logo

ҳуқуқ

ҒОРАТГАРОНИ НАШЪАМАНД

Нашъамандӣ худ ҷиноят аст ва шахсро ба содир намудани ҷиноятҳои бештар тела медиҳад. Чи қадар оилаҳо аз ин вабои аср азият мекашанд. Даҳшат аст ин, даҳшат! Гӯё чоҳи бетаг ва ё ҷаҳаннамест, ки гирифторони онро ба қаъраш мекашад.

Моҳи январи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Хуршед Тоҷиддинов, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут ва Ҷамшед Қурбонов, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Шаропов бо моддаи 244, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Хуршеди 37 - сола қаблан панҷ маротиба суд шуда, бори охир бо ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо моддаи 201, қисми 3, банди «б» ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Барояш дар маҳалли адои ҷазо чораҳои маҷбурии тиббӣ аз нашъамандӣ таъйин карда шуд. Пас аз адои ҷазо 30 марти соли 2013 ба озодӣ баромад.
Вале, мутаассифона, солҳои маҳрумият аз озодӣ ба Хуршед дарси ибрат нашуд.
Ӯ бо Ҷамшед Қурбонов, ки соли 2004 бо моддаи 244, қисми 2 «а», «в», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, 25 ноябри соли 2013 бо мақсади дуздӣ ба хонаи шаҳрванд Абдулвоҳид Нурзодаев, воқеъ дар кӯчаи Ленинград, ворид шуда, ҷиҳози барқии кафшергариро, ки арзишаш 700 сомонист, тасарруф намуд. Ҳамон рӯз онро ба шаҳрванд Зоҳир Толибов ба маблағи 150 сомонӣ фурӯхта, аз шахси номаълум маводи мухаддири навъи героин харида, истеъмол карданд.
Ҳар ду аз рӯи маслиҳати пешакӣ рӯзи 11 декабри соли 2013 ба хонаи шаҳрванд Саодат Гулаҳмедова, воқеъ дар кӯчаи Севастопол, ворид шуда, аз ҳуҷраи хоб маҷмӯи ҷавоҳироти бо бриллианту зумуррад ороишёфта, аз ҷумла гӯшвору дастбанд, ангуштару гарданбандҳои тиллоӣ, як суратгираки тамғаи «Фуҷи – фил», як компютери тамғаи «Делл», корду табақчаи хотиравӣ, ду адад шиму костюм, дар маҷмӯъ ба маблағи 54355 сомонӣ ашёро ғорат намуданд. Онҳо як қисми ҷавоҳиротро дар бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Корвон» фурӯхтанд.
Баъди се рӯз, дар натиҷаи дидани чораҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷинояти содиршуда ошкор ва ҳар ду дастгир шуданд.
Бо андешидани чораҳои зарурӣ аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ як ҷуфт гӯшвор, ду адад гарданбанди тиллоӣ, як дастбанд, як костюм, компютер ёфта гирифта шуд.
Мутобиқи моддаҳои 332-336, 338 – 339, 341 – 344, 347 – 348, 350 – 351 ва 357 – 359-и Кодекси мурофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳукм кард, ки Хуршед Тоҷиддинов ва Ҷамшед Қурбонов бо моддаи 244, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шаванд.
Ба Хуршед Тоҷиддинов ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт, таъйин гардид.
Ба Ҷамшед Қурбонов ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин шуд.
Диловар МИРЗОҲОМИДЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2014    №: 91    Мутолиа карданд: 433

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед