logo

ҳуқуқ

ТАВСЕАИ МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО МАВОДИ НАШЪАОВАР

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистифода аз маводи нашъаовар баргузор гардид. Аз шуъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ иттилоъ доданд, ки дар нишаст муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборӣ, муовини раиси шӯро Рустам Назаров, аъзо ва котиби шӯро, сафирони Русия, Беларус, Қирғизистон, Ҷопон, намояндагони сафоратҳои Олмон, Амрико, Афғонистон, роҳбарони созмонҳои байналмилалии муҳими Тоҷикистон – Барномаи рушди СММ, Хазинаи рушди «Оғохон», Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ иброз дошт, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва суистифода аз он на танҳо дар кишвари мо, балки дар минтақа низ боиси нигаронӣ гардида, таҳдид ба солимии ҷомеа дорад. Ба ин масъала Ҳукумати ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли он тадбирҳои мушаххас андешидааст. Чунончи, бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» қабул гардид, ки мақсади асосии он коҳиш додани ҳаҷми гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, инчунин таъмини бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа, давлат ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Рустам Назаров, директори агентӣ, оид ба вазъи қочоқи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳҳои пешгирии интиқоли он аз Афғонистон маълумот дода, гуфт, ки ҳолатҳои ба Тоҷикистон ворид шудани маводи нашъаовари синтетикӣ ошкор гардиданд. Ин боз аз он ҷиҳат нигаронкунанда аст, ки дар чанд соли охир шумораи нашъамандон, сироятёфтагони ВИЧ (СПИД) рӯ ба афзоиш овардаанд. Директори агентӣ созмонҳои байналмилалиро даъват кард, ки дар татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат намоянд. Мавсуф ташкили курсҳои махсус оид ба омӯзондани кормандони идораҳои зиддимухаддиротӣ, таҳлили вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳо дар мавзӯи тарғиби тарзи ҳаёти солимро ба мақсад мувофиқ донист.
Ба гуфтаи ӯ, вақтҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд шудани шумораи нашъамандон ба назар мерасад. Бинобар ин, ба созмонҳои байналмилалӣ, махсусан Хазинаи рушди «Оғохон» пешниҳод намуд, ки дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин оид ба пешгирии нашъамандӣ чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ доир намоянд.
Рустам Назаров ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим, назири бозомӯзии мутахассисони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Афғонистон, созмон додани Маркази таълимӣ оид ба бозомӯзии мутахассисони соҳаи кинология дар заминаи Маркази кинологии агентиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ созмон додани марказҳои офиятӣ, гузарондани чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон, таҳқиқи иҷтимоии масъалаҳои нашъамандӣ, роҳандозии корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар байни муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии коҳиш додани сатҳи нашъамандиву нашъаҷаллобӣ маънидод карданд.
Сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ бо итминон гуфтанд, ки якҷо бо Агентии назорати маводи нашъаовар муборизаро дар ин самт пурзӯр намуда, ҳамкориро дар доираи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» тавсеа мебахшанд.
Р. Додоҷон, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2014    №: 74    Мутолиа карданд: 558

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед