logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ҲАДАФ - КОҲИШ ДОДАНИ САТҲИ ҶИНОЯТҲОИ МУХАДДИРОТӢ

- Моҳи майи соли 2013 афсарони алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо усули «Интиқоли назоратшаванда» амалиёт гузаронданд. Он дар масири Покистон - Афғонистон – Тоҷикистон - Чин сурат гирифта, дар шаҳри Гуанчжоу хотима ёфт. Дар натиҷа 3,5 килограмм маводи сахттаъсири героин мусодира гардида, ду шаҳрванди Нигерия, ки аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ ба шумор мерафтанд, дастгир шуданд.
Ин матлабро Рустам Назаров, директори Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот бо ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои иштирок дар ҷаласаи 9 - уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф оварда буданд, ироа дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи робитаҳои байналмилалӣ  бо як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, бавижа СҲШ ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.
Дар давоми беш аз даҳ соли ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар қаламрави ин кишвар 225 амалиёти муштарак гузаронда шуд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар мусодира ва  49 озмоишгоҳи пинҳонӣ оид ба истеҳсоли маводи сахттаъсири героин ошкор гашт. Дар акси ҳол, нашъаҷаллобон ин миқдор маводи мухаддирро метавонистанд на танҳо ба Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Чин интиқол диҳанд.
Рустам Назаров таваҷҷуҳи ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Чинро ба иқдом ва барномаҳои вижаи Ҳукумат дар самти пешгирӣ ва муқобала бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб намуда, зимнан иброз дошт, ки соли 2013 бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид. Ҳадаф аз қабули санади мазкур коҳиш додани сатҳи ҷиноятҳои  мухаддиротӣ, пешгирии паҳншавии ғайриқонунии маводи нашъаовар, истифодаи ғайритиббии он,  таъмини бехатарии солимии ҷомеа ва давлат мебошад.
Го Шенкун, аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, фаъолияти густурда ва самараноки кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мусбат арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки Тоҷикистону Чин ҳамсоякишваранд ва ҳадафи асосии мо эмин нигоҳ доштани мардум аз хатари ин вабои аср мебошад. Мавсуф аз натиҷаи амалиёти муштараки ниҳодҳои ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки барои идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ  гузошта шудааст. Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар оянда низ шартҳои қарордодҳои батасвибрасидаро  риоя хоҳад кард, зеро ба идомаи ҳамкориҳо манфиатдор мебошад.
Ҷаноби Го Шенкун пешниҳод намуд, ки мубодилаи иттилоот байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии  Ҷумҳурии Мардумии Чин васеъ ба роҳ монда шуда, ҳамкории зичи ҳар ду кишвар дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар тавсеа ёбад. Зикр гардид, ки ҷонибҳо метавонанд бо созмон додани  гурӯҳҳои корӣ аз рӯи усули «Интиқоли назоратшаванда»  ҳамкориро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай идома диҳанд.
Бино ба иттилои Маркази робита бо ҷомеаи агентӣ, пас аз анҷоми мулоқот тарафҳо ба як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла «Қарордод байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба додани таҷҳизоти полис дар чорчӯби мусоидати ройгон» ва «Протокол дар бораи мақсадҳо оид ба истифодаи усули «Интиқоли назоратшаванда» имзо гузоштанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2014    №: 74    Мутолиа карданд: 570

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед