logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳои воридшуда Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Ҳайдаршоҳ Азимов, адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар вилояти Хатлон, Ганҷибек Музаффарбеков, сардори раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Кароматулло Ҳазратқулов, муовини мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Душанбе - 1 ҷавоб мегӯянд.


- Бо шавҳарам шаш сол зиндагӣ кардам. Ду моҳ пеш муносибатҳои оилавиамон қатъ  гардид. Ӯ бо алфози қабеҳ шаъну шарафи инсонии маро  паст зада истодааст. Таҳдид карда мегӯяд, ки «ба умеди хона нашав, фикр ҳам накун! Онро ман бо пули ҳалоли худам харидаам». Фарзандони ноболиғамон дар тарбияи ман мондаанд.  Оё ин суханони шавҳарам ягон асоси ҳуқуқӣ доранд?
 Н. Маҳмудова,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
- Не, асос надоранд. Мувофиқи моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарчанд шумо дар давраи заношӯӣ даромади мустақилона надошта, барои ба даст овардани моликияти муштарак саҳм нагузошта бошед ҳам, якҷо бо ӯ хоҷагии умумиро пеш бурдед ва фарзандонатонро нигоҳубин кардед. Аз ин лиҳоз, шумо сад дарсад ҳуқуқ ба моликияти умумиро доред. Дар як вақт қонунгузории амалкунанда муқаррар намудааст: амволе, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин амволе,ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо ба шумор меравад.

- Се сол пеш бо ҳамсарам оила барпо кардем. Ӯ аз оилаи аввалаш фарзанди ноболиғи 15 - сола дорад, ки падарашро аз лаҳзаи таваллуд шуданаш боре ҳам надидааст. Айни замон ҷойи будубоши падари кӯдак маълум нест. Дар чунин ҳолат оё ман метавонам ӯро бе розигии падараш ба фарзандхондӣ қабул намоям?
 А. Турдиев,
шаҳраки Консойи ш. Қайроққум.
- Мувофиқи сархати чоруми моддаи 130 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар падару модари кӯдак зиёда аз шаш моҳ бо ӯ якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоташ саркашӣ карда бошанд, розигии онҳо барои фарзандхондӣ талаб карда намешавад. Дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки падари кӯдак ӯро боре ҳам надидааст ва ё аз таъминоташ саркашӣ кардааст, метавонед бо дили пур ба суд дар бораи фарзандхондӣ ариза пешниҳод намоед.

- Бо ҳалномаи суди шаҳри  Қӯрғонтеппа аз 14 ноябри соли 2011 суд аз ҳисоби шавҳарам ҷиҳати таъмини  3 фарзанди ноболиғамон  бо маблағи устувор ба андозаи 60 сомонӣ барои ҳар як кӯдак, ҷамъ 180 сомонӣ алимент таъйин карда буд. Дар шароити имрӯза бо ин маблағи ночиз онҳоро хӯрондаву пӯшонда наметавонам. Падари кӯдакҳо, ҳарчанд  дар ихтиёр мошини КаМАЗ  дораду пули нағз меёбад, ба онҳо ёрии иловагӣ намерасонад. Дар ҳоле ки ӯ беинсофӣ мекунад, оё ман метавонам ба суд муроҷиат карда, аз падари фарзандонам алименти бештар талаб намоям?
 Басгул Халифаева,
аз ноҳияи Нуробод.
- Тибқи моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар як падару модар уҳдадор мебошад, ки кӯдакони худро ҳаматарафа таъмин  кунад. Андозаи алимент аз падару модар аз ҳисоби музди меҳнат ва дигар даромадҳои онҳо бо тариқи ҳиссавӣ ва ё бо тартиби устувор муқаррар карда мешавад. Дар асоси моддаи 120 кодекси мазкур ба шумо маслиҳат медиҳем, ки дар сурати басанда набудани маблағи алимент барои кӯдакон, бинобар тағйир ёфтани вазъи иҷтимоии оила, ба суд бо аризаи даъвоӣ муроҷиат намоед. Дар ҳолати навиштани аризаи даъвоӣ мо ба шумо ёрии амалӣ мерасонем.

- Ман маъюби модарзод ҳастам. Аз хурдӣ дар хонаи падару модарам, ки ба онҳо аз ҷониби давлат дода шуда буд, зиндагонӣ мекардам. Вақте ки модарам аз дунё гузашту падарам  зан гирифт, ба ман дигар рӯзи хуш надоданд. Ниҳоят, мани маъюбро аз дар берун карданд. Ҳоло ҷойи зисти доимӣ надорам, ҳар ҷо ки рост омад, шабро рӯз мекунам. Оё ман ҳуқуқ дорам, ки ҳамчун узви оила ба хонаи падарам баргардам?
 Чамангул Боймуродова,
аз шаҳри Қӯрғонтеппа.
- Дар асоси қонунҳои амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳеҷ кас ҳуқуқи аз манзили истиқоматие, ки шумо дар он аз овони хурдӣ зиндагӣ кардаед, берун карданатонро надорад. Зеро, мувофиқи моддаи 46 Кодекси манзил, аъзои оилаи кироягир - фарзандон ва волидайн, ки бо ӯ зиндагӣ мекунанд, ба ҳайати оилаи кироягир мансубанд. Ин ҳолате, ки имрӯз ба сари шумо овардаанд, бо тариқи судӣ ҳал карда мешавад. Шумо ҳуқуқ доред, ки ба суд нисбат ба падаратон  бо аризаи даъвоӣ дар бораи аъзои оилаи кироягир эътироф кардану маскун намудан, муроҷиат намоед.

- Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори омма дар бораи нашъ-амандиву нашъаҷаллобӣ ва пай-омадҳои даҳшатноки онҳо  бисёр менависанд. Кас пеши худ суол мегузорад: оё бо ин қабил одамон метавон оила бунёд кард? Дар қонунгузории Ҷумҳурии То-ҷикистон ҳолатҳое ҳастанд, ки монеаи ақди никоҳ гарданд?
Қ. Шобекова,
сокини шаҳри Хоруғ.
 - Воқеан бо ин савол  бисёриҳо ба мо муроҷиат мекунанд. Мо ба онҳо  дар доираи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон посухи мушаххас медиҳем. Масалан, дар моддаи 14 кодекси мазкур ҳолатҳое, ки барои бастани ақди никоҳ монеа мегарданд, ба тартиби зайл дарҷ гаштаанд: - байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайд гирифташуда қарор дошта бошад, хешони наздик,  бародарону хоҳарони угай, фарзандхондагон, шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустаҳдиаш ғайри қобили амал эътироф кардааст, ашхосеро, ки суд бо сабаби сӯиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъаовар дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.
 
- Дар кадом ҳолатҳо шаҳр-вандро метавонанд бе додани манзили истиқоматии дигар аз хона кӯчонанд?
 Шаҳбек,
аз ноҳияи Ванҷ.
 - Дар ҳолатҳое, ки агар кироягир, аъзои оилаи ӯ ё шахси дигари ҳамроҳаш зиндагикунанда манзили зистро бидуни ба инобат гирифтани чораҳои огоҳонӣ аз таъсиррасонии ҷамъиятӣ муттасил вайрон ё хароб кунанд, манзили истиқоматиро тибқи талаботаш истифода набаранд, қоидаҳои зисту зиндагии умумиро мунтазам вайрон намоянд, хонаи истиқоматиро худсарона ишғол карда бошанд, муҳлати шартномаи иҷро ба охир расида бошад ва ё беэътибор донистани ордер шаҳрванд бе додани манзили истиқоматии дигар аз хона берун карда мешавад.

- Шаҳрванде, ки аз ман қарздор аст, ба маҳкама кашида шуд. Акнун чӣ кор кунам? Оё қарзи худро аз ӯ гирифта метавонам?
Қ. Одинамамадов,
шаҳри Турсунзода.
 - Дар ҷараёни тафтишот муфаттиш бояд шуморо бо қарори худ ҷабрдида - даъвогари гражданӣ гузаронда бошад. Баъд, дар асоси ҳукми cуд, шумо даъвогари гражданӣ гузашта, пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд бо роҳи ситониши маҷбурӣ  қарзи шумо рӯёнда мешавад.

- Ду сол боз ҳамроҳи ҳамсарам якҷоя зиндагӣ накарда истодаем ва сабаби барҳам хӯрдани оилаи мо фарзанддор нашуданамон аст. Ҳамсарам ба бекор кардани ақди никоҳ зид нест. Вале ӯ зиёда аз як сол мешавад, ки бо падару модараш дар Русия қарор дорад. Оё ман бе иштироки ӯ ақди никоҳамонро бекор карда, бо дигар зан издивоҷ карда метавонам?
Ҷ. Раҳматов,
сокини шаҳри Душанбе.
- Дар ин ҳолат шумо метавонед танҳо дар сурати аз тарафи ҳамсаратон ба расмият дароварда шудани ваколатномаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқгардида, ҷиҳати иштироки намоянда дар пешбурди парванда дар суд, бо аризаи даъвоӣ ба суди маҳали зисти ӯ ё намояндааш муроҷиат намоед. Зеро боби 5 - и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «Намояндагӣ дар суд» - ро ба танзим дароварда, пешбурди парвандаро ба воситаи намоянда пешбинӣ намудааст.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо нишонии pursish@mail.ru ё бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат кунанд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2014    №: 78    Мутолиа карданд: 565

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед