logo

маориф

СУҒД: ОҒОЗИ СОХТМОНИ 65 МАКТАБИ НАВ

Соҳаи илму маориф дар оянда низ самти калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014

Дар партави Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Кохи Арбоб бо сарварони макотиби оливу миёна, литсей, гимназия, коллеҷи касбҳои техникӣ мулоқот орост. Бино ба иттилои раиси вилоят, маблағгузории соҳа соли равон дар қиёс ба соли гузашта 115 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун боз сохтмони 65 мактаби нав оғоз ёфтааст, ки 18 - тоаш то охири сол мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ба тариқи ҳашар низ дар чанд соли охир дар вилояти Суғд ба анъанаи хубе табдил ёфта, имсол дар ноҳияи Ғончӣ 5, Исфара 2, Ашт 2, Бобоҷон Ғафуров 4 ва Конибодом 2 мактаб бо ҳамин усул сохта хоҳанд шуд.
Дар муассисаҳои таълимии вилоят марҳилаи сеюми компютеркунонӣ бо муваффақият ҷамъбаст гашта, онҳо имрӯз дорои 13 ҳазору 411 компютер ва 1870 принтер буда, барномаи мазкур иҷро шудааст. Ширкати фаъолонаи 78 нафар муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва сазовор шудан ба 57 ҷойи ифтихорӣ, ки баландтарин нишондод миёни макотиби мамлакат маҳсуб меёбад, худ гувоҳи беҳтар шудани сифати таълим аст.
Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба ислоҳи чандин нуқсон: дарс гуфтани теъдоди муайяни омӯзгорон бо маълумоти миёна, ба ҷои кор ҳозир нашудани хатмкунандагони риштаи омӯзгорӣ, афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ миёни хонандагон, идома надодани таҳсил баъди синфи нуҳум аз ҷониби духтарон, пурра таъмин нашудани хонандагон бо либосҳои мактабӣ ва мизу курсиҳо, набудани толор ва майдончаҳои варзишӣ ҷалб кард.
Воқеан ҳам боиси нигаронист, ки дар баъзе мактабҳои Истаравшан, Исфара, Ашт, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Зафаробод, Ғончӣ, Истиқлол омӯзгорон бо маълумоти миёна ба хонандагон дарс мегӯянд, теъдоди онҳо зиёда аз 500 нафар буда, танҳо баъди дахолати раиси вилоят қисме аз онҳо ҷиҳати идома додани таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд супурдаанд, ин дар ҳолест, ки ҳамасола даҳҳо хатмкунандагон бо маълумоти олии омӯзгорӣ дар ҳамин навоҳӣ ҷойи кор намеёбанд. Масъалаи дигаре, ки ба доғи рӯз мубаддал гаштааст, ҳозир нашудани хатмкунандагони тахассуси омӯзгорӣ ба ҷои кор аст. Масалан, соли 2013 аз 1033 нафар хатмкунанда 336 нафар бе ягон асос ба мактабҳое, ки ниёз ба муаллим доранд, ҳозир нашудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд, агар ба ҷойи кор ҳозир нашудани хатмкунандагони мактаби олӣ 46,7 дарсадро ташкил диҳад, пас ин рақам дар дигар шаҳру навоҳии вилоят боз ҳам ташвишовар мебошад. Дар Мастчоҳ 54, Панҷакент 56, Ҷаббор Расулов 64, Конибодом 65 ва Кайроққум 67 дарсад аст. Ҳол он ки давлат барои омода кардани танҳо як нафар омӯзгор соле зиёда аз панҷ ҳазор сомонӣ маблағ ба харҷ додаасту ҳамзамон мактабҳои вилоят ба 674 омӯзгори фанҳои дақиқу забонҳои хориҷӣ, суруду расмкашӣ ниёз доранд.
Қонуншиканӣ, зиёда аз ин худкушӣ миёни мактабиён аҳли ҷомеаро сахт ба изтироб овардаасту давоми се моҳи соли равон аз ҷониби хонандагони вилоят 19 ҳолати хилофи қонун амал кардан ба қайд гирифта шуд ва 6 нафар хонандаи мактабҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан даст ба худкушӣ зада, як нафар аз ноҳияи Зафаробод суиқасд ба ҷони худ кардааст. Дар ин самт омӯзгоронро зарур аст, ки бо ҷалби волидайн, равоншиносон, ходимони дин корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро муассир намоянд.
Иштирокдорони мулоқот пешниҳоди раиси вилоятро ҷиҳати куллан таҷдиди назар кардани таълими меҳнат, таъмиру тармим ва сохтмони толорҳои варзишӣ, дар рӯҳияи воқеии ватандориву ватанпарастӣ тарбия кардани насли наврас ва омӯзиши ҳамаи намуди асбобҳои мусиқии миллӣ дар мактаб бо самимият пазируфтанд.
 Ҷовиди АШТӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2014    №: 91    Мутолиа карданд: 845
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед