logo

ҳуқуқ

САНАД БИСЁР, ИҶРОЧӢ НАМЕРАСАД

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008, таҳти № 408 ва қарори Ҳукумат аз 1 апрели соли 2008, таҳти № 176 «Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро», иҷрочиёни суд аз тобеияти Шӯрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ ба тобеияти Вазорати адлия гузаронда шуданд.
Ба мақсади огаҳӣ аз таъмини иҷрои санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ситондани қарзҳои андоз ва маблағҳои алиментӣ бо Шариф Нуров, мудири бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои умумии Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суди Вазорати адлия мусоҳиб шудем.

- Шариф Ёрович, бигӯед, ки баъди ба тобеияти Вазорати адлия гузарондани истеҳсолоти иҷро ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» низоми фаъолияти соҳа чӣ сон ба роҳ монда шудааст?
- Иҷрочиёни суд то ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки соҳаро мушаххас ба танзим дароранд, таъмин набуданд ва ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ ва дигар санадҳо мақомот ба мушкилиҳо дучор мегардиданд.
Бинобар ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» таҳия ва қабул гардид, ки он аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифт. Ҳамин тавр, фаъолияти иҷрочиёни суд тибқи талаботи Сарқонуни    Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни зикргардида ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ба монанди Конвенсияи Минск, аз 22 январи соли 1993 дар бораи расондани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ ба корҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ, Конвенсияи Кишинев аз 7 октябри соли 2002, дар бораи расондани ёрӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ ба корҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ба танзим дароварда мешавад.
Мувофиқи муқаррароти қонуни мазкур вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ин иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданиву иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситондани ҷарима, мусодираи молу мулк ва иҷрои санадҳои дигар мақомот мебошанд.
Дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 3 қонуни истеҳсолоти иҷро оид ба ситондани қарзҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, рӯёндани ноустувори ҷарима, дигар муҷозот барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур ва мувофиқи қонунгузории андозу гумрук ба амал бароварда мешавад. Инчунин, мувофиқи моддаи 4 қонуни зикргардида, иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) уҳдадор менамояд, аз ҷониби судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Тартиби иҷрои ин намуд санадҳои судӣ бо моддаҳои 77, 78 ва 79-и ҳамин қонун муайян гардидааст.
- Солҳои охир масоили ситондани қарз ва мушкилоти ҳалли он бештар ба назар мерасад. Дар ин маврид қонунгузорӣ чӣ тадбирҳоро пешниҳод кардааст?
- Баҳри таъмини иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба ситондани маблағҳои қарзӣ, маблағҳои зарари расондашуда ва маблағҳои қарздории алиментӣ ба манфиати фарзандони ноболиғ, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби қарздорӣ, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» тартиби пешбурди Феҳристи қарздоронро муайян намудааст. Айни замон Феҳристи қарздорон дар Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суди Вазорати адлия, раёсатҳои адлияи ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон ташкил карда шудааст. Маълумот дар бораи қарздорон, ки номашон дар феҳрист сабт шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии манфиатдор бо пардохт намудани боҷи давлатӣ дода мешавад.
Масъалаи муҳими дигаре, ки ба танзим дароварда шудааст, иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ вобаста ба маскун намудани ситонанда ба манзили истиқоматӣ мебошад. Тибқи талаботи моддаи 82-и қонун дар мавриди ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудан дар муҳлати муқаррарнамуда он аз ҷониби иҷрочии суд ба таври маҷбурӣ амалӣ гардонда мешавад.
- Яке аз масъалаҳои доғ барои ҷумҳурии мо ситондани алимент мебошад. Дар аксар ҳолат падарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта зану фарзандони худро фаромӯш мекунанд. Бигӯед, ки иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба ситондани алимент чӣ тавр сурат мегирад?
- Натиҷаи ҷамъбасти солҳои 2011-2013 нишон медиҳад, ки воридшавии шумораи ҳуҷҷатҳои иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд, вобаста ба ситондани алимент сол ба сол тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сабабу омилҳои асосии зиёд гардидани қарздори алиментӣ, ин ба шароити моддӣ ва вазъи иқтисодии қарздор, берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан (бо ҳалномаҳои ғоибонаи судӣ бе иштироки қарздор қонеъ гардидани талаботи даъво) ва аз саркашии бевоситаи ӯ аз супурдани алимент алоқаманд мебошад.
Барои муайян намудани ҳолати молу мулкии қарздор иҷрочии суд уҳдадор аст, санҷиши манзили истиқоматии қарздорро ба роҳ монда, ҳамзамон аз мақомоти дахлдор перомуни ба расмият даровардани молу мулки манқул, ғайриманқул ба номи қарздор ва мавҷуд будани пасандозҳои бонкӣ маълумот талаб намояд. Инчунин, баҳри таъмини иҷрои ҳуҷҷати иҷро, ба ҳабс гирифтани молу мулк бояд бо риояи талаботи моддаи 432 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, ки қариб дар ҳама ҳолат молу мулки аз маҳдудияти гузошташуда барзиёд дарёфт намегардад.
Иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ вобаста ба ситондани алимент, берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имконпазир мебошад. Дар ҳолате, ки қарздор дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ё ҳамон ҷо истиқомат менамояд, бо риояи талаботи Конвенсияи Кишинев (аз 7 октябри соли 2002) дар бораи расондани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ ба корҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ иҷрои санади судиро таъмин кардан мумкин аст.
Мувофиқи талаботи моддаи 56 Конвенсияи Кишинев дархост оид ба эътироф ва иҷро намудани ҳалнома аз ҷониби тарафе, ки ба фоидаи ӯ даъво қонеъ карда шудааст, бояд ба суде, ки ба тобеияти тарафҳои шартнома тааллуқ дорад ва ин ҳалнома бояд иҷро карда шавад, супорида шавад. Ҳамзамон дархостро ба суде, ки дар марҳалаи якум ҳалномаро қабул намудааст, супоридан мумкин аст. Суди номбурда, дархост оид ба эътироф ва иҷро намудани ҳалномаро ба суди тобее, ки ваколати баровардани ҳалнома аз рӯи дархостро дорад, равон менамояд.
- Соли гузашта иҷрои чанд ҳуҷҷат таъмин гардид ва омилҳои асосии гузарондани муҳлати амалҳои иҷро дар чист?
- Муқаррар гардид, ки ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд дар давраи ҳисоботии соли 2013 39594 адад ҳуҷҷати иҷро ворид шудааст. Аз он 5549 ҳуҷҷат аз соли гузашта боқӣ монда, иҷрои 30695 адад ба таври воқеӣ таъмин гардид. 4836 ҳуҷҷати иҷро ба ситонандагон дар асоси моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва моддаи 834 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шуд. 728 ҳуҷҷат аз рӯи тобеият ба дигар иҷрочиёни суд, 543 ҳуҷҷат ба ҷои кори қарздорон ва 276 ҳуҷҷат ба ҷои адои ҷазои маҳкумшудагон ирсол шуда, иҷрои 1354 ҳуҷҷат аз тарафи суд қатъ гаштааст.
Натиҷаи ҷамъбасти ҳисоботи оморӣ нишон медиҳад, ки воридшавии ҳуҷҷати иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд сол ба сол зиёд гардида истодааст. Агар дар соли 2008 ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд дар сатҳи ҷумҳурӣ 23 ҳазору 177 адад ҳуҷҷати иҷро ворид гардида бошад, ин шумора дар соли 2013 ба 39 ҳазору 594 адад расидааст, ки истеҳсолоти иҷрои оғозгардида дар қиёс бо соли 2008 ба миқдори 16417 адад зиёд аст. Аз рӯи амалияи маъмул ба ҳар як судя бояд як иҷрочии суд вобаста бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шудани истеҳсолоти иҷро, ҳар як судя бо як иҷрочии суд фаъолият дошт.
Айни замон теъдоди судяҳои судҳои ҷумҳурӣ бо татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ ва оилавӣ зиёд гардида ба 441 нафар расидааст, ки ин нисбат ба теъдоди басти иҷрочиёни суд 208 нафар зиёд мебошад. Воридшавии сарбории иҷрочиёни суд назар ба соли 2008 ба миқдори 71,7 дарсад зиёд гардидааст. Ин номутаносибӣ низ яке аз омилҳои асосии гузарондани муҳлати амалҳои иҷро ва ба таври дахлдор иҷро нагардидани ҳуҷҷатҳои иҷро аз ҷониби иҷрочиёни суд мегардад.
Ҳамчунин норасоии муътадили шароити кор, аз қабили набудани ҳуҷраҳои корӣ ва аз ду то дувоздаҳ нафар дар як ҳуҷраи корӣ ҷой гирифтани иҷрочиёни суд ба натиҷаи фаъолияти онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ҷамъбаст намуда, саривақтӣ таъмин нагардидани иҷрои баъзе санадҳои судиро аз пайваста зиёд гардидани теъдоди санадҳои судӣ ва нокифоя будани шумораи иҷрочиёни суд асоснок намудааст.
Ҳамзамон, Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд бо шумораи 8 басти корӣ ва дар раёсатҳои адлияи вилоятҳо шуъбаҳои ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд бо теъдоди 3-4 басти корӣ фаъолият менамоянд, ки мутахассисон аз зиёд будани арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва дастуру супоришҳо, имконияти ҷамъбасту таҳлили ҳаматарафаи соҳаи истеҳсолоти иҷроро надоранд.
Инчунин баҳри таҳлилу ҷамъбасти соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолоти иҷро ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба мақсад мувофиқ мебошад, ки дар заминаи Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд сарраёсат таъсис шуда, басти кории мутахассисони он зиёд карда шаванд.

Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2014    №: 79    Мутолиа карданд: 761

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед