logo

ҳуқуқ

КАФОЛАТИ ҲИМОЯИ СУДИИ ШАҲРВАНДОН

Б. МУРОДОВ,
судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон


Дар моддаи 5 - и Конститутсия гуфта шудааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Яъне давлат онҳоро ҳамчун заминаи мавҷудияти инсон дар сарчашмаҳои расмии ҳуқуқ эътироф мекунад, риоя ва иҷрояшонро бо кафолат таъмин менамояд. Давлат барои риояи дурусти ҳуқуқу озодиҳо шароит фароҳам меорад ва дар ҳолати вайроншавӣ субъектҳои таҷовузкунандаро ба ҷавобгарӣ мекашад, тавассути мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ механизми ҳимояи ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар мекунад.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ ва риоя нашаванд, онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин хоҳанд гашт.
Бо ҳамин тартиб, давлат ба воситаи Конститутсия, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тариқи фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд чунин шароитеро фароҳам орад, ки инсон худро дар ҷомеа озод ҳис намояд, имконият дошта бошад, ки тамоми неруи зеҳнӣ, ақлӣ ва ҷисмонии худро пурра истифода бурда тавонад. Дар баробари ин, таъмини риоя ва бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифз намудани онҳо маънои онро надорад, ки дар ҳеҷ як маврид онҳо маҳдуд карда намешаванд. Конститутсия ва қонунҳо ҳолатҳои истисноиеро пешбинӣ ва муайян кардаанд, ки дар сурати мавҷудияти онҳо давлат метавонад ҳуқуқу озодиҳои шахси алоҳида ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро маҳдуд намояд.
Масалан, Сарқонун ҳолатҳои зерини истисноиро муайян кардааст, ки дар сурати мавҷудияти онҳо ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон иҷозат дода мешавад:
Бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон; таъмини тартиботи ҷамъиятӣ; ҳимояи сохти конститутсионӣ; тамомияти арзии ҷумҳурӣ.
Дар сурати мавҷуд будани ин ҳолатҳо низ набояд ба суистеъмол ва худсарӣ роҳ дода шавад. Масалан, дар боби 19 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба «Ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» бахшида шудааст, оид ба вайрон кардани меъёрҳои дар боло зикргардидаи конститутсионӣ дар моддаҳои 143 - 164 ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст. Чунончи, моддаи 143 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон, яъне қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи сиёсӣ, молу мулкӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат ба дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расондааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст.
Мувофиқи моддаи 19 - и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст баррасӣ намояд. Аз ин меъёри Конститутсия бармеояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ муқаррар шудааст. Яъне давлати Тоҷикистон ҳимояи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҳимояи афзалиятнок эътироф намуда, онро кафолат додааст.
Маврид ба зикр аст, ки бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 №564, Кодекси нави мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма гирифта, аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дорад. Дар қисми 1-и моддаи 123 - и кодекси номбурда омадааст, ки аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ба прокуроре, ки иҷрои қонунҳоро ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ назорат мекунад, шикоят оварда мешавад. Аз амал ва қарори прокурор ба прокурори болоӣ ва ё суд шикоят карда мешавад. Ҳамчунин, дар кодекси мазкур салоҳияти суд васеъ шуда, акнун ҳама гуна маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳои шахс ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо иҷозати суд амалӣ мегардад.
Чунончи, дар моддаи 35 - и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:
Танҳо суд ҳуқуқ дорад: шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо таъйин кунад; нисбат ба ноболиғ чораҳои дорои хусусияти тарбиявӣ доштаро таъйин кунад; нисбат ба шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъйин кунад; барои шахсро ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан иҷозат диҳад ва ё муҳлати онро дароз кунад; санадҳои қабулкардаи судҳои марҳилаҳои поёниро бекор кунад ва ё тағйир диҳад; оид ба гузарондани экспертизаи судӣ - тиббӣ ё судӣ равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, иҷозат диҳад; барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он, иҷозат диҳад; барои кофтукови манзил иҷозат диҳад; ба ҳабси молу мулк иҷозат диҳад; барои кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ иҷозат диҳад; барои ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарор доранд, иҷозат диҳад; ба ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа иҷозат диҳад; дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда қарор қабул кунад; ба гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо иҷозат диҳад.
Ҳамин тавр, ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ҳамчун меъёри конститутсионӣ қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, новобаста аз мавҷудияти расмиёти соҳавӣ бевосита дар ҳаёт татбиқ карда мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 512

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед