logo

ҳуқуқ

ПУРСИШУ ПОСУХ

Ба саволҳои воридшуда Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Ҳайдаршоҳ Азимов, адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар вилояти Хатлон, Ганҷибек Музаффарбеков, сардори раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Кароматулло Ҳазратқулов, муовини мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Душанбе – 1 ҷавоб мегӯянд.

- Модарам аз хориҷи кишвар барои фурӯхтан ва ё ихтиёрдорӣ намудани манзили истиқоматиамон ба номи ман ваколатнома фиристод. Оё ман ҳуқуқ дорам, ки дар асоси санади мазкур хонаамонро фурӯшам?
 Шаҳриёр, сокини ноҳияи Ҳисор.

 - Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бидуни соҳибмулк ва ё соҳиби амвол харидуфурӯш танҳо бо роҳи ваколатнома сурат мегирад. Агар дар ваколатномаи ба номи шумо фиристодаи модаратон сабт гардида бошад, ки танҳо бо ҳуқуқи бегона кардани манзили истиқоматӣ, он вақт метавонед бе ягон мушкилӣ манзили зистатонро фурӯшед.
Зимнан таъкид карданием, ки тибқи моддаи 210 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатнома аз ҷониби як шахс ба шахси дигар додани ваколати хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дониста мешавад. Ваколатдиҳанда метавонад ваколатномаро бевосита барои аҳд бастани намоянда ба шахси сеюми дахлдор низ диҳад.


- Аз ман як нафар қарздор мебошад. Маблағи гирифтаашро бо баҳонаҳои гуногун баргардондан намехоҳад. Ман дар асоси забонхати додааш бо аризаи даъвоӣ ба суд муроҷиат кардам. Дар суд пеш аз қабули ариза квитансияи боҷи судӣ талаб карданд ва ман маҷбур боҷи судӣ супурдам. Бигӯед, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда кӣ бояд боҷи судиро супорад: даъвогар ё ҷавобгар?
Иброҳим Ғафуров, сокини шаҳри Душанбе.

- Ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҳар як аризаи даъвоии қарзӣ ё молумулкӣ бо замимаи боҷи судӣ қабул карда мешавад. Дар мавриди он ки боҷи судиро даъвогар месупорад ё ҷавобгар, гуфтанием: ҳар касе, ки аризаи даъвоӣ пешниҳод мекунад, бояд боҷи судӣ супорад. Дар ҳолати мазкур шумо ҳуқуқ доред, ки зимни баргардондани қарзатон аз ҷавобгар маблағи супурдаи боҷи судиро низ талаб намоед. Гузашта аз ин, дар асоси моддаи 100 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ба тарафе, ки ба манфиати ӯ ҳалнома қабул шудааст, аз ҳисоби тарафи дигар ҳамаи хароҷоти судии вобаста ба баррасии парвандаро ҷуброн менамояд.


- Автомошини шахсиамро дар асоси ваколатнома фурӯхтам. Харидор нисфи пулро доду ваъда кард, ки боқимондаашро як ҳафта пас медиҳад. Аз байн се моҳ гузашт, вале аз ӯ дарак нест. Арзамро ба кӣ гӯям?
Бузургмеҳр, сокини ноҳияи Рӯдакӣ.

 – Шумо дар ин ҳолат ба суди маҳалли зисти ҷавобгар бо аризи даъвоӣ ҷиҳати талаб карда гирифтани маблағи боқимонда муроҷиат кунед. Ва ё ба идораи нотариалие, ки ваколатнома додаед, дар бораи беэътибор донистани он ариза пешниҳод намоед.


- Шавҳарам Б. Набиев, ки дар раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон кор мекард, бар асари бемории дил аз олам даргузашт. Акнун духтарамон, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, аз ёриҳои падар бенасиб монду шароити таҳсилаш вазнин шуд. Оё, мувофиқи қонунҳои амалкунанда, ӯ метавонад аз давлат ёрипулӣ ва ё нафақа гирад?
 Раъно Набиева, сокини ноҳияи Бохтар.

- Мувофиқи моддаи 36 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандон» муҳассилини омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, мактабҳои олию миёнаи махсус ҳуқуқ доранд, ки то хатми таҳсил, вале то ба синни 23 расидан, бо нафақа бинобар бесаробон мондан, таъмин шаванд. Аз ин рӯ, шумо метавонед бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа муроҷиат намоед.


- Соли 2004 писарам бо сабаби беморӣ дар хона вафот кард. Пас аз чанд соли маргаш, зарурат пеш омаду ба мақомоти САҲШ - и шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки хатти вафоти писарамро диҳанд. Ба ман гуфтанд, ки фавти фарзанди шумо дар китоби сабт дарҷ нашудаасту барои бақайдгирӣ аз муассисаи тиббӣ ҳуҷҷат биёред. Дар чунин ҳолат ба куҷо муроҷиат намоям?
 Ҳайдар Гулаҳмадов,
сокини шаҳри Қӯрғонтеппа.

 - Ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ҷиҳати муқаррар кардани ҳолати фавти писаратон аз ҳамсояҳои дар маросими дафн ширкатдошта забонхат гирифта, тибқи моддаи 267, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба суд муроҷиат намоед. Баъди муқаррар гаштан, ҳалномаи судро ба шуъбаи САҲШ-и шаҳри Қӯрғонтеппа пешниҳод карда, дар асоси он шаҳодатномаи вафоти писаратонро бигиред.


- Писари ман чанд сол боз дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунад. Вай мехоҳад, ки дар ҳамон ҷо бо шаҳрванди Тоҷикистон хонадор шавад.
Барои бастани ақди никоҳ ба Тоҷикистон омадан шарт аст?
Исмоилбек, нафақахӯр аз ноҳияи Ишкошим.

- Не, ҳатмӣ нест, чунки ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он ба сар мебаранд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ баста мешавад.


- Дар ҳолати ихтисор намудани воҳидҳои корӣ, дар ин ё он корхона, муассиса, ташкилот…, ба кӣ бештар имтиёз дода мешавад?
Таҳмина, сокини ноҳияи Дарвоз.

 - Мувофиқи моддаи 47 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати баробар будани тахассус ва ҳосилнокии меҳнат афзалият, аз ҷумла ба инҳо дода мешавад:
Ба кормандоне, ки дар оила ду ва ё зиёда аз он хӯранда доранд, дар ҳамон ташкилот солҳои зиёд кор мекунанд, аз истеҳсолот ҷудо нашуда тахассуси худро дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ баланд бардоштаанд, ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мебошанд.


- Бародараму занашро, баъди муроҷиати чандинкаратаашон, дар манзили истиқоматиам ба қайд гузоштам. Қариб як сол мешавад, ки онҳо дар Федератсияи Русия қарор доранд. Ҳаққи хизмати коммуналӣ ва обро ба ҷойи бародараму ҳамсараш ман пардохт менамоям. Бигӯед, ки бо кадом роҳ онҳоро аз қайди манзили истиқоматиам барорам?
 С. Сафаров, шаҳри Қайроққум.

 - Дар асоси моддаи 51 - и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби аз муҳлати муқарраршуда (шаш моҳ) бештар истиқомат накардани шахс, аз ҳуқуқи истифодаи хонаи истиқоматӣ маҳрум шудани ӯ бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Шумо ҳуқуқ доред бо аризаи даъвоӣ ба суд дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ муроҷиат кунед. Пас аз дастрас гардидани ҳалномаи суд барои аз қайди манзили зистатон баровардани бародаратону ҳамсараш ба мақомоти дахлдор санадҳои лозимиро пешниҳод намоед.


- Роҳбари корхона дар назди ҳамкорон маро бо алфози қабеҳ дашном дода, обрӯ ва эътиборамро паст зад. Дар ин бора ба мақомоти милитсия хаттӣ муроҷиат кардам. Ҷавоб гардонданд, ки «бинобар дар ҳаракатҳои роҳбари корхона мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд». Магар барои паст задани шаъну эътибори коргар дар қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст?
Г. Шодиева, сокини шаҳри Хуҷанд.

 - Дар кирдори содирнамудаи роҳбари корхонае, ки номашро зикр накардед, аломатҳои таркиби ҷиноятӣ дар моддаи 136 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда ба назар мерасад. Ин ҷиноят таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрӯ ва эътибори шахси дигар ном дошта, барои содир намудани ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Дар асоси қисми якуми моддаи 24 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусият ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содиршуда айбдоркунӣ дар суд бо тартиби хусусӣ эътироф гардидааст. Бинобар ин, дар мақомоти милитсия оғози парвандаи ҷиноятӣ рад шуда ва шояд ба шумо тавсия ҳам дода бошанд, ки «ба мақомоти судӣ муроҷиат намоед». Дар ин ҳолат шумо ҳуқуқ доред, ки бо дастрасии қисми 2 - и моддаи 24 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи айбдоркунии хусусӣ ба суд шикоят намоед.

Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо нишонии pursish@mail.ru ё бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат кунанд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2014    №: 71    Мутолиа карданд: 727

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед