logo

иқтисод

ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР БОЗОРИ СУС

Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар бо назардошти узвияти Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва иҷро кардани уҳдадориҳои ин созмон ба як қатор қонунгузориҳо зиёда аз 100 тағйиру илова ворид кардааст, ки баъди мувофиқа шудан бо вазорату идораҳои давлатӣ рӯзҳои наздик ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

Сайраҳмон Назриев, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, изҳор дошт, ки барои амалӣ шудани меъёрҳои санадии СУС як қатор ислоҳот амри зарурист ва ҷиҳати мутобиқ гардондани иқтисоди кишвар ба талаботи он, Тоҷикистон вазифаҳои зиёд дорад, ки бояд дар вақти муайян иҷро шаванд.
Баъди ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба СУС интиқодҳо кам набуданд. Иддае мегуфтанд, ҳоло ин кор барвақт аст ва далел ҳам меоварданд, ки маҳсулоти кишварҳои узв вориди бозори мо шуда, ҷойро барои маҳсулоти дохилӣ танг мекунад. Ё маҳсулоти пастсифат вориди бозорҳои дохилӣ мегардад. Узвияти созмон уҳдадории худро дорад ва муваффақият аз фаъолияти соҳибкорон вобастааст. Мо тайёр ҳастем, ки манфиатҳои соҳибкорони ватаниро ҳимоя кунем. Шароит барои соҳибкорони хусусии ватанӣ ва хориҷӣ якхел аст, бояд маҳсулоти хушсифат ва нисбатан арзон ворид шавад.

Асомиддин Атоев, роҳбари ассотсиатсияи провайдерҳои интернетии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло 75 дарсади тиҷорати ҷаҳонӣ дар доираи СУС мечархад, ворид шудани мо ба он ва истифодаи он ба талошҳои мо вобаста аст. Ҳар як кишвар новобаста аз қудрати ҳарбиву саноатӣ дар ин созмон як овоз дорад. Мо кишвари бузурги саноатӣ нестем, аммо зарфияти зеҳнию молӣ дорем. Яке аз уҳдадориҳои созмон ин коҳиш додани нархи хизматрасонии молӣ барои ширкатҳои хориҷӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнист. Дар 159 кишвар моликияти зеҳнии мо ҳифз мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид кард, ки бо назардошти ворид шудани кишвар ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд иқтисодиёти кишварро ба меъёрҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мутобиқ созем.
- Дар ин раванд Ҳукуматро зарур аст, ки ҷиҳати содагардонии расмиёти маъмурӣ барои содирот, воридот, транзити молҳо ва таъмини иҷрои талаботи Стратегияи рушди инфрасохтори миллии сифат ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ислоҳоти системаи танзими техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад, - омадааст дар Паём. Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои устуворӣ дар доираи СУС доштани иқтисоди бузург аст, иқтисодиётҳои кучак ҳубоби ин бозор хоҳанд шуд,- гуфт ӯ.
- Айни ҳол 50 дарсади маҳсулоти дохилии бозорро бахши хусусӣ ташкил медиҳад ва боқимондаи он иқтисодиёти давлатист. Ба истиснои чанд соҳаи бонкдорӣ ва бимаи тиббӣ мо бо дигар соҳот имкони ворид шуданро дорем. Тоҷикистон метавонад бо маҳсулоти меваҷоти хушк шонс ба даст биорад. Чун Тоҷикистон манбаи меваҳое мебошад, ки шароити бо таври экологии тоза хушк кардани онҳо мавҷуд аст. Вақте рақобати дохиливу хориҷӣ сурат мегирад, истеҳсолот ҳам зиёд мегардад, - мегӯяд С. Назриев.
Дар шароити узвияти Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва иҷро кардани уҳдадориҳои кишвар, фароҳам овардани фазои рақобати солим барои рушди бахши хусусӣ ва давлатӣ аз шартҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди заминаҳои ҳуқуқиву ниҳодӣ шарти зарурӣ барои амалигардонии уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СУС дар мавриди хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ба ҳисоб меравад. Ин заминаҳо, аз ҷумла шартҳои зеринро тақозо менамоянд: риояи реҷаи ниҳоят мусоид, роҳ надодан ба табъиз дар миёни аъзои cозмон ва хизматрасониҳо, риояи реҷаи (муқаррароти) миллӣ ва дастраскунандагони хориҷӣ аз дигар кишварҳои аъзои СУС ва таъмини кафолати рақобат, пешгирии ҳама гуна амали зидди рақобат дар соҳаи телекоммуникатсия, таъсиси танзимгари мустақиле, ки аз ҳама дастраскунандагони хизматҳои телекоммуникатсионӣ ҷудо буда, тобеи онҳо нест ва инчунин масъули назорат ва ё идораи ҳеҷ кадом аз дастраскунандагони хизматҳои асосии телекоммуникатсионӣ намебошад.
Сайраҳмон Назриев мегӯяд, ки узвият ба СУС дар баробари таъмини фазои мусоид ва баробар ба соҳибкорони хориҷӣ ва ватанӣ дар бозор, ҳамзамон дар бахшҳои дигар марҳалаи гузариш ва мутобиқшавиро пешбинӣ намудааст. Аммо Тоҷикистон дар бахши коммуникатсия ба пешрафтҳои чашмрас ноил шудааст ва ба истинои дар назди Хадамоти алоқа ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳии фаъолияти коммуниткасионӣ ва мавҷуд будани ширкати интернетпровайдерии «Тоҷнет» - мақоми иҷрокунандаи хадамоти коммуникатсионӣ мушкилоте дар ин самт вуҷуд надорад.
 - Барои монополия нашудани бозор бояд мақомоти иҷозатномадиҳандаи Хадамоти алоқа дар тобеияти худ мақомоти иҷрокунанда надошта бошад. Зеро мақомоти иҷозатномадиҳанда  ҳамеша манфиати худро ба назар мегирад, илова бар ин, дар чунин шароит рақобат барои сифати хуби хизматрасони коммуникатсионӣ ва арзону дастрас барои мизоҷон аз байн меравад. Вақте рақобати солим ҳаст ва мақоми иҷрокунанда аз мақоми иҷозатномадиҳанда ҷудо аст, дувумӣ манфиат надорад ва баробарҳуқуқиву шароитро барои ҳамаи шарикон якхела таъмин мекунад. Бубинед чаро Бонки миллӣ дар тобеияташ бонке надорад? Зеро рақобати солимро аз байн мебарад,- изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Ҳиндустон баъди узви СУС гардидан ва ноил шудан ба рушди телекоммуникатсия бо 898 миллион муштарӣ дар ин самт дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Дар охири соли 2013 шумораи муштариёни интернет ба 21,61 миллион расид. Котиботи мақомоти идоракунии коммуникатсионии ин кишвар аз 185 коргар иборат аст, ки ба категорияи хизматчиёни давлатӣ дохил мешаванд. Сингапур ҳам яке аз кишварҳоест, ки самти телекоммуникатсионӣ аз ҷониби Агентии рушди иттилоотии коммуникатсионӣ идора карда мешавад.
Мақсади стратегии он рақобатпазир намудани технологияи иттилооти коммуникатсионӣ ба шумор рафта, сармояи хориҷиро ҷалб мекунад ва ҳаҷми дарозмуддати маҷмӯи маҳсулоти дохилиро тариқи рушд ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар самти ТИК дар Сингапур дастгирӣ мекунад. Молдова ҳам дар ин самт муваффақ шудааст.
Асомиддин Атоев мегӯяд, ки ҳарчи зудтар мутобиқ гардондани уҳдадориҳо хавфи аз даст додани имкониятҳои манфиати миллиро беосеб мегардонад, зеро ин ба фоидаи кишвари мост ва сармоягузориҳои ҳангуфтро аз даст намедиҳем. Агар рақобатпазирии тиҷоратро дар сатҳи ҷаҳонӣ солҳои аввал ноил нашавем ҳам, аммо дар минтақа ноил мегардем. Қарорҳо ва муқаррароти танзимгар нисбат ба тамоми иштирокчиёни бозор бояд холисона бошанд. Ҳар як расмиёти марбут ба тақсим ва истифодаи махзанҳои нодир, аз ҷумла басомадҳо саривақт дар асоси воқеият, шаффофият ва бидуни табъиз ба амал бароварда мешаванд.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2014    №: 78    Мутолиа карданд: 1149
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед