logo

ҳуқуқ

БОЗДОШТИ САОДАТШОИ НАҲЗАТӢ

ё низои шахсе, ки дар водии Язгулом тафриқаи мазҳабӣ барангехтааст

- «Ту шиа ҳастӣ, дар паҳлӯи ман нашин, касофатат ба ман мегузарад», - мегӯяд Алимамади 12-сола ва Муроди ҳамсинфашро аз пешаш меронад.
- «Ман дар ин синф намехонам, зеро агар чашмам ба рӯйи Маҳинаи «шизик» (манзураш шиа) афтад, мисли ӯ ҳаром мешавам»,- гуфта, Шарифаи синфи панҷ синфхонаро тарк мекунад.
- «Ҳар он касе, ки духтари инҳоро ба ҳамсарӣ ихтиёр мекунад, худашу хонадонаш ҳаром мегарданд, ҳар касе, ки раиси ҷамоатро мекушад, ҳатман ба биҳишт меравад, зеро ӯ дар дини мо нест» - мегӯяд Фаридун, хатмкунандаи мактаб.
- «Ҳар он касе, ки дар масҷид бо инҳо намоз мехонад, оне, ки дар ҷанозаашон иштирок мекунад, кофир мешавад», - иброз медорад Муҳаммади 24 -  сола.
Даҳшатноканд ин ҳарфҳо, вақте на танҳо аз забони калонсолон,  балки аз тифлону наврасон, хонандагони мактаби миёна шунида мешаванд. Ваҳшатангезтараш омили дигар аст. Ин алфозро дар Ироқу Сурия, Баҳрайну Яман, Покистону Афғонистон ва соири  кишварҳое намешунавед, ки асрҳо боз низои мазҳабӣ мағзҳоро мехӯраду садҳо ҳазор тӯъмаи  мухолифати ваҳшиёнаи мазҳабӣ  гаштаанду шудан доранд. Ин ҳама нафрату буғзу кина, ки дар боло тасвираш рафт, ҳақиқати воқеиест, ки дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, мактаби таҳсилоти ҳамагонии №21-и деҳаи Мотравн мушоҳида мешавад (номи афрод  тағйир дода шудааст), замонаш ҳамин рӯзҳои мост. Ин таҳдидҳо дар сарзамине садо медиҳанд, ки ин падида таърихан барояш бегона буд, ҳама сокинонаш як решаи авлодӣ доранд, куллан аз аҳли суннатанду пайравони мазҳаби Имоми Аъзам. Пас агар чунин аст, ин ҳама тафриқаю таҳқиру тавҳин, ин «шиа»-навозиҳо аз куҷо пайдо шуд? Кӣ мехоҳад оташи ихтилофоти мазҳабиро дар Тоҷикистон афрӯзад?
Тавре гиреҳи аввали  қазия боз шуд, зояндаи нафрату куддурат миёни ин қавмро ном Саодатшост. Саодатшое, ки дар мадориси шубҳанок сабақ гирифтааст. Саодатшое, ки дар гузашта бо ду созмони эътирофшудаи террористӣ – Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ҳаракати толибон иртиботи бевосита доштааст. Вале новобаста аз ин, сарвари бахши минтақавии ҲНИТ дар ВМКБ таъйин шудааст.

Як деҳаю як авлоду… ду мазҳаб?
Адолатов Саодатшо Зиёратшоевич соли 1973 дар деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоию миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Шояд мисли ҳама ҷавонони давраи шӯравӣ орзую омоли зиёдеро бо умеди фардои дурахшон дар қалб мепарварид, вале хати тақдир ӯро бо пайроҳаи дигар бурд. Бо роҳе, ки аз нахустқадамаш иштибоҳ буд.
Ҷанги нангини бародаркуш дар Тоҷикистон оғоз шуду Адолатов Саодатшо зери таъсири гурӯҳҳое монд, ки маҷрои ҳаёти мардуми тоҷикро асрҳо қафо бурданӣ буданд. Мехостанд торикиро бар равшанӣ, ҷаҳолатро бар маърифат, ҷангро бар оромӣ ва бадбахтиро бар саодат ғолиб созанд. Танҳо ба хотири он ки зимоми қудрат дар дасташон бошад. Саодатшои ҷавон зери таъсири наҳзатиҳо монда, соли 1993 ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистонро убур кард ва роҳии хоки Афғонистони ҳамсоя гашт. Ҳамон сол аз ҷониби сарварони ҲНИТ бо ҳамроҳии  чанд ҷавони дигар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон фиристода мешавад ва муддати ду сол ба таври ғайрирасмӣ дар мадрасаи «Банурия» таҳсил мекунад. Баъдан, солҳои 1995 - 1996 дар шаҳри Кобул, дар мадрасаи «Мовароуннаҳр», ки аз тарафи созмони террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон таъсис ёфта буд, таълими ифротӣ мегирад ва ба гурӯҳи Ҷумъабойи Намангонӣ мепайвандад. Бо ҳамроҳии номбурда ба хоки Тоҷикистон бармегардад ва дар ҷалби ҷавонони язгуломӣ ба сафи ҷангиёни Намангонӣ бевосита ёрдам менамояд. Маҳз бо миёнаравии Адолатов Саодатшо ва дигар ҳаммаслаконаш, язгуломиҳои ҳамеша савори аспи ғурур, аз зини номус пойин шуданду шиори ҳамешагии аҷодиашон «ҳар ҷо ки ҷанги номист, бидон, ки язгуломист»-ро аз ёд рабуданд ва фарзанди диёрашон, духтараки 13-солаи ноболиғро, нишонаи ору нангу шарафи мардиро, ба фиристодаву гумоштаи аҷнабиён тақдим карданд. Дар ҳоли ҳозир ин духтар бо чаҳор фарзанди аз Намангонӣ сағирмондааш, гоҳе дар Вазиристони шимолӣ ба чашм мерасаду гаҳе дар вилоятҳои толибнишини Афғонистон дасти ба даст аст. Зеро Ҷумъабойи Намангонӣ бо гурӯҳи ҷангиёнаш, ки Саодатшо низ шомили он буд, замоне ҳамсангари Толибон буданду алайҳи Раббонию Масъуди тоҷик меҷангиданд, хуни тоҷик мерехтанд. Яқин аст, ки чор нафар навраси сағир, ҳамчун насли террористони фардо ба воя хоҳанд расид. Ва гуноҳи онҳою модари дарбадарашон дар дунёю  охират  ба гардани Сааодатшою ҳамроҳонаш бор хоҳад буд.
Баъди истиқрори сулҳи тоҷикону бахшидани гуноҳи омилони ҷанг, Адолатов Саодатшо замоне ҳамчун омӯзгори забони форсӣ дар мактаби миёна фаъолият намуд.  Акнун ӯ ҳамчун узви ҲНИТ ба фаъолияти сиёсӣ оғоз карду супоришҳои сарварони худро дар водии Язгулом амалӣ мекард. Дигар пӯшида нест, ки мақсади ягонаи ҲНИТ дирӯзу имрӯз ноором сохтани ҷомеа буду боқӣ мемонад. Саодатшои дар Покистон таҷрибаандӯхта, метавон гуфт устодона вазифаи якуми хешро иҷро кард. Тавонист аз тухми нифоқи коштааш ҳосили дилхоҳ ба бор оварад. Ӯ гурӯҳи ҳамдеҳагони худ ва сокинони ҳамсоядеҳро, ки зидди ақидаҳои наҳзатӣ баромаданд, шиамазҳаб эълон карду нону ҷанозаашонро ҳаром. Куштани онҳоро барои дигарон амри савоб хонду корти роҳнамо ба биҳишт. Фарзандони як аҷдодро ба муқобили ҳам гузошт. Бо истифода аз ҷаҳолати динии маскунин, он қисматеро, ки бо худаш буду пайрави ақидаҳои наҳзатӣ, бологузар карданӣ буду болонишин. Ва онҳоеро, ки ба исломи анъанавӣ ва суннатии бобоёнашон содиқ монданд, шиамазҳаб хонду аҳли куфр. Гӯиё намедонист, ки миёни ду мазҳаб тафовуте несту ду шохаи як динанд.
Аҷиб ба назар мерасад, вақте раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мунтазам ба кишварҳои исломии минтақа сафар мекунаду дар конфронсҳои якрангае чун «Бедории исломӣ» иштирок намуда, ҳамеша дар хориҷу дохил аз таҳаммулпазирию сабр фасонаҳо мехонад, сабурона тафриқаандозиҳои С. Адолатовро наззора мекарду пешгирӣ не. Баръакс ӯро аз сатҳи муовинӣ то раисии бахши бадахшонии наҳзат таъйин кард.
Таззоди муносибатҳо ва идоракунии ҳизбро бубинед. Шахсе, ки ба мазҳабҳои дигари ислом бо ҳисси нафрат менигарад, унвони як мазҳабро ҳамчун василаи таҳқири ҳаммазҳабони худ истифода мекунад, чӣ сон метавонад дар минтақаи хосу иборат аз пайравони мазоҳиби гуногун пешвои ҳизбӣ бошад? Дидаву дониста ба чунин амале роҳ додан, мақсад ангехтани нифоқу ихтилоф аст, ки оқибаташ хоҳу нохоҳ аз байн бурдани сулҳ асту оромӣ.
Хушбахтона, сокинони Язгулом ин нақшаҳои душманонаи ҲНИТ-ро дер ҳам бошад, дарк карданд ва барои пешгирии пайомадҳои номатлуб, ки аз кирдорҳои ҷиноятии С. Адолатов маншаъ мегирифтанд, бо шикояти дастаҷамъона ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ муроҷиат карданд.

Боздошти тафриқаандоз ва ҳимояи ҲНИТ аз ӯ
15-уми апрели соли 2014, дар асоси шикояти зиёда аз 30 нафар сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вравзи Ҷамоати деҳоти Язгулом, Адолатов Саодатшо ҳамчун гумонбар дар содир кардани иқдомоти ҷиноятӣ мувофиқи моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин) аз ҷониби мақомоти дахлдор боздошт гардид. 
Дар пайи хабари мазкур, баъди 10 соат, 16-уми апрели соли 2014, Баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ расонаӣ гардид, ки тибқи он наҳзатиҳо боздошти раиси бахши ҳизбашон дар ВМКБ-ро «амали навбатии тарҳрезидашуда алайҳи ҳизб» эълон карданд. Бидуни сафар ба минтақа ва санҷиши воқеият. Мисли он ки мунтазири боздошт буда бошанд. Барои онҳо шикояти беш аз 30 нафар сокинони Язгулом, сарнавишти садҳо занону духтарон, тифлону наврасон, ки Саодатшо Адолатов онҳоро дар радифи «нафратзадагон» қарор дода буд, аҳамияте надорад. Баёнияи ҳамешагӣ бо ҳамон каламоту ибораҳои забонзада: «амали навбатии тарҳрезишуда алайҳи ҳизб», «эҷоди тавтиа ва туҳмату буҳтонҳо», «фишору таҳдид» ва монанди инҳо иборат аст.
Муҳиддин Кабирӣ доимо аз таҳаммулу сабурӣ мегӯяд. Вале нависандаи ин сатрҳо ин арзишҳоро дар муносибати кормандони мақомот бо ҲНИТ мебинам. Бо чунин айбдоркуниҳои бепоя, ҲНИТ обрӯи эшонро дар миёни ҷомеа коста месозад, вале аксуламале аз ҷониби онҳо дида намешавад. Ҳар як дафъа, чунин баёнотҳо бояд аз назари ҳуқуқӣ омӯхта шуда, ташаббусгарон дар назди мақомоти судӣ барои навиштаю паҳнкардаашон ҷавоб гӯянд. Агар ҳаққанд, пас мақомот посух бигӯяд.
ҲНИТ боздошти Адолатовро «як амали навбатии тарҳрезишуда алайҳи ҳизб медонад». Кадомҳоянд амалҳои қаблӣ? Собит шудани далели ҳамдастии роҳбарони собиқи бахши ҲНИТ дар Бадахшон (Имомназаров И., Мамадризоев С., Карамхудоев Ш.) бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ? Ё зимни додани ришва ба намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудани раиси ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар Исфара Абдуманон Содиқов? Шояд муайян шудани далели ғайриқонунӣ хусусигардонии варзишгоҳи мактабӣ ва дар ҷойи он сохтани бозори «Саховат»?
Оё беҳтар нест, ки дастандаркорони ҲНИТ фош шудани алоқамандиҳои аъзову роҳбарони ҳизбиашонро бо аъмоли ҷиноятӣ бо изҳори қаноат бипазиранду мақомотро миннатдорӣ намоянд, ки сафҳояшонро аз аъзои нопок тоза месозанд. Ҳафтае пештар амнияти дохилаи ҲНИТ муовини бахши минтақавиаш дар Турсунзода Ризоев Маҳмараҷабро бо ҳамҷинсбозиаш фошу расвои олам кард. Нопокиҳои Холов  Иброҳим Исмоилович, имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Сомони Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро рӯйи об баровард. Мардум барои ин кор, ба Маҳмадалӣ Ҳайиту  барномаи видеоии «Нури наҳзаташ» аҳсан хонданд.  Касе низ баёния изҳор накард. Зеро далелҳо мушаххас буданд. Чунон ки дар барангехтани кинаву адовати динӣ аз ҷониби Саодатшо Адолатов мушаххасу матраҳанд. Пас агар чунин аст, биёед бародарони наҳзатӣ гиребони тавба ба даст гирему аз ниятҳои мунофиқонаю ангезандаи тафриқаю низоъ рӯй гардонем. Виҷдонатон дар назди Ватан соф мегардаду имонатон дар пеши миллат комил. Дар сурати идома додани чунин аъмол, барои бадандешон тақдир ҳамоне мешавад, ки асрҳо пеш ҷадди хирадмандамон ҳушдор дода буд:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
 
Мирсаид АБДОЛОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2014    №: 79    Мутолиа карданд: 816

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед