logo

ҳуқуқ

ҲАДАФИ АСОСӢ - ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТ

…вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар, аз ҷумла дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
23 апрели соли 2014

Баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна ҳаракатҳои тундраву ҷудоихоҳ, терроризму экстремизм дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодону донишҷӯёни макотиби олӣ, кормандони соҳаҳои гуногун, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ҷанговарони башардӯст, имомхатибон, варзишгарон гуфтугӯи судманд доир гашт.
- Доиршавии чунин чорабинӣ бо  намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа беваҷҳ нест, - гуфт Шариф Раҳмонов, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд. - Зеро вақтҳои охир  афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин,  бавижа  аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, нашъамандӣ миёни онҳо ва шомилшавиашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ба назар мерасанд. Талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ пурра иҷро намешаванд. 
Дар соли 2013 ва се моҳи аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд 1092 ҷиноят сабт шудааст, ки ба 19, 88 дарсади шумораи умумии ҷиноятҳои дар вилояти Суғд содиршуда баробар аст. Боиси нигаронист, ки аз 1045 ҷинояти вазнин 236 адад ё ин ки 22,6 дарсад, аз 48 ҷинояти ғоратгарӣ 26 адад ё 54,2 дарсад, аз 58 ҷинояти куштор 11 адад ё 19 дарсад дар шаҳри Хуҷанд содир шудаанд.
Омӯзиш ва таҳлили вазъи ҷамъиятӣ - сиёсӣ, оперативӣ - ҷиноятии минтақа, тафтишу таҳқиқи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ тақозо мекунанд, ки сарчашмаи содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ қабл аз ҳама, аз бетарафӣ ва ҳатто  бемасъулиятии сокинон, волидайн ва фаъолони маҳалҳо, масъулони корхонаҳо, ташкилоту муассиса ва мақомоти марбута сарчашма гирифтаанд.
- Бетарафии сокинони шаҳр дар пешгирӣ ва сар задани ҷиноят ҷомеаро сахт нигарон кардааст, - мегӯяд Шариф Раҳмонов. - Бо вуҷуди фаъол будани телефонҳои боварӣ бисёриҳо одитарин қарзи шаҳрвандии худро оид ба пешгирии ҷиноятҳо иҷро намекунанд. Ҳамин аст, ки дар маркази вилоят шумораи ҷиноятҳо тамоюли афзуншавӣ дорад.
Бо мақсади зери назорат қарор додани вазъи ҷамъиятӣ - сиёсӣ, оперативӣ - ҷиноятии минтақаи хизматӣ, таъмини ҳифзи боэътимоди тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, муайян кардани макони қароргирии ашхоси шубҳанок ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас андешидааст. 
- Бузургтарин рисолати модар тарбияи фарзанди оқил, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст ва озодихоҳу адолатпарвар мебошад, - таъкид кард сардори раёсат. Мутаассифона,  имрӯз теъдоди муайяни бонувон ин рисолати аслии худро сарфи назар карда, ба амалҳои ношоиста, даст мезананд. Дар соли 2013 ва се моҳи аввали соли равон, дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби 132 нафар зан 137 ҷиноят содир шудааст, ки 3 адади он дар иртибот ба куштор аст. Дар ҷараёни гузарондани амалиёти «Фасодхона»  ва чорабинии фаврӣ - ҷустуҷӯӣ 78 ҷинояти ахлоқӣ, аз қабили таҷовуз ба номус, хариду фурӯши ноболиғон, кирдорҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта ошкор гаштанд.
Бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод карданд, ки мурофиаҳои судии сайёр дар маҳали зисти шаҳрвандон гузаронда шаванд, фаъолияти нозирони минтақавӣ ҷоннок гардад, аз ҳисоби фаъолони маҳаллаҳо, бавижа ҷавонон нозирони ҷамъиятӣ ташкил ёбанд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2014    №: 90    Мутолиа карданд: 429

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед