logo

ҳуқуқ

ПАЁМ - РОҲ БА СӮИ ИНКИШОФ

К. КАРИМОВ,
судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ

Инак, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои ин мақоми олии қонунгузорӣ ва намояндагӣ ба халқи Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ироа гардид.

Мавриди зикр аст, ки сол ба сол таваҷҷуҳи мардуми кишвар, алалхусус кормандони касбу кори гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба Паём чун барномаи ҷорӣ ва стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ва сиёсии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон зиёд мегардад.
Паём, агар аз як ҷониб инъикоси дуруст, воқеъбинона ва объективии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва дар он таҳаввулоти геополитикӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ифода ёбанд, аз ҷониби дигар он шаҳодати сол ба сол боло рафтани сатҳи касбии фаъолияти идоракунии давлат, яъне саривақтӣ будани ислоҳоти идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ, пайгирӣ намудани буҳронҳои иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ва вобаста ба онҳо пешбинӣ намудани барномаҳои зиддибуҳронӣ, инчунин боло рафтани масъулияти давлат ва Ҳукумат дар таъмини некуаҳволии халқи Тоҷикистон ва бо ҳамин гузоштани пояи ҷомеаи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Хусусияти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин аст, ки он солҳои охир ба сифати яке аз сарчашмаҳои асосии фаъолияти қонунгузорӣ ва меъёрэҷодкунии мақомоти дахлдори давлатӣ шинохта шуда, дар таҳия, қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла барномаҳои дахлдори давлатии барои рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ зарур, махсусан асосноккунии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявии онҳо нақши арзанда дорад. Ҳамчунин андешаҳое, ки Сарвари давлат дар Паёми худ оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ, дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи он, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ, нигаронии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз равандҳои номатлуб ва хатарҳои замони муосир изҳор менамояд, онҳо ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф шуда, заминаи асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии Тоҷикистон мебошанд.
Оғоз намудани Паёми навбатӣ аз нақш ва аҳамияти таърихии Конститутсия, ки соли равон мардуми шарафманди Тоҷикистон 20 - солагии қабули онро дар рӯҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, дастовардҳои бузурги меҳнатӣ, аз ҷумла ба истифода додани зиёда аз 150 корхонаи нави истеҳсолӣ, ба ин васила ташкили зиёда аз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва боло рафтани сатҳи зисту зиндагӣ ва некуаҳволии халқ ҷашн мегиранд, бесабаб нест.
Аҳамияти таърихию сиёсии қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистқлол ва нақши он дар давлату давлатсозӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуда, зикр гардид, ки «Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд…, барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд».
Чунин муносибати Сарвари давлат ба ин санади олии ҳуқуқӣ аз он бармеояд, ки Конститутсияи соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар замони соҳибихтиёрии давлати тоҷикон қабул шуда, дастоварди бузурги таърихи навини давлатдории мо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, иродаи халқи шарафманди Тоҷикистон ҳамеша бояд мавриди эҳтироми ҳамагон қарор дошта бошад.
Дар Паём вобаста ба ҳадафҳои стратегии давлат, ки он бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ба риояи дақиқи Конститутсия ва қонунҳои мамлакат талаботи ҷиддӣ пешниҳод карда шуда, риоя ва иҷрои онҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ арзёбӣ гардид.
Чунин андеша ба муқаррароти моддаҳои 10 ва 42 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд», тавъам буда, барои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо рӯз ба рӯз аҳамияти актуалӣ касб менамояд.
Вобаста ба ин, боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо тақозои замони муосир арзёбӣ гардида, таъмини волоияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи қоидаи амал ва рафтори навиштаи давлат, ҷомеа ва шаҳрванд бе фарҳанги волои конститутсионӣ ғайриимкон дониста шуд.
Воқеан, фарҳанги конститутсионӣ аз муносибати давлат, ҳокимият, шахсони мансабдор ва ҳар узви ҷомеа ба Конститутсия, риояи бечунучарои меъёрҳо ва принсипҳои он, тайёр будани давлат ва ҷомеа барои зистан дар фазои конститутсионӣ баҳо дода мешавад. Фарҳанги конститутсионӣ дар ҳама ҷабҳаҳои моддии ҷомеаи иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Он дар заминаи мустаҳками арзишҳо, ғояҳои маънавӣ ва моддии коркардашуда, побарҷомонда ва баркашидашудаи афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеаи инсонӣ пайдо шудаанд.
Хусусияти фарҳанги консти-тутсионӣ  дар он ифода меёбад, ки қонуни асосӣ бояд ҳама гуна низоми эътирофшудаи арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дарбар гирад, ҳифзи боэътимоди онҳоро кафолат дода, устуворӣ ва пешравии мамлакатро, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои замони муосир, ки инсоният ба онҳо рӯ ба рӯ шудааст, таъмин карда тавонад. Вобаста ба ин, солҳои охир дар адабиёти илмӣ зикр мешавад, ки сатҳ ва моҳияти конститутсионализмро на мавҷудияти конститутсия дар ҷомеа, балки фарҳанги конститутсионии ҷомеа муайян менамояд.
Дар Паём инчунин нисбат ба сифати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ изҳори назар шуд. Ба андешаи Сарвари давлат «амалӣ гаштани қонун аз сифати он вобастагӣ дорад. Сифати баланди қонун амалӣ гардидани ҳадафҳои асосии қабул ва самаранокии онро таъмин мекунад».
Дар самт ва фаъолияти меъёрэҷодкунӣ дар баробари техникаи қонунгузорӣ, бояд ба мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ, забон, мушаххасии қоидаи рафтор, имконияти фарогирии муносибатҳои ҷамъиятӣ, доираи танзими масъала, кам кардани ҳаволакунии танзими иловагии ин ё он масъала дар дигар санадҳои зерқонунӣ аҳамияти махсус дода шавад. Танҳо дар ҳамин ҳолат санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақсади дар назди он гузошташуда расида, ба татбиқкунандааш дар иҷрои он мусоидат карда метавонад.
Асосноккунии санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муҳимтарин омили қабул, татбиқ ва ба соҳаи дахлдори хоҷагии халқ дуру дароз манфиатовар будани он мебошад, мавриди андешаи Сарвари давлат қарор гирифт. Чуноне ки таъкид гардид: «Субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ вазифадоранд, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо зарурат, аҳамият ва дурнамои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, асосҳои иқтисодиву молиявӣ ва тартиби амалишавии онҳоро дар маркази диққат қарор диҳанд».
Муносибати давлат ва Ҳукумат нисбат ба фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки аз Конститутсияи кишвар сарчашма гирифта, аз ҷониби Президенти мамлакат бори дигар таъкид гардид, боиси қаноатмандии соҳибкорони ҷумҳурӣ нашуда наметавонад. Рӯ овардан ба соҳибкорон, дастгирии ҳамаҷонибаи истеҳсолкунандаи ватанӣ ва молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба хотири рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ба роҳ мондани тартиби содакардашудаи бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, ба онҳо дастрас кардани ашёи хоми ватанӣ метавонад дар самти инкишофи иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбати худро расонад.
Маҳаки асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин ба зиндагии арзанда ва шоиста сазовор будани халқи сарбаланд ва шарафманди Тоҷикистони азиз мебошад ва итминони комил дорем, ки татбиқи самараноки он моро ба бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва расидан ба орзуву ормонҳои миллӣ наздик менамояд. Дар навбати худ иҷрои он аз ҳар шаҳрванди баномуси мамлакат фаъолияти созандаю бунёдкоронаро тақозо дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2014    №: 80    Мутолиа карданд: 593

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед