logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРА - КАФИЛИ ТАЪМИНИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ

Шарифбек ШАРИФОВ,   
прокурори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Соли 2014 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун соли рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои озоди демократӣ бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон, фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон 20 - умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Таҷлили чунин як ҷашни пуршукӯҳ, пеш аз ҳама, аз таҳким ёфтани низоми сиёсӣ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ, демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат шаҳодат медиҳад. Ин чорабинии сиёсӣ бори дигар собит менамояд, ки шаҳрвандони мамлакат ба пешрафти давлату давлатдорӣ, ояндаи худ ва фарзандонашон бетафовут набуда, сиёсати созандаву бунёдкорона, таъмин ва таҳкими суботи сиёсиву иҷтимоиро дар заминаи боэътимоди рушди давлатдории миллӣ мепазиранд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулу инкишофи низоми давлатӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлати Тоҷикистонро эълон намуда, заминаҳои ҳуқуқии пойдорӣ ва инкишофи давлати тозабунёдро муайян намуд. Ҳамзамон, ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат додааст. Аз ин лиҳоз, ислоҳоти низоми давлатдорӣ, аз ҷумла ташкилу фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон, ислоҳоти ҳуқуқӣ, минбаъд дар заминаи меъёрҳо ва талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта истодаанд. Меъёрҳои Конститутсия хусусияти муҳими таъсискунӣ доранд. Дар онҳо шаклҳои идоракунии сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, усулу заминаи нави ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ муқаррар карда мешаванд.
Меъёрҳои конститутсионӣ асосҳои сохтори конститутсионии ҷомеа ва давлат, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низом, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асоси конститутсионии ташкили мақомоти худидораи маҳаллиро муайян ва танзим намуда, барои амали онҳо замина тайёр мекунад. Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратура”, ки 25 июли соли 2005 қабул гардидааст, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ягонаи марказонидашуда арзёбӣ гардида, дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Он, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риоя ва иҷрои қонунгузории Тоҷикистонро дар соҳаи инкишофи сохторҳои демократии ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар бахшҳои таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯби Конститутсия ҳамарӯза бо ҳисси масъулияти баланд амалӣ менамояд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар таърихи инкишофи конститутсионӣ давлати ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон эълон гардид. Дар робита бо пазируфта шудани ғояи давлати ҳуқуқбунёд дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои давлатдории ҳуқуқбунёд эътироф шуданд. Чунончи, тибқи қисми 2, моддаи 5 - и Конститутсия “Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”. Меъёри мазкур ҷавобгӯи талабот ва ҳадафҳои давлати ҳуқуқбунёд буда, аз он дарак медиҳад, ки акнун давлати ҳуқуқбунёд ба ҳаёти шахсии инсон дахолат намекунад. Маҳз бо дарназардошти муҳимияти ҳамин арзиши давлатдории ҳуқуқбунёд дар тӯли таърихи якчандасраи инкишофи афкори башар, пайвастагии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд амалӣ мегардад.
Тафовути давлати ҳуқуқбунёд аз навъҳои қаблии давлат маҳз дар ҳамин аст, ки пештар давлатҳои асрҳои миёна ва тоталитарӣ ба ҳаёти шахсии инсон дахолат менамуданд. Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳаёти шахсии инсон ва ҳуқуқҳои фитрии ӯ, ки аз фитрати инсон ҷудонопазир мебошанд, аз дахолати давлат эмин аст. Меъёри зикршудаи Конститутсия маҳз ба ҳамин хотир эътироф шудааст.
Ҳамзамон, фаъолияти мақомоти давлатӣ дар давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла прокуратура бояд ба мақсади риояи талаботи ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазирад. Назорати прокурорӣ дар бахши риоя ва иҷрои қонунҳо низ бояд баҳри таъмини дахлнопазирии шахсияти инсон роҳандозӣ гардад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои дигари давлати ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ (моддаи 9), эътибори олии ҳуқуқии Сарқонун, мустақиман амал намудани меъёрҳои конститутсионӣ, мувофиқати ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо низ пазируфта шуданд (моддаи 10).
Арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ки дар Конститутсия аз ҷониби халқи Тоҷикистон дар раъйпурсӣ ҳангоми қабули Қонуни асосии давлат якдилона қабул гардидаанд ва он заминаи ҳуқуқии ташаккулу фаъолияти ҳамаи мақомоти давлат, аз ҷумла маҳаки меъёрии фаъолияти мақомоти прокуратураро ташкил медиҳад, ки дар байни онҳо ҷойи муҳимро ҳуқуқҳои инсон соҳиб мебошад.
Тибқи моддаи 5 Конститутсия “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд”. Конститутсия ба мисли санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, арзиши баланди иҷтимоии инсонро дар ҷомеа эътироф мекунад. Якҷоя бо шахсияти инсон, ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои ӯ низ арзиши баланди ҳуқуқиро соҳиб мегарданд. Аз ин хотир, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқтатбиқсозии мақомоти прокуратура бояд бо дарназардошти арзиши баланди инсон ва аввалиндараҷа будани ҳуқуқу озодиҳояш қабул ва амалӣ гарданд.
Назорати риояи ин талабот ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта шудааст, ки дар навбати худ аз мақоми баланди прокуратура дар таъмини арзиши баланди инсон ва ҳуқуқҳояш, алалхусус дар амал татбиқ гаштани меъёрҳои зикршудаи Конститутсия дарак медиҳад.  
Мақомоти прокуратура, ки ҷузъи ҷудонашавандаи дастгоҳи давлат маҳсуб меёбад, дар бахши риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъул мебошад. Аз ин хотир фаъолияти мақомоти прокуратура айни ҳол бо дарназардошти меъёрҳои Сарқонун анҷом меёбад.
Мутобиқи қисми 2, моддаи 10-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон “Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд”. Волоияти Конститутсия ва қонун нишонаи муҳими давлати ҳуқуқбунёд мебошад, аз ин хотир риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳо ва шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар амалӣ гаштани ин меъёри Конститутсия мақомоти прокуратура нақши ҳалкунанда доранд  ва он вазифаи бевоситаи ин ниҳодро дар бар мегирад.
Қисми 1 моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд”.
Назорати прокурорӣ дар бахши риоя ва иҷрои қонунҳое, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида мешаванд, самти аввалиндараҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура буда, барои амалӣ гаштани меъёри зикршудаи Конститутсия равона мешавад. Ба ибораи дигар, мақомоти прокуратура дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсия ва қонунҳо эътироф шудаанд, бевосита иштирок мекунад. Ба замми ин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Мутобиқи қисми 2, моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонугузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд”.
Дар меъёри мазкури Конститутсия асоси фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура пешбинӣ гардидааст. Ташкил, мақсаду вазифаҳо ва шаклҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд бо дарназардошти ҳуқуқҳои инсон муайян шаванд. Мақсад, вазифаҳо самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура низ бо дарназардошти ҳуқуқҳои инсон муайян гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шароити ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд волоияти Конститутсия ва қонун дар мадди аввал буда, талаби аввалиндараҷаи давлатдории ҳуқуқбунёд риоя мешавад. Маълум аст, ки ҳифзи Конститутсия ва таъмини қонунияти конститутсионӣ вазифаи Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон адолати Суди конститутсионӣ бо мақсади муайян намудани мутобиқати қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ ба Конститутсия дар ҳолати муроҷиати шахсони ваколатдор имконпазир мегардад.
Мақомоти прокуратура дар татбиқи қонунҳо нақши ҳалкунанда доранд, чунки, аз як тараф, бевосита қонунҳоро татбиқ мекунанд, аз тарафи дигар раванди амалӣ гаштани онҳоро дар фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ назорат мекунад.
Акнун ҷараёни татбиқи қонунҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд бо назардошти ҳуқуқҳои инсон анҷом ёбад. Табиист, ки дар амалӣ гаштани меъёри дар боло зикршудаи Конститутсия нақши ҳалкунандаро мақомоти прокуратура иҷро мекунад, чунки салоҳияти назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави кишвар доранд. Аз ин лиҳоз, назорати прокурорӣ, риоя ва иҷрои қонунҳо бояд бо дарназардошти талаботи меъёрҳои зикршудаи Сарқонун анҷом ёбад.
Ҳамин тавр, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонуният, ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат нақши аввалиндараҷа дорад. Мақомоти прокуратура бошад, дар фаъолияти ҳамарӯза, сарфи назар аз муроҷиати шахсони манфиатдор риоя ва иҷрои қонунҳоро зери назорат мегирад. Аз ин хотир назорати прокурорӣ, риоя ва иҷрои қонунҳо, ҳамарӯза, мунтазам ва доимӣ сурат мегирад, ки дар шароити имрӯзаи инкишофи қонунгузорӣ хеле муҳим аст.
Риоя ва иҷрои қонунҳо бояд, мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазирад, чунки ин санад эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал мекунад. Бинобар ин, ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ дар вақти риоя ва иҷрои қонун бояд эътибори олии ҳуқуқии онро нисбат ба дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба инобат гиранд. Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави кишвар, кафолати волоият, нуфуз ва эътибори баланди қонун маҳсуб мешавад, ки назорати он ба зиммаи ягона мақоми давлатӣ - прокуратура вогузор гардидааст.
Устувории сохтори Конститутсия асосан аз риояи он вобаста мебошад. Вале дар ҷомеа ҳастанд афроде ё ташкилоте, ки мақсад ва фаъолияти онҳо хилофи талаботи Конститутсия ё таҳдид ба меъёрҳои он аст. Аслан риоя накардани меъёрҳои Конститутсия ба пешрафти ҷомеа монеъ гардида, ба нобоварии халқ нисбат ба устуворнокии қонунияти конститутсионӣ, талаботи ҳуқуқӣ, низоми давлатдорӣ асос гардида, ба бесарусомонӣ, маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оварда расонданаш мумкин аст. Бинобар ин, волоияти қонун танҳо дар ҳолати нуфузи баланди қонун имконпазир мегардад, ки меъёрҳои он дар тамоми қаламрави давлат ва аз тарафи ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, иттиҳодияҳои онҳо дақиқ ва якхела риоя ва иҷро гарданд. Илова бар ин, Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд. Ягон мақомот ва шохаи ҳокимияти давлатӣ ҳақ надорад ба фаъолияти мақомоти прокуратура дахолат намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилият ва нуфузи мақомоти прокуратураро дар таъмини волоияти қонун таъмин мекунад.
Хуллас, дар шароити ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуз ва нақши баланди мақомоти прокуратураро дар байни дигар мақомоти давлат эътироф ва мустаҳкам менамояд. Конститутсия, ки арзишҳо ва талаботи давлати ҳуқуқбунёдро эътироф мекунад, ҳамзамон вазъи ҳуқуқии мақомоти прокуратураро дар давраи истиқлолияти давлатӣ муайян менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ, ҳуқуқии ба танзим дароранда ва ифодакунандаи масъалаҳои муҳимтарини давлат ва ҷамъият буда, шакли идоракунии давлат, сохти давлатӣ, тарзи ташаккулёбии мақомоти давлатӣ, асосҳои вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро муайян намудааст. Он дар низоми ҳуқуқӣ мавқеи баландтаринро ишғол намуда, ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқӣ дар заминаи он қарор мегиранд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум-ҳурии Тоҷикистон дар давоми 20 соли амали худ, тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, орзуву омоли меҳнаткашонро инъикос кунад, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ намояд, барои ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидан нақши муҳим бозад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон дар танзим ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои ҳуқуқӣ гузошта, барои дар амал татбиқ шудани меъёрҳои он маҳаки асосӣ ба ҳисоб меравад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2014    №: 89    Мутолиа карданд: 689

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед