logo

ҳуқуқ

ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛ ДАСТГИР ШУД

Чанде пеш дар бинои суди ноҳияи Муъминобод парвандаи ҷиноятиеро баррасӣ кардем, ки чор нафар дар курсии айбдорӣ сархам менишаст. Ҳар чорашон  сокинони деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод мебошанд. Аз онҳо Ғулом Бегматови 49-сола пеш аз ин ду маротиба ва Нурхон Бозоров, Хуршед Юнусов як маротибаӣ суд шуда буданд.

Баҳори соли гузашта Ғулом Бегматов аз Афғонистон маводи нашъаовари бангдона оварда, дар мавзеи Сари Мазор пинҳон кардааст. Вай бо маслиҳати пешакӣ ба Нурхон Бозоров, Хуршед Юнусов, Нодирхон Атоев фармудааст, ки маводи мухаддирро ба воситаи кӯҳу пуштаҳо ба шаҳри Кӯлоб баранд. Худи ӯ пешакӣ бо мошин ба Кӯлоб рафта, онҳоро интизор шуд. Пас аз ду шабонарӯз қочоқчиён ба Кӯлоб расиданд. Онҳо бангдонаро ба  «Мерседес - Бенс»-и харидори шартӣ бор карда, ба сӯи кӯчаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб ҳаракат карданд. Пас аз лаҳзае онҳоро кормандони бахши мубориза бар зидди маводи мухаддири Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дастгир ва 15 килограмму 600 грамм бангдонаро мусодира намуданд.
Ин гурӯҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба миқдори махсусан калон, ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъаовар ҷиноят содир намуд. Суд парвандаи ҷиноятиро  баррасӣ намуда, ба Ғулом Бегматов 18 сол, Нурхон Бозорову Хуршед Юнусов 16 – солӣ ва ба Нодирхон Атоев 15 сол ҷазо муқаррар намуда, равонаи маҳбасхонаи ислоҳии дорои низомашон сахт кард.
Баҳром МАҶИДОВ,
судяи Суди ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2014    №: 91    Мутолиа карданд: 557

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед