logo

маориф

ТАЪСИСИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ ИЛМӢ - ТАЛАБИ ЗАМОН

Раљабалї САНГОВ,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи

Мушкилие, ки имрӯз пешорӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ қарор дорад ва қисме аз муҳаққиқони кишварамон наметавонанд рисолаҳои илмии худро сари вақт ҳимоя намоянд, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия боздоштани фаъолияти аксари Шӯроҳои диссертатсионии дифои рисолаҳои илмӣ (қаблан 48 Шӯрои илмӣ амал мекард!) мебошад.

Ҷиҳати аз нав ба фаъолият шурӯъ намудани Шӯроҳои илмии диссертатсионии қаблан дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Чанде пеш тамоми раисони Шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ дар ҳузури вазири маориф ва илм уҳдадор шуданд, ки санадҳои меъёрии Шӯроҳои диссертатсиониро мувофиқи талаботи Низомномаи нави Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия омода намуда, барои тасдиқ пешниҳод намоянд.
Сиёсати имрӯзаи давлат дар соҳаи маориф пеш аз ҳама ба болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот равона шудааст. Амалӣ шудани ин сиёсат ислоҳоти куллии соҳаи маориф, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ва технологияи кредитии таълим аст.
Гузаштан ба низоми таълими 12-сола дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ тайёр намудани стандартҳои таълимӣ ва давлатӣ, ҷорӣ кардани имтиҳони ягонаи давлатӣ - тавассути Маркази миллии тестӣ, ҳамгироии маълумот ва тайёр кардани мутахассисон дар зинаҳои бакалавр, магистр, доктор (PhD) талаби замони муосир аст.
Баёнияи Болония барангезандаи таҳав-вулоти ҷиддии ҷаҳони имрӯза дар самти таҳсилот ба шумор меравад. Пас аз қабули санади мазкур таваҷҷуҳи як қатор давлатҳо ба он зиёд шуда, ҷиҳати пайравӣ ва ҷонибдорӣ ба он тадбирҳои амалӣ андешиданд. Тавре таъкид шуд, имрӯз аксари муҳаққиқони кишварамон наметавонанд рисолаҳои илмии омоданамудаи худро дар шӯроҳои илмии қаблан фаъолиятдошта ҳимоя намоянд.
Бо назардошти рафъи чунин мушкилот, таъмини эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо кадрҳои дорои дараҷаву унвони илмидошта, тайи солҳои охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар низоми байналмилалии PhD тайёр намудани кадрҳои илмӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)”, аз 2 ноябри соли 2012, № 625 “Дар бораи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос” ва аз 3 августи соли 2013, № 341 “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)” ба тасдиқ расонда шуданд.
Татбиқи амалии санадҳои мазкур имкон фароҳам меоварад, ки ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ масъалаи эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ баррасӣ шавад. Бо назардошти талаботи асноди таҳия ва ба тасвибрасида ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи олии аттестатсионии дифои рисолаҳои илмӣ дар низоми байналмилалии (PhD) таъсис дода мешавад. Албатта, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ҳамчун муждаи фараҳбахш дар давоми солҳои соҳибистиқлолии миллии кишвар ва нахустин гоми даврони соҳибистиқлолии миллӣ дар раванди рушду ташаккули илми миллӣ аст.
Комиссияи олии аттестатсионии дифои рисолаҳои илмӣ дар низоми байналмилалии (PhD) наметавонад саддеро ба фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионии дифои рисолаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионии даврони шӯравӣ ва ё пасошӯравӣ (манзур Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия) эҷод намояд. Зеро дар сурати таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли нави таҳсили пешомад довталабон ба магистратураву докторантураи (PhD) тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура), ки на камтар аз 3 сол муқаррар гардидааст, қабул карда мешаванд.
Яъне, Комиссияи олии аттестатсионии дифои рисолаҳои илмии дар низоми байналмилалии (PhD) таъсисёбанда айни замон наметавонад низоми маъмули анъанавии то ин вақт амалкунандаро иваз намояд, балки ҳар ду комиссия то вақти муайян метавонанд фаъолият дошта бошанд.
Тибқи талаботи банди дуюми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)” “Дипломи дараҷаи илмии доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва дипломи дараҷаи илмии номзади илм баробарарзиш дониста мешаванд”.
Бо назардошти талаботи банди 3 -и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 625 “Дар бораи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос” дар ном ва матни қарор ва низомномаи мазкур (Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)) калимаҳои докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ба калимаҳои “доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос” иваз карда шудаанд.
Яъне, ба шахси дар низоми байналмилалии докторантураи PhD ҳимоякарда, дараҷаи илмии зинаи аввал доктори фалсафа (PhD) ва баъдан дараҷаи ниҳоии он- доктор аз рӯи ихтисос дода мешавад.
Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Тоҷикистон нахустиқдом буда, аз чанд ҷиҳат ба манфиати шаҳрвандон аст. Пеш аз ҳама шаҳрвандон рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои илмии кишвар ба забони давлатӣ омода намуда, ҳимоя мекунанд ва тасдиқи онро аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ дар кишварамон мегиранд. Барои ин на ба забони ғайридавлатӣ тарҷума кардани он ва на зарурати бо хароҷоти зиёд ба хориҷи кишвар рафта, ҳимоя кардани он пеш меояд. Албатта, аз муҳаққиқон мавзӯю ҳадаф ва муҳтавои рисолаҳои илмӣ (аннотатсия) дар ҳаҷми чанд саҳифа ба забони русиву яке аз забонҳои хориҷӣ талаб карда мешавад.
Сониян, ба татбиқи амалии талаботи моддаи 10 «Забони илм»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 иброз дошта буданд, ки “Масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ яке аз масъалаҳои бисёр муҳими инкишофи забони модарӣ мебошад... Ба ғайр аз соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, ки дар ин бахш ҳам на ҳама ба забони тоҷикӣ ба таври комил асарҳои худро таҳия мекунанд, дар аксарияти соҳаҳои илмҳои дақиқ ҳамоно асарҳои илмиву таҳқиқотӣ ба забонҳои дигар навишта мешаванд”.
Омили ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ ин пеш аз ҳама таҳияи истилоҳоти илмӣ, таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳоти забон, таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ, фарҳангномаҳои классикии форсӣ-тоҷикӣ, таҳия ва нашри фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти техникӣ, технологӣ, биология ва тиб, таҳияи вожаномаву муҳовараҳои дузабонаю сезабона, таҳияи Барномаи сатҳи академии забони тоҷикӣ ва забони илм, фарҳангҳои истилоҳоти соҳавӣ, тафсирии англисӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти технологияи компютерӣ, истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои компютерӣ, таҳияи барномаҳои компютерии омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши фанҳои дигар ба забони давлатӣ, таҳияи барномаҳои тарҷумаи компютерӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои дигар ва аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ, ба забони тоҷикӣ тарҷума намудани асарҳои илмӣ ва амсоли инҳо мебошанд.
Солисан, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, ҳамчунин идораву мақомоти дахлдор тибқи талаботи Меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ имкони аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ бо кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмидошта таъмин шуданро пайдо мекунанд.
Муҳимтар аз ҳама, ҳамасола садҳо рисолаҳои илмии дар дараҷаҳои номзадиву докторӣ таҳияшуда, ки дар аксари онҳо идеяҳои наву созанда, навгониву кашфиёт, ихтироот ва муҳимтар аз ҳама дастовардҳои илмӣ - неру ва моликияти зеҳнию инноватсионии муҳаққиқони кишварамон ифшо шудаанд, бояд бо назардошти риояи банди сеюми моддаи 40-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст” ҳамчун моликияти зеҳнии миллӣ ҳифз карда шаванд. Вале ҳамасола беҳтарин андешаву идеяҳои миллии илми тоҷик танҳо ба хотири дарёфти ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи дараҷаи илмӣ (диплом), ҳатто бо дархосту хоҳиш ва оварагиву сарсониҳои зиёд ба таври ройгон ва бе ҳимоя аз даст меравад. Ҳол он ки омили асосии рушди кишварҳои мутараққӣ ташаккули илм - идеяҳои созандаву бунёдгароёна ва татбиқи амалии он аст.
Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ иҷрои талаботи яке аз бандҳои “Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ва илмии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, роҳҳои муосири тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмиро фароҳам меоварад.
Маорифу  илмро ба ҳам тавъам намуда, соҳаи афзалиятноки ҷомеа - маорифро як ниҳоди муштарак- Вазорати маориф ва илм номгузорӣ кардан аз иқдоми маорифпарваронаи Сарвари давлат мебошад. Дуруст аст, ки тавъамии илму маориф ва натиҷаи баҳрабардорӣ аз раванди таълиму тарбияи комил ҳар фарди маърифатпешаро ба дараҷаҳои илм - мартабаи олимӣ ва кишварро ба ҳолати тараққиёт мерасонад, ки ин орзуи ҳар фарди бедордилу худогоҳ ва соҳибмаърифат маҳсуб меёбад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 978

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед