logo

ҳуқуқ

ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН ИСЛОҲТАЛАБ АСТ

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии ислоҳоти қонунгузории замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи гирд баргузор гардид.

Субҳиддин Баҳриддинов, муовини аввали директори марказ, иброз дошт, ки ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи заминистифодабарӣ дар шароити ҳозира зарурияти таҳлили қонунгузории заминро тақозо менамояд. Замин ҳамчун омили муҳими рушди сатҳи иқтисодии зиндагӣ ва манбаи асосии даромади аҳолӣ солҳои охир зери назари ҷиддии Ҳукумат қарор дорад. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ аз 23 апрели соли 2014 зикр кард, ки дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар Ҳукумати Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа медиҳад, зеро таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии мустақим дорад. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, инкишофи инфрасохтори он ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии деҳот дар солҳои  минбаъда ҳамчун ҳадафи муҳимтарин боқӣ мемонад.
Азамат Пулодов, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузорӣ, оид ба «Ҳуқуқи субъектони хоҷагидории хориҷӣ ба қитъаи замин» иброз дошт, ки дар қисми 1 моддаи 10-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Заминистифодабарандагон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Яъне, аз ибораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баръало бармеояд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқ ва истифодаи замин ҳам ба субъекти хоҷагидории ҷумҳурӣ ва ҳам ба субъекти хоҷагидории хориҷӣ тааллуқ дорад. Саволе ба миён меояд, ки оё субъекти хоҷагидории хориҷӣ ҳуқуқи истифодабарии бемуҳлати қитъаи заминро дорад?
Дар моддаи 11 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки истифодаи бемуҳлати қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Яъне, субъекти хоҷагидории хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ҳуқуқи истифодаи бемуҳлати қитъаи заминро надорад. Назар ба гуфтаи мавсуф, мувофиқи муқаррароти қонунгузорӣ ҳуқуқи истифодаи бомуҳлати замин ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз се то бист сол ва ба субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ то 50 сол муайян шудааст. Аммо ҳуқуқи истифодаи якумраи заминро фақат шаҳрвандони Тоҷикистон доранд.
Муҳаммад Соҳибов, асистенти кафедраи Ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, ки замин яке аз компонентҳои асосии табиат буда, сарвати муҳими ҷамъияту давлат мебошад. Асоси боигарии тамоми давлатҳоро замин ва сарватҳои он ташкил медиҳад, ки дар ҳолати нодуруст истифода бурдани он як қатор проблемаҳоро дар ҷомеа ба миён меорад.
Мавсуф зикр кард, ки вайроншавӣ ва татбиқи нодурусти қонунгузории замин, хариду фурӯши ғайриқонунӣ, худсарона ишғол намудан  ва зиёдшавии баҳсҳои истифодаи замин дар судҳои умумӣ, иқтисодӣ ва дигар мақомоти ваколатдори соҳа, аз ҷумлаи масоили ташвишовари қонунгузории замин ба ҳисоб мераванд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи замин муайян карда шуд, ки дар баъзе қонунҳо, аз ҷумла Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» мухолифатҳо ҷой доранд.
Баргузории мизи гирд аз ҷиҳати илмӣ ва амалӣ ба рушди соҳаи замин, ошкор намудани камбудиҳо ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии заминистифодабарандагон ва самаранок истифода бурдани қитъаи замин мусоидат мекунад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2014    №: 90    Мутолиа карданд: 539

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед