logo

номаҳо

ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁН МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ?!

Баъзе ҳамсолонам муҳоҷиратро ягона воситаи рӯзгузаронӣ мешуморанд. Мутаассифам, ки онҳо танҳо  ба ояндаи наздик назар меафкананду ҳарчи барвақт  ба муҳоҷират рафтану зиёдтар маблағ ба даст оварданро ҳадафи зиндагии худ қарор медиҳанд.
Иддае аз ҷавонон дар паси мизи мактабӣ бидуни андешаи он, ки дониши амиқ омӯзанду  пешаеро интихоб намоянд, бо фикри мактабро тезтар хатм кардану ба муҳоҷират рафтан менишинанд. Чунки дар мағзи онҳо андешаи нобоварӣ бобати он, ки дар дохили кишвар вазъи маишии зиндагияшонро хуб ба роҳ монда метавонанд ё на, хеле зиёд аст. Фикр мекунам, оне, ки дониш, кӯшиш ва аз ҳама муҳим хоҳиш дорад, дар ҳар гӯшаю канори кишвар метавонад  зиндагии шоистаро ба роҳ монад.  Бо вуҷуди ин ҳама дастгириҳо қисми зиёди ҷавонон ба пораи нони бо меҳр пухтаи модаронашон носипосӣ карда, ҳавои зиндагии шоистаю шоҳона ба сар рӯ ба муҳоҷират меоранд.
Хусусан ба муҳоҷират рӯ овардани  хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё донишҷӯёни макотиби олӣ нишони кӯтоҳандешӣ аст. Бештари онҳо баҳорон дар мавсими кишту кор ба муҳоҷират мераванду баробари фарорасии фасли сармо чун парандагони гармидӯст ба Ватан бармегарданд  ва то оғози кишту кор бекор менишинанд. Фикр мекунам, онҳо агар ба ҷои  меҳнати сангини ҷисмоние, ки дар кишвари ғайр мекунанд, баҳри ободии диёри худ камар банданд, мушкили фурӯпошии оилаҳои ҷавон ва ҳам раҳинтизориҳои модарон камтар мегардад.
Фарзонаи МУРОД, Донишҷӯ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 608

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед