳар се корхона ҳоло беш аз 200 нафар машғули кор мебошанд.
Корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои пластикии калонқутр бошад, аз ҷониби Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар он ду хати технологӣ васл шудааст.
Дар яке аз онҳо лӯлаҳои қутри аз 200 то 630 мм ва дар дуюмаш аз 630 то 1200 мм истеҳсол мешаванд. Корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои пластикии қутри аз 630 то 1200 мм нахустин ва алҳол ягона дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна мебошад.
Дар ин корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол аз 13 ҳазор тонна ашёи хом лӯлаҳои гуногуни ба фишори баланд тобовар тавлид хоҳанд ёфт. Лӯлаҳои ин корхона барои расондани оби нӯшиданӣ, оби кишоварзӣ ва гази табиӣ пешбинӣ шуда, зиёда аз 50 сол хизмат хоҳанд кард.
Корхона бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 45 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1200 сомонии таъмин гардидаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2014    №: 70    Мутолиа карданд: 782

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед