logo

маориф

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: «БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН ИДОМА ДОРАД!»

Солҳои охир дар аксари давлатҳои ҷаҳон раванди навсозии низоми таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ босуръат идома меёбад. Вобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон низ бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бо кадрҳои баландихтисос “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015”- ро тасдиқ намуда, дар доираи он як силсила чорабиниҳои заруриро амалӣ намуд.
Фаъолияти Маркази миллии тестӣ ҳам аз ҷумлаи чунин тадбирҳо буда,  дар ҷодаи ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба низоми байналмилалии таҳсилот мусоидат менамояд.
«Таҷрибаи кишварҳое, ки чунин тартиби қабули имтиҳонҳоро ҷорӣ кардаанд, нишон медиҳад, ки низоми мазкур барои интихоби шогирдони дар ҳақиқат сазовори номи донишҷӯй, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи азхудкунии дониш, хулоса дар ҷодаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ нақши муҳим мебозад. Рушди босуръати илму техникаи муосир тақозо менамояд, ки дар самти қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ принсипҳои шаффофият ва адолату дастрасӣ барои ҳамаи хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда шаванд»,- изҳор карда буд Сарвари давлат зимни ифтитоҳи марказ.
Раванди қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ дар шароити имрӯза иқдоми нав буда, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба таври   мутамарказ сурат мегирад, ки ин василаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот, санҷиши воқеии дониши довталабон ва паст кардани сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф шуморида мешавад.
- Мақсаду вазифаҳои оинномавии Маркази миллии тестӣ аз он иборат аст, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ дар нуқтаҳои ба макони зисти довталабон наздик, шаффоф, объективона ва бо таъмини иштироки баробару озодонаи ҷавонони мамлакат сурат гирад, - мегӯяд сардори шуъбаи идора ва қабули тести ММТ Маҳмадалӣ Раҳмонов. - Моҳияти асосии низоми нав аз он иборат аст, ки дар баробари санҷиши дониши фаннӣ, ба довталабон имконият дода шавад, ки онҳо дар равияҳои интихобкардаашон донишу малакаи худро биозмоянд. Мушоҳидаи ҷараёни бақайдгирии якуниммоҳаи довталабон дурустии гуфтаҳои Сарвари давлатро пурра тасдиқ кард. Пас аз таҳлилу омӯзиши натиҷаҳои бақайдгирӣ маълум шуд, ки довталабон ихтисоси ояндаи худро бештар  дар гурӯҳҳои (кластерҳои) 4  (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5  (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) интихоб намудаанд, ки ин нисбат ба нақшаи қабул ба маротиб зиёд мебошад. Шумораи ками довталабон ба гурӯҳи  1 (табиӣ ва техникӣ) рост меояд.
Вазъияти баамаломада масъулони ММТ-ро водор намуд, ки давраи бақайдгирии иловагиро аз 16 то 30 апрели соли 2014 барои довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайд гузашта буданд, эълон намоянд.
- Дар ин муҳлат довталабон тавонистанд номгӯйи ихтисосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблағ дар  филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба андозаи 14 сомонӣ иваз намоянд, - шарҳ дод тадбири мазкурро сухангӯйи ММТ Ситора Назарова. - Бақайдгирии иловагии довталаб танҳо дар нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном кардааст, ба роҳ монда шуд. Аз  пардохти маблағи муқарраргардида фақат довталабоне, ки падар ва модари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, озод шуданд.
Дар сомонаи ММТ илова бар ин хабари дигаре ба таваҷҷуҳи довталабон расонда шуд, ки он боиси бештар бақайдгирии сафи довталабон гардид. «Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хоҳиши шаҳрвандон, дар доираи  марҳалаи азнавбақайдгирӣ то таърихи 30 апрел бақайдгирии довталабони азқайднагузашта низ идома  ёфт».

Эмоми НАЗАРИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2014    №: 79    Мутолиа карданд: 691

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед