logo

ҳуқуқ

ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

Ҷамшед САНГОВ,
сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мушовири адлияи дараҷаи 1


Имрӯзҳо сокинони мамлакат барои сазовор таҷлил намудани 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба истилоҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат” мебошад, омодагӣ мегиранд.

Кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина низ тасмим гирифтаанд, ки ин ҷашни воқеан миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.
Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси бевоситаи сарвари хирадманд ва дурандеши давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ки он аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҷавобгӯи талаботи замони муосир аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад” (моддаи 1).
 Омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки онҳо аз муқаррароти олии динӣ ва илмӣ сарчашма гирифта, тавъам ба фармудаҳои бузургони илму фалсафа мебошад.
Чунончи, ҳадисе аз Расули Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) ба мо расидааст, ки мефармояд: “Аҷри коргарро бидиҳед қабл аз он, ки арақаш хушк шавад.” Яъне, Сарвари Коинот (с) арҷгузории меҳнат ва меҳнаткашро тақозо намудааст.
Ин ҳадиси саҳеҳ ифода ва тавсеаи худро дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо намудааст. Чунончи, дар моддаи 35-и он омадааст: ”Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.”
Ё худ, мутафаккир ва файласуфи машҳури юнонӣ Афлотун гуфтааст: «Наҷоти давлатро дар маконе мебинам, ки дар он қонун ҳокими ҳукмдорон аст».
Дигар файласуфи бузурги юнонӣ Сисерон фармудааст: “Агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош” .
 Ин гуфтаҳоро агар бо забони ҳуқуқии имрӯза ифода кунем, пас яке аз ин файласуфони бузург ишора ба хизматчиёни давлатӣ намуда, пойдории ҳама гуна давлатро, сараввал, ба тобеи қонун будани давлатдорон вобаста намудааст. Дигаре аз ин мутафаккирон шаҳрвандонро таъкид намудааст, ки инсон дар ҷамъияти инсонӣ зиста, озодии худро танҳо ҳамон вақт таъмин карда метавонад, ки агар худ итоатгари қонунҳои ҷамъият бошад.
Фармудаҳои ин мутафаккирон ифодаи худро дар принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд, чун масъулияти дуҷонибаи давлату шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун, ки дар Конститутсия таҷассум ёфтааст, пайдо намудаанд.
Аслан муқаррароти Сарқонуни кишвар маҳсули эҷоди фикрии шахси мушаххас, ё ҳайати ин ё он комиссияи махсуси давлатӣ ва ё мақомоти қонунгузор набуда, балки принсипҳои ҳаётии гузаштагони пуршарафи мо ва дигар халқу миллатҳои пешқадами олам мебошанд, ки асрҳо дар кӯраи муносибатҳои ҷамъиятӣ сайқал ёфта, фарогири ҳамаи самтҳои ҳаёти инсонӣ мебошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи тавлиди худ аз беҳтарин конститутсияҳои дигар давлатҳо пайравӣ карда, аз дигар меъёрҳо, ки хилофи принсипи инсондӯстӣ ва демократия буданд, сарфи назар намудааст. Чунончи, дар баъзе давлатҳо то имрӯз принсипи талион, ё худ “хун ба хун” татбиқ мешуд, ки хушбахтона, аз ин принсип Конститутсияи кишвари мо дар канор аст.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Маҳз риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар гарави амният ва осудагист. Мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки оқибатҳои сангину ғамбори солҳои муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварамонро, ки аз фазои беамалии Сарқонун ва дигар қонунҳо манша гирифта буданд, фаромӯш намоем. Маҳз беамалии Конститутсия ва қонунҳо қимати ҳамаи неъматҳоро аз байн бурда буд ва кор ба дараҷае расид, ки ҷони одам низ арзише надошт.
Мо ҳамарӯза гувоҳи он ҳастем, ки чи гуна беамалии Қонуни асосӣ дар баъзе мамолики дунё боиси оқибати вазнин ва мудҳиш гардида истодаанд.
Таҷрибаи тафтишотӣ ва судии ҷиноятҳои дар солҳои нооромии сиёсии кишварамон содиршуда шаҳодати он аст, ки яке аз сабабҳои дар он солҳо даст задан ба қонунвайронкуниҳо маърифати пасти ҳуқуқӣ, надонистани одитарин ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон буд. Дар он як давраи кӯтоҳи беамалии қонунҳо дар кишварамон зуҳуроти хешу таборчигӣ ва маҳалгароӣ барои афроди ҷинояткор аз ҳама қонунҳо болотар буд. Новобаста аз шакли идоракунии давлат ва сатҳи инкишофи иқтисодии он, танҳо дар сурате пеши роҳи беамалии қонунро гирифтан метавон, ки агар шаҳрвандони кишвар дорои тафаккур ва маърифати баланди ҳуқуқӣ бошанд ва дарк намоянд, ки надонистани қонун касеро аз ҷавобгарӣ озод намекунад ва ҷавобгарӣ барои ҳама гуна кирдори ғайриқонунӣ ногузир аст.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо истинод ба моддаи 42-и Конститутсия менамоем, ки дар он омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».
Чун қоида, муқаррароти Конститутсия ифодаи бевоситаи худро дар қонунҳои кишвар пайдо менамоянд. Аз ҷумла, кафолатҳои конститутсионии таъмини ҳуқуқ ба зиндагӣ бо чанд моддаи Кодекси ҷиноятии мамлакат ҳифз карда мешаванд. Чунончи, Кодекси ҷиноятӣ барои содир намудани одамкушии қасдона (моддаи 104), кӯдаки навзоди худро куштани модар (моддаи 105), одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (моддаи 106), одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содиркарда заруранд (моддаи 107), аз беэҳтиётӣ ба марг расондан (моддаи 108), ба худкушӣ расондан (моддаи 109), расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида шудааст (моддаи 110, қисми 3 банди «в»), ки дар ҳамаи ҳолатҳо марги ҷабрдида фаро расидааст, вобаста аз шакли гуноҳ ва дараҷаи хавфнокии кирдор ҷазоҳои гуногун пешбинӣ намудааст. Яъне, ба ин восита давлат барои ҳар як шахс кафолати конститутсионии ҳаёт ва зиндагии амнро додааст.
 Дар баъзе мамолики дунё бо хоҳиши ҷабрдида, ки мубталои бемории табобатнашаванда гардидааст, бо мақсади аз азияти дард халос кардан, ба ҳалокат расондани он нафар иҷозат дода мешавад, ки дар ин маврид шахси содиркардаи ин кирдор аз ҷавобгарӣ озод мешавад ва ин амал дар забони ҳуқуқӣ “эвтаназия” ном дорад. Аммо, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвари мо чунин амали ғайриинсонӣ роҳ дода нашуда, шахси бо хоҳиши худи ҷабрдида содирнамудаи куштори ӯ низ бо асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Инчунин қонунгузории ҷиноятӣ барои исқоти ғайриқонунии ҳамл ва маҷбур намудани зан ба исқоти ҳамл низ ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.
Ба замми ин, баҳри таъмини ҳаёти шоиста дар Сарқонуни мамлакат муқаррароти зиёди дигаре низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст». Мувофиқан ба ин, дар Кодекси ҷиноятии кишвар барои дузанагӣ ва серзанагӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардидааст.
Ё ин ки моддаи 23-и Сарқонун, барои ҳифзи маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот, инчунин ҳаёти шахсии инсон муқаррар кардааст: «Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст». Инчунин дар моддаи 24-и Сарқонун омадааст: «Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳали зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад».
Ҳамаи ин муқаррароти конститутсионӣ бори дигар аз табиати одилона ва волои Конститутсияи кишвари мо дарак медиҳанд.
 Дар фароварди сухан гуфтанием, ки Сарқонуни мамлакат бо мақсади таъмини зиндагии шоиста ва сазовори ҷомеаи дунявӣ қабул гардида, то кадом дараҷа дар ҳаёти ҳаррӯза амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизому самараноки мақомоти давлатӣ, инчунин ба рафтор, кирдор ва тарбияи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди баору номуси кишварамон вобастагии қавӣ дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2014    №: 92    Мутолиа карданд: 627

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед