logo

сафарҳо

Латвия дарвозаи Тоҷикистон ба Аврупо хоҳад буд

Cафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия субҳи 9 феврал бо маросими истиқбол дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Латвия, ки бо номи Кохи Рига маъруф аст, оғоз ёфт.

Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди ифтихории Латвия, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифт.
Маросими мазкур мустақиман аз тариқи шабакаи якуми телевизиони давлатии Латвия пахш гардид.
Масоили ҷорӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои  расмӣ баррасӣ шуданд.
Ба барқарорсозии робитаҳои анъанавии миёни Тоҷикистону Латвия, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд ва ташкилу густариши ҳамкориҳо дар самтҳои коркарди нахи пахта, пӯст, пашм, меваю сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки табиӣ, азхуднамоии захираҳои обию энергетикӣ, рушди нақлиёту коммуникатсия ва туризм изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Латвия якчанд санади бунёдии ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Латвия;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Латвия. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс нишасти матбуотӣ ороста, ба натиҷаҳои гуфтушунид баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки бо ин сафар ва ба имзо расидани санадҳои бунёдии ҳамкорӣ заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳким ва густариши муносибатҳои ба ҳар ду кишвар судбахш гузошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Рига ба зери пояи Муҷассамаи Озодии Ҷумҳурии Латвия гулчанбар гузошта, ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ ва таърихии мардуми ин кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.
Дар ин маросим Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ҳамроҳӣ намуд.
Масоили ташкил ва густариши робитаҳои байнипорлумонӣ ва таҳкими асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Латвия Гундарс Даудзе баррасӣ шуданд.
Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Латвия бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс баргузор гашт.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бори дигар зимни анҷумани соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки басо манфиатбахш ва босамар буд.
«Тоҷикистон шарики умедбахш ва қавии мо дар Осиёи Марказист ва Латвия пули миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс.
«Шумо ба мо Аврупо ва мо барои Шумо ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ роҳ мекушоем», - изҳор дошт дар ҷавоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Аз рӯйи натиҷаҳои он чанд мувофиқаҳои муҳим миёни соҳибкорони ду кишвар ба даст омад, ки, албатта, мавриди дастгирии сиёсию ҳуқуқии ду ҷониб қарор мегиранд.
Оид ба тафсилоти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду  кишвар  Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Латвия  Иварс Годманис гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба гиромидошти сафари нахустини Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвараш зиёфати бошукӯҳи давлатӣ орост.
Шоми 9 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари расмӣ ва анҷом додани мулоқотҳо бо роҳбарияти олии созмонҳои аврупоӣ ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба шаҳри Брюссел – пойтахти  Белгия сафар кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 858

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед