logo

маориф

ШУҲРАТИ ДОНИШКАДАРО АФЗУН МЕНАМОЕМ

Имрӯз ба роҳи тайкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз назари илмӣ баҳогузорӣ карда, ба андеша меравам, ки даврони таҳсили мо - солҳои 80-уми садаи 20 чунин варзишгоҳҳо, қасру кохҳои боҳашамату пуршукӯҳ ва дорои ҳама шароитҳои машқу маҳорат анқариб вуҷуд надоштанд.

Аммо устодони донишманд ва меҳрубон Рима Гайсина, Надежда Панова, Светлана Тоҷибоева, Илёс Арслонов (дар риштаи волейбол), Усмон Олимов, Сандон Анваров, Н.Самсонов, Бӯрӣ Раҳматов (баскетбол) дар ҳамон шароит мо шогирдонро тарбия намуданд, ки имрӯз бо ёдоварӣ аз онҳо қалбҳоямон саршори шодӣ ва нишот мегарданд. Барои соҳибкасб ва мутахассиси асил гардидани шогирдон маҳорату дониш ва таҷрибаи андӯхтаашонро сарф намуда, дар ин раванд масъулияти бештарро бар дӯш доштанд.
Дар машғулиятҳо аз васоити аёнӣ: либос, таҷҳизоти фаровони варзишӣ, майдонҳои одии машқӣ ва толорҳои куҳнасохт пурсамар истифода мекарданд ва бо ҳисси масъулият барои ояндаи дурахшони варзиш кору фаъолият менамуданд. Шояд натиҷаи меҳнати ҳалол ва босубот бошад, ки дар солҳои 1971 - 90 шуҳрати варзиши донишкада сечанд афзуда, беҳтарин паҳлавонон, боксчиён, чавгонбозон, шиноварон, чобукравонон, гурзандозон, варзишгарони сабук, шоҳмотбозон, волейболу баскетболбозони шуҳратпеша ба майдони рақобат баромаданд.
Ман ҳангоми таҳқиқоти илмӣ ба акси таърихие дучор омадам, ки он баёнгари дурустии ақидаи банда мебошад. Ба ин акс, ки соли 1987 бардошта шудааст, чашм андӯхта, чеҳраҳои ба худ ошноро дар риштаи футбол мебинам. Ифтихор аз ҳамкасбон ва устодони азизу нобиғаҳои соҳа дар симои Арнолд Тер-Казарян (мудири кафедраи футболи донишкада), Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, В.Дзиов, Мураббии шоистаи Тоҷикистон ва ҳайати дастаи якачини Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ ба номи М.И.Калинин менамоям.
Дар зернавишти акси мазкур дарёфтам, ки дар солҳои 1971 - 90 гурӯҳҳо, кафедра, деканатҳо ва маъмурияти донишкада дар сатҳе, ки барномаи таълимӣ тақозо мекард, ҳама бо дасту дили гарм, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ заҳмат кашида, талошҳояшон барои обрӯйи Ватан ибратомӯз буд. Машғулиятҳоро устодони моҳири хизматнишондода ва собиқадорон баргузор менамуданд.
Албатта, ин шарафи бузург аст. Мехоҳам, ки чунин комёбиҳоро дигарбора ба даст оварему Ватан чун солҳои пешин бо мо, шогирдон, ифтихор намоед.
Соли 2012 бо ибтикори маъмурияти донишкада бори нахуст дар таърихи 90 - солаи варзиши Тоҷикистон муҷассамаи собиқ хатмкардаи донишкада ва паҳлавони саршиноси тоҷик Сайидмӯъмин Раҳимов гузошта шуд. Он рӯз 40 нафар олимони донишгоҳ ва донишкадаҳои варзиши олам ба кишвари мо ташриф оварда, дар вазъи тантанавӣ парда аз рӯйи нимпайкараи устод бардоштанд. Месазад, ки ба ифтихори ҳамаи варзишгарони номӣ чунин нимпайкараҳоро дар қадамҷойи ҳар кадомашон гузорем, зеро онҳо ба чунин қадрдониҳо арзандаанд.
Устодон ва шогирдон мекӯшанд, ки донишкада шуҳрат ва эътиборашро дубора эҳё намояд.
Машғулиятҳои ихтисосиро он замон 13 Устоди Иттиҳоди Шӯравӣ, 18 Мураббии шоистаи варзиш, 3 Устоди хизматнишондодаи варзиши дараҷаи байналхалқӣ ва ҳатто, 2 Муаллими хизматнишондодаи мактаби Иттиҳоди Шӯравӣ бо васоити аёнӣ, бо иштироки фаъоли толибилмон, дар рӯҳияи рафоқату ҳамдилӣ ва бо шавқу завқи беандоза доир менамуданд.
Пас аз машғулиятҳои умумӣ ба маҳфилу дастаҳои интихобкардаи худ – ба варзишгоҳҳо, ҳавзи шиноварӣ, марказҳои солимгардонии шаҳр рафта, то бевақтии шаб ройгон, зери роҳбарии устодон ва беҳтарин мутахассисон такмили маҳорат менамудем.
Он рӯз дур нест, ки бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарёфти шуҳрати пештара ноил гардем.
Ҳоло 42 нафар донишҷӯёни донишкада узви комилҳуқуқу пайвастаи дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 15 намуди варзиш мебошанд. Ҷойи ифтихор аст, ки бо фармони махсуси садорати донишкада аъзои дастаҳои якачини кишвар, ки дорои унвонҳои варзишии дараҷаҳои байналмилалӣ ва Тоҷикистонанд, бо қарори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тариқи суҳбатҳои озод ва ройгон ба донишкада қабул карда мешаванд. Духтарон низ аз ин имтиёз истифода менамоянд.
Эҳтироми  мақомоти роҳбарии донишкада нисбати варзишгарони бомаҳорат, ғолибони мусобиқаҳо, ҷоизадорон тайи чанд сол афзудааст.  22 нафар чунин варзишгарон, аз ҷумла беҳтарин паҳлавонон Шералӣ Бозоров (дзю-до), Муҳаммад Абдураҳмонов (самбо), Шералӣ Достиев (бокс), Мавзуна Чориева (бокс), Абдурауф Мӯсоев (варзиши сабук), Юсуф Сафовуддинов (бокс), Низомиддин Сангов (варзиши вазнин) аз таҳсили шартномавӣ ба буҷавӣ гузаронида шуданд. Ба 70 нафар ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ, универсиадаю мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соли равон ба андозаи 17 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ тақдим гардидааст. Бояд зикр намуд, ки дастоварду комёбиҳои варзишии донишкадаро устод Мирзосафар Шамсиддинов, узви Иттифоқи журналистон, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сай-ёҳии кӯҳӣ дар китобҳои варзишии худ басо хуб инъикос намудааст.
Имрӯз шумораи варзишгоҳҳо ва майдонҳои машқии ҳозиразамон дар мамлакат то ба се ҳазор расидааст. Мо, аҳли варзиши кишвар, ба ғамхории падаронаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мегӯем. Давоми панҷ сол дар ҳама шаҳру ноҳияҳо қариб, ки тамоми шароитҳои машқ ва такмили маҳорат фароҳам омадааст. Бо истифода аз ин варзишгоҳҳову  толорҳои  варзишӣ бояд ҷавонони далеру пурзӯрро тарбия намоем ва дар арсаи байналмилалӣ маъруфияти Тоҷикистонро бештару дастовардҳои варзиширо афзун бикунем.
Дарҳои донишкада баҳри истиқ-боли аҳли фарҳанг ва илм ҳамеша боз аст! Рӯзҳои 25-28 майи соли ҷорӣ дар донишкада конфронси байналмилалии донишҷӯён ва олимони ҷавон сурат мегирад. Он барои мо, кормандони соҳа, як навъ имконияти муфиди касбие хоҳад буд, ки бо ҳамин васила тавонем маҳорату истеъдоди олимони ҷавони тоҷикро ба варзишу тарзи ҳаёти солим ташкилу сафарбар намоем.
Дар конфронси байналмилалии илмӣ сухан аз боби варзиши умумидонишгоҳӣ: рушду инкишофи солимии  миллат хоҳад рафт ва бояд, ки тамоми мушкилоти соҳа баррасӣ гарданд.
Ҷамолиддин ҒАНИЕВ,
устоди факултаи омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишкадаи
тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2014    №: 92    Мутолиа карданд: 918
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед