иҷтимоиёт
ПАНҶ СОЛ ДАР НАБАРД БУД
Фарзандони миллати тоҷик дар озод кардани Иттиҳоди Шӯравӣ аз фашизм саҳми зиёд гузошта, бо далерию корнамоиҳо дар майдони ҷанг номи худро абадан зинда нигоҳ доштаанд. Абдулло Абдулвосиев аз зумраи чунин фарзандони тоҷик аст. Ӯ 5-уми апрели соли 1922 дар деҳаи Чамани ҷамоати Кофарниҳон (ҳоло Абдулло Абдулвосиев) -и ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ идома медиҳад. Баъди хатми омӯзишгоҳ соли 1941 чанд муддат ба ҳайси омӯзгор кор мекунад, аммо баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сафи армия даъваташ мекунанад. Омӯзгорӣ албатта, орзуи деринааш буд, аммо аз ҳимояи Ватан, ки қарзи фарзандиаш буд, сар напечид ва бе ягон дудилагӣ озими ҷабҳа шуд. Сар аз соли 1941 то лаҳзаҳои охирини ҷанг дар майдони набард бо душманон ҷангид. Бале, муддати 5 сол дар майдони ҷанг буд, дар майдоне, ки тири душман мисли сели борон аз осмон мерехт, гоҳе зери барфу борон ва гоҳе миёни обу оташ нимсеру нимгурусна сина сипар карда, Ватанро ҳимоя намуд.
Он солҳо оилаҳои ғамдор, ятимону занҳои бевамонда зиёд шуданд. Гӯиё дар олам нафаре бе ғам намонд. Ҳар рӯз хати сиёҳи нафарони зиёд ба дасти падару модар, зану фарзандон мерасид ва онҳо ночор ба марги шоҳписару ёри ғариби раҳдурашон тан медоданд. Бале, онҳо ҷон доданд, аммо Ватанро ба дасти душман не. Дар ҳоле ки тири сӯзону заҳрогини душман ҷони ҷавонони зиёдро рабуд ва дили садҳо модари чашмчору дилафгорро шикофт, ҷигарашонро лахта - лахта карду орзуҳояшонро барбод дод, Абдулло Абдулвосиев бо амри тақдир зинда монд ва ба Ватан баргашт. Қаҳрамонона, бо сари баланд ва сари сина пур аз ситараҳои зарҳалин. Дар симояш пирони деҳа фарзандони дар ҷанг гумкардаашонро медиданд ва ҳамеша навозишаш мекарданд.
Барои корнамоиҳои ҷангиаш соҳиби нишони «Барои ғалаба», «Ситораи сурх», «Ордени Ленин», се нишони «Барои шуҷоат», «Барои ишғоли Будапешт», «Бистсолагии ғалаба бар Германия»-ро соҳиб гардидааст.
Абдулло Абдулвосиев баъди баргаштан аз ҷанг дар вазифаҳои гуногун кор карда, дар пешрафту ободии диёр низ саҳми арзанда гузоштааст. Аз моҳи январи соли 1947 то моҳи июни ҳамон сол муовини мудири молия, баъдан ба ҳайси назоратчии кумитаи ҳизбӣ, раиси колхози ба номи «ПУТ», котиби дуюми кумитаи ҳизбии шаҳри Орҷоникидзеобод, котиби кумитаи ҳизбии минтақаи МТС ба номи Чкалов, раиси комиҷрояи ноҳияи Орҷоникидзеобод, директори комбинати нонбарории Вазорати хӯроквории Тоҷикистон, роҳбари шуъбаи идораи хӯроквории Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ аст.
Ӯ соли 1968 дар шаҳри Ваҳдат вафот кард, аммо номи некаш ҳамеша миёни мардум зинда аст ва мардум бо некӣ ёдаш мекунанд.
Баъди маргаш ҳамчун нишони эҳтиром Ҷамоати Кофарниҳонро ба номи Абдулло Абдулвосиев гузошта, номашро абадзинда гардонданд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»,
Ҷумҳур ҶАЪФАРОВ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.05.2014 №: 86 Мутолиа карданд: 501