logo

ҳуқуқ

ҚОНУН ҶАВШАНИ ИНСОНИ ОЗОД АСТ

Волоияти қонун дар ҳамаи давру замон чун шарти асосии пешбурди зиндагӣ маънидод мешавад. Зеро ба вуқӯъ пайвастани таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ риояи меъёру талаботи ҳуқуқиро тақозо дорад. Ва тараққиёти ҷомеа дар ҳама бахшҳои давлатдорӣ низ танҳо дар доираи қонунҳои ҷорӣ воқеӣ ва бобақост. Чунки ҷавҳари ҷомеаро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.
Ин нукта дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу равшан сабт ёфтааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатри аввали фаъолияти кории сохторҳои қудратӣ қарор дорад. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23 апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, дар ин бора таъкид шудааст: «Имрӯз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия андешаҳои муосири парламентаризми миллӣ рушду такомул ёфта, аз ҷониби парламенти мамлакат раванди эҷоди қонун, ки ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва танзими муносибатҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мебошад, идома дорад». Ба таъкиди Сарвари давлат: «мақомоти прокуратураро зарур аст, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро тақвият бахшида, барои таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он… ҳамаи чораҳои пешбиникардаи қонунро бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона амалӣ намоянд», масъулияти кормандони прокуратураро дучанд меафзояд.
Бо ин мақсад тибқи қонунҳои амалкунанда ва фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №7 аз 20 октябри соли 2008 «Оид ба чораҳои пурзӯр намудани назорати умумӣ ва баланд бардоштани саҳми он дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ» дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ санҷишҳои прокурорӣ гузаронда шуданд. Ба мақомоти прокуратура муяссар гардид, ки ҳолатҳои зиёди қонуншиканиҳоро ошкор созанд ва дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда комёб шаванд. Аз ибтидои соли 2013 то ин дам вобаста ба назорати иҷрои якхелаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 46 санҷиш гузарондем, ки дар натиҷа 28 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 1 миллиону 882 ҳазору 145 сомонӣ барқарор гашт. Ҳамчунин 69 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 75 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 160 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Санҷишҳои прокурорӣ оид ба пардохти саривақтии андозҳои гуногун дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, тибқи нақша сурат гирифтанд ва камбудиҳои ҷиддии пинҳон кардани даромади иқтисодӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва дигар амалҳои номатлуб ошкор шуданд. Дар асоси эътирозҳои прокурорӣ 8 қарори ғайриқонунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бекор гардид.
Дуруст аст, ки имрӯз тафаккури ҳуқуқии мардуми деҳот ба тарғибу омӯзиш ниёз дорад. Дар ин самт аз ҷониби мақомоти прокуратура корҳои муайян анҷом дода шуданд. Зеро фароҳам овардани фазои ягонаи ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократист. Ва самти муҳими фаъолияти мақомоти прокуратура дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти интизомӣ низ расидан ба ин ҳадаф аст.
Дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа фаъолияти самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум нақши тарғибот, гузарондани вохӯрию суҳбатҳо, мизҳои мудаввар, чопи дастурҳои роҳнамосоз ва дастрасии онҳо ба аҳолӣ хеле калон аст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам мардум, бахусус деҳотиён аз одитарин ҳуқуқҳои худ огоҳӣ надоранд. Мисоли ин рух додани амалҳои номатлуби нашъамандӣ ва худсӯзӣ миёни ҷавонону духтарон аст. Агар хурӯҷи нашъамандӣ як навъ сабабҳои объективӣ дошта бошад, дастзании ҷавонону духтарони деҳот ба амали худсӯзию сӯиқасд ба ҷон танҳо аз надонистани ҳуқуқҳои худ, аснои пеш омадани ягон мушкилоти рӯзгори оилавӣ ё дигар масъалаҳои иҷтимоӣ сар мезананд.
Бо мақсади ҷоннок кардани корҳои тарғиботӣ дар ноҳия Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолият карда, ҳар семоҳа вазъи иҷрои қонунҳоро дар бахшҳои гуногун баррасӣ мекунад. Гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли фарҳанг, масъулони ҷамоатҳо аз рӯи нақша бо аҳолӣ суҳбатҳо гузаронда, моҳияти қонунҳои ҷориро мефаҳмонанд. Танҳо дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 17 вохӯрию суҳбат дар мактабҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, саҳроҳои хоҷагӣ ва кӯчаву маҳаллаҳо доир гардиданд. Маҳфилҳои саволу ҷавоб тавассути масъулони бахши фарҳанги ноҳия бо номи «Сабқати зеҳнӣ» ташкил шуда, ба он бештар ҷавонон ҷалб карда мешаванд. Ҳадаф аз баргузории ин маҳфилҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аст.
Дар раванди риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо на танҳо мақомоти прокуратура, балки тамоми аҳли ҷомеа бояд масъул бошад. Фазои комили ҳукмронии қонун озодии инсонро кафолат медиҳад. Зеро танҳо қонун ҷавшани инсони озод аст. Аз ин рӯ, мо барои фарогирии бештари қонуну қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ кормандони масъули худро ба бозомӯзии касбӣ, тавассути семинарҳо, бахшҳои омӯзиши ҳуқуқӣ ҷалб менамоем. Давоми якуним соли охир ҳамаи кормандони прокуратура бахшҳои бозомӯзиро гузаштанд.
Ба ояндаи зиндагӣ некбинона назар меандозам. Чун мақсади мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист ва асоси ин ҷомеаро волоияти қонун ташкил медиҳад, бояд сатҳи маърифати ҳуқуқиамон хеле баланд бошад. Волоияти қонун, ки ба шиори зиндагии ҳар фарди ҷомеа табдил ёфт, ҳаёти озодонаи инсон таъмин мешавад. Дар ин марҳала нақши мақомоти прокуратура басо калон хоҳад буд.
Рустам ХАЛИЛОВ,
прокурори ноҳияи Восеъ, мушовири адлияи дараҷаи якум


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.05.2014    №: 85    Мутолиа карданд: 472

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед