logo

ҳуқуқ

ҲОСИЛИ ҲАМКОРИҲО ДАР ҶИЛАВГИРИИ ҚОЧОҚИ МУХАДДИРОТ

Яке аз омилҳои муҳиме, ки барои муборизаи бомуваффақияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо қочоқи маводи мухаддир зарур аст, ин табодули доимии иттилооти оперативӣ байни сохторҳои дахлдори дигар кишварҳо мебошад. Дар ин самт диққати зиёд ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки барои рушди он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузошта шудааст, дода мешавад. Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки назорати муомилоти маводи нашъадорро амалӣ менамоянд, бо ҳамтоёни хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.

Дар зарфи даврони истиқлолият Ҳукумати мамлакат бо 17 давлати ҷаҳон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъадор, аз ҷумла давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ созишномаҳо имзо намудааст. Дар асоси ин мақомоти салоҳиятдори кишвар зиёда аз 20 созишнома ва протоколи байниидоравӣ ба имзо расондаанд.
Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дошта, дар роҳи фурӯши маводи нашъадор кишвари транзитӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои барқарор намудани алоқаи устувор бо мақомоти салоҳиятдори ин кишвар диққати махсус зоҳир мешавад.
Баъд аз барҳам хӯрдани низоми «Толибон» дар Афғонистон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои агентӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар миёни кишварҳои хориҷӣ ба рушди ҳамкориҳо бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз намуд. Соли 2002 Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои муттаҳидаи сарҳадии Вазорати мудофиаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расид. Солҳои минбаъда Созишномаи байниҳукуматӣ (2005) ва як қатор ҳуҷҷатҳое, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои кушоду ояндадор мусоидат намуданд, ба имзо расиданд, ки яке аз шаклҳои он давра ба давра ифтитоҳ гардидани намояндагиҳои Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Кобул ва чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Дар зиёда аз 10 соли давраи ҳамкорӣ мутобиқи иттилои афсарони алоқаи агентӣ дар Афғонистон аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 226 амалиёт гузаронда шудааст.
Оид ба натиҷаҳои онҳо беш аз 16 тонна маводи нашъадор, аз ҷумла 1977 килограмм героин, 12644 килограмм афюн ва 1435 килограмм бангдона мусодира гардида, 295 шахси ба муомилоти он дастдошта дастгир ва фаъолияти 52 озмоишгоҳи истеҳсоли героин қатъ шуд. Дар соли 2013 тибқи иттилои афсарони алоқаи агентӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳудуди минтақаҳои Бадахшон, Тахор ва Қундуз 6 амалиёт гузарондаанд, ки дар натиҷаи онҳо зиёда аз 430,4 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла 41,5 килограмм афюн ва 19,9 килограмм бангдона мусодира шуда, 8 нафар шахси дар муомилоти онҳо дастдошта дастгир ва фаъолияти 4 озмоишгоҳи истеҳсоли героин қатъ гардид.
Фаъолияти афсарони алоқа танҳо бо гузарондани чораҷӯиҳои зиддимухаддиротӣ дар ҳудуди Афғонистон маҳдуд намегардад. Тибқи иттилои пешниҳоднамудаи афсарони алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, соли 2013 кормандони агентӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ду амалиёт гузаронданд, ки дар натиҷаи онҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ 43255 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла 20501 килограмм афюн ва 22754 килограмм ҳашиш мусодира гардида, ду шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Афғонистон, ки ба қочоқи маводи нашъадор машғул буданд, дастгир шуданд. Ба ғайр аз ин, моҳи майи соли 2013 афсарони алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовари ин кишвар дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо усули «Таҳвили назоратшаванда» амалиёт гузаронданд. Амалиёт дар масири «Покистон-Афғонистон-Тоҷикистон - Чин» баргузор шуда, дар шаҳри Гуанчжоу хотима ёфт. Дар натиҷа 3,5 килограмм героин мусодира гардида, ду шаҳрванди Нигерия, ки аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ ба шумор мерафтанд, ба даст афтоданд.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломиии Афғонистон ифтитоҳ гардид. Бо назардошти вазъи оперативӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки тавассути онҳо масири асосии ҳамлу нақли маводи нашъадор сурат мегирад, афсарони алоқаи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон на танҳо дар пойтахт – шаҳри Душанбе, инчунин дар марказҳои маъмурии вилоятҳои бо Афғонистон ҳамсарҳад - шаҳрҳои Хоруғ ва Қӯрғонтеппа фаъолият доранд. Мавҷудияти алоқаи бевоситаи афсарон бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳо ба табодули иттилоот, гузарондани чорабиниҳои муштарак ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ такони нав медиҳад.
«Масири шимолӣ»-и интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, гузашта, аз масирҳои мухталиф ҳудуди Қазоқистон ва Қирғизистонро убур карда, ба сарҳадҳои Федератсияи Русия мерасад. Маводи мухаддир, ки аз сарҳади Тоҷикистон ба таври транзит мегузарад, ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон ворид мегарданд. Масирҳои асосии қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Қирғизистон, вилояти Суғд ва ноҳияи Mypғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вилояти Боткент ва вилояти Оши Қирғизистон мебошанд.
Бо мақсади ташкили муқовимати муассир ба қочоқи маводи мухаддир дар ин самтҳо аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъадори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки дар доираи онҳо намояндагиҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҷанубии Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон (шаҳри Ош) ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовар дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд) фаъолият менамоянд. Ҳамагӣ дар давоми ҳамкории агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон аз соли 2000 то имрӯз 26 амалиёти муштарак баргузор гардида, 384,6 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 185,7 килограмм героин, 96,5 килограмм афюн ва 102,3 килограмм маводи мухаддири бангдона мусодира шудааст.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар бо мақомоти салоҳиятдори Қазоқистон муносибати хуби ҳамкорӣ доранд ва бо онҳо 15 амалиёти муштарак гузарондаанд. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 747 килограмм маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки 252 килограмми он героин ва 222 килограмм афюн мебошад.
Бо вуҷуди он, ки бо Федератсияи Русия сарҳади умумӣ надорем, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо ҳамкасбони русиягии худ дар якчанд соли охир 31 амалиёти муштарак гузарондаанд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 414,63 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 376,3 килограмм маводи афюнӣ мусодира гардид.
Дар соли 2013 кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия 9 амалиёт бо усули «Таҳвили назоратшаванда» гузарондаанд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 110,2 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид.
Баъди ба имзо расидани Созишнома байни Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ намояндагии расмии Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия кушода шуд. Дар маҷмӯъ аз соли 2000 дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон 469 амалиёти байналмилалӣ доир шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 19,5 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 17,3 тонна афюн мусодира шуд.
Ҳамкориҳои зиддимухаддиротии минтақаӣ дар амал самаранокии худро нишон дода, дар оянда низ ба густариши ҳамкориҳо ниёз дорад.
Умеда ЮСУФОВА,
корманди Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2014    №: 75    Мутолиа карданд: 550

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед