logo

ҳуқуқ

ЗАМИНАСОЗИ РУШДИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Исмоилзода Раҳмоналӣ АНВАР,
муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

- Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Зикри ин матлаб дар Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ аз нақши воқеан муассири Қонуни асосии кишвар дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дарак медиҳад. Гузашта аз ин, ишораи Сарвари давлат ба истиқболи сазовори 20 - солагии Конститутсия нишони он аст, ки бояд ҳамаи шаҳрвандон ба арзишҳои ин санади олии ҳуқуқӣ эҳтиром гузоранд.  
Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри сол 1994 қабул гардида буд, моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд. Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин нукта ишора карда, зимнан тазаккур дод: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Дар ҳақиқат, Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар, таҳким ва рушди давлатдорӣ  заминаи воқеӣ гузошт. Он на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад.
Сарқонуни ҷумҳурӣ аз роҳи таҳкими ҳуқуқии арзишҳои умумидемократӣ ва самтгирии роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷадид Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан пайваст. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ аввалин маротиба тасарруфи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби созмоне, гурӯҳе ва ё фарде мамнуъ эълон шудааст. Эътирофи халқ ба сифати ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ амри дорои аҳамияти усулӣ буда, зоҳир шудани иродаи он қабл аз ҳама дар натиҷаи қарорҳои корпуси интихоботӣ ифода меёбад. Дар асоси ин ҳидояти Сарқонун тамоми шаҳрвандони кишвар дар умури сиёсӣ бидуни ҳар гуна монеа метавонанд ширкат варзанд ва озодона изҳори ақида намоянд, ки яке аз навовариҳои санади мазкур дар давраи истиқлолият мебошад.
Бояд гуфт, ки Конститутсия низоми нави мақомоти қонунгузор ва иҷроияро муқаррар карда, доираи салоҳияти онҳоро муайян намудааст. Он усули таҷзияи ҳокимиятро ба сифати пояи асосии давлати ҳуқуқбунёд муайян намуд. Дар моддаи 9 омадааст: “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Ин таҷзия дар илми давлатшиносӣ амри нав нест. Ҳанӯз дар замони худ намояндагони табақаи навзуҳури сармоядори аврупоӣ бо мақсади маҳдуд сохтани ҳокимияти мутлақи шоҳ аз ин ақида пайравӣ мекардаанд. Дар асоснок сохтани ин назар, бешубҳа, хидмати олим ва мутафаккири Фаронса Ш. Л. Монтеске басо бузург аст. Ӯ дар асари хеш “Рӯҳи қонунҳо” навишта буд: “Агар ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия дар симои як шахс ва ё як муассиса муттаҳид гардад, дар он сурат озодӣ аз байн меравад, зеро метавон аз он ҳаросид, ки шоҳ ё сенат қонунҳои бедодгарона қабул намуда, онҳоро бо роҳи бедодгарона татбиқ намоянд. Агар суд аз ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия ҷудо набошад, дар ин маврид низ озодӣ наметавонад арзи вуҷуд намояд. Агар суд бо ҳокимияти қонунгузорӣ муттаҳид бошад, дар он сурат ҳаёт ва озодии шаҳрвандон таҳти ҳокимияти золимона қарор мегирад, зеро судя худ қонунгузор мешавад. Агар суд бо ҳокимияти иҷроия муттаҳид гардад, дар он сурат судя метавонад имконияти золимро касб кунад. Ҳама чиз рӯ ба маҳв хоҳад овард, агар дар симои як шахс ва ё муассиса, ки аз маъмурон, ашрофон ва ё авом иборат бошад, ин се ҳокимият, яъне ҳокимияти эҷоди қонунҳо, ҳокимияти иҷрокунандаи қарори умумидавлатӣ ва ҳокимияти таҳти суд қарор додани ҷиноят ва ё даъвои шахсӣ мутаҳид гардад”.
Дар ин ҷо мутафаккир моҳияти созмонию ҳуқуқии таҷзияи ҳокимиятро муайян намудааст. Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҳаёти ҷомеа, боби алоҳида, ки он аз дигар бобҳои танзимкунандаи сохти давлатӣ пеш омадааст, ҷой дода шудааст. Асоси ин бобро, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон” ном дорад, меъёрҳои умумиқабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ташкил медиҳанд. 
Аввалин маротиба дар таърихи кишвар Сарқонун имкони пешрафти ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо таҳким бахшид. Тибқи Қонуни асосӣ Президентро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати ҳафт сол интихоб менамоянд.

Сарвари давлат ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии  фаъолияти мақомоти давлатӣ  ва  ҳамкории онҳо, риояи  қарордодҳои байналмилалии  Тоҷикистон мебошад. Президент ба сифати Сарвари давлат дар соҳаи ҳокимияти судӣ низ аз салоҳиятҳои воқеӣ бархурдор аст. Пешниҳоди номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди  конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи салоҳиятҳои Президент буда, тамоми дигар судяҳои ҷумҳуриро дар асоси пешниҳоди раиси Шӯрои адлия таъйин ва озод мекунад.   
Зикри як нукта хеле муҳим аст, ки ба конститутсияҳои солҳои пеш аз соҳибистиқлолӣ ҳар вақт, ки зарурат пеш меомад, тағйирот ворид мекарданд. Ҳоло мувофиқи моддаи 98 тағйиру иловаҳо ба Конститутсия танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъйин мекунанд. Пешниҳод оид ба тағйиру иловаҳо се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.
Баъди қабул ва мустақиман мавриди амал қарор гирифтани Конститутсия тайи он солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсади ниҳоӣ таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), ба анҷом расид. Созишнома дар радифи ҳаллу фасли як силсила масъалаҳои мубрами рӯз, ки ниҳоят натиҷаи дилхоҳ дод, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Сарқонун пешбинӣ намуд. Ба он дар давоми наздик ба 20 соли амалаш ҳамагӣ ду маротиба - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин раванд ба устувору пойдории меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, сулҳу субот, оромӣ ва камолоти давлатдорӣ мусоидат кард.  
Суди конститутсионӣ дар Тоҷикистон мақоми нави судӣ мебошад, ки  Конститутсияи нав аввалин бор инро дар мамлакат пешбинӣ намуд (моддаҳои 84 ва 89 ). То ин вақт вазифаи назорати конститутсионӣ аз тарафи Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон амалӣ мегардид, ки ташкили он ҳамчун қадами аввал дар роҳи таъсиси Суди конститутсионӣ дар Тоҷикистон мебошад. 
Мувофиқи Конститутсия ҳоки-мияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Аввалин бор дар таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон дар Конститутсияи нав дар низоми судҳои ҷумҳурӣ ҷои судҳои ҳарбӣ муқаррар шудааст. Бояд зикр кард, ки то ин вақт дар низоми судҳои Тоҷикистон судҳои ҳарбӣ мавқеъ надоштанд. Таъсиси онҳо бо ташкили Артиши миллӣ ва мақомоти ҳарбии Тоҷикистон иртибот дорад.
Иқдоми нахустини иҷрои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститусия аз 26 сентябри соли 1999 буд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 мақоми махсуси ҳокимияти давлатӣ - Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар таъсис ёфт ва ҳокимияти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуд.
Маҳз озодӣ, истиқлолияти давлатӣ буд, ки бо мақсади идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 июни соли 2007 таҳти №271 барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки мақсади асосии он таҳкими ҳокимияти судӣ ва мақоми судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассисаҳо ҳисоб меёфт. Мувофиқи ин барнома то соли 2012 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ”, “Дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои ҳакамӣ” дар таҳрири нав қабул гардиданд. Ҳамин тавр, иҷрои барнома бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз муҳлат дар амал татбиқ шуд. Ҳамзамон истеҳсолоти иҷро (судиҷрочиён) аз тобияти Шӯрои адлия ба тобеияти Вазорати адлия гузашт ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ба тасвиб расида, 20 марти соли 2008 (№369) дар низоми судӣ вазифаи коромӯз - судя ҷорӣ  гашт. Инчунин, 21 июли соли 2010  (№617) ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта ворид шуданд. Дар асоси Фармони Президенти мамлакат,  аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013” тасдиқ гардид.
Мувофиқи ин барнома масъалаи омӯзиши минбаъда ба мансаби судя, бемуҳлат таъйин намудани судяҳое, ки дар ин мансаб зиёда аз даҳ сол фаъолият намуда, худро ҳамчун судяи кордон ва босалоҳияту поквиҷдон нишон додаанд, таҳия ва қабули Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъминоти моддию маишии судҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар буҷети давлатӣ ҳал шуданд. Бояд гуфт, ки дар ин самт барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст. 
Воқеан, ин санади олӣ, ки 20 сол муқаддам мардуми шарифи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ барои худ ва наслҳои оянда қабул кард, ба хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, милливу анъанавӣ, мазҳабиву таърихии кишвар такя мекунад. Таҳия ва қабули он бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон рух дод ва дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, назири сиёсиву иҷтимоӣ ва фаҳангӣ заминаи устувор гузошт. Қабули Қонуни асосӣ саҳифаи нави таърихи сиёсии Тоҷикистонро боз намуд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Ҷавҳари фалсафии ин санади олии ҳуқуқӣ аз андешаҳои адлу адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа сарчашма мегирад ва моро зарур аст, ки ба таври доимӣ дар устувории он ҳамчун як рукни муқаддасоти миллӣ саъю талош намоем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.2014    №: 86    Мутолиа карданд: 544

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед