logo

ҳуқуқ

Шодмон Алиев: НАВХОНАДОРОН НИЁЗ БА ТАРБИЯ ДОРАНД

Шодмон Шамсович Алиев бори нахуст 1 августи соли 2000-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди шаҳри Норак таъйин шуд. Он солҳо вазъи бино ва ашёи идории он дар ҳолати харобӣ қарор дошт.

Раиси суд бархе аз мурофиаҳоро дар толори дигар корхонаҳо гузаронда, дар фикри ислоҳи камбудиҳо гашт. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр низ пешниҳоди Шодмон Алиевро саривақтӣ ҳисобида, ҷойи мувофиқу аммо бинои фарсудаеро ҷудо намуд. Акнун раиси суд дар ду ҷабҳа фаъолият мекард. Давоми рӯз ба қабули шаҳрвандону дидани парвандаҳо шуғл меварзиду бегоҳӣ то нимаи шаб бо сохтмончиён ҳампаҳлу буд. Таъмиру тармим анҷом ёфта, намуди бино зебо гашт. Сипас ба ободонию сабзкории гирду атрофи он даст зад, ки қариб 0,5 гектарро ташкил медод.
Панҷ соли аввалро Шодмон Алиев бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст кард. Бештар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои оила, баҳсҳои замину манзил ва бесабаб аз вазифа озод намудан ба суд шикоят мебурданд. Аксари парвандаҳои баррасишуда ҳалли худро меёфтанд. Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ ва Суди Олӣ баъзан барои баррасии парвандаҳои алоҳида ба ӯ раҳматнома эълон менамуданд.
Таъйиноти хусусии бароварда, вохӯрию суҳбатҳои судбахш оид ба фаҳмондадиҳии қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ дар ташкилоту корхонаҳо ва мактабҳо боис гардиданд, ки бори дувум Шодмон Алиев ба вазифаи раиси суди шаҳри Норак пешниҳод гардад ва соли 2005-ум боз ба ин вазифа таъйин шуд.
Ӯ роҳи мақомоти судиро осон тай накарда, то ба ин ҷой расидан чанд зинаи поёниро паймудааст. Шодмон Алиев аз соли 1980 то 1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат карда, сипас Техникуми молиявӣ - иқтисодии шаҳри Душанберо бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд. Муддати 7 сол дар вазифаҳои иҷрочӣ ва иҷрочии калони суди ноҳияи Ёвон фаъолият кард. Вазифаи иҷрочии суд басо масъулиятнок аст.
Ҳар боре бо парвандаҳои баррасигашта шинос мешуд, мехост маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гираду дар мақомоти суд фаъолият намояд. Аз ин рӯ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расонд. То соли 1996 дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикхимпром» ва корхонаи тобеи он – Заводи таъмирӣ – механикӣ воқеъ дар ноҳияи Ёвон вазифаҳои ҳуқуқшинос ва сардори шуъбаи кадрҳоро ба ҷо овард. Баъдтар ӯро сардори нотариати давлатии ноҳияи Ёвон таъйин намуданд, ки дар ин вазифа 5 сол фаъолият кард.
Дар мақомоти судӣ низ парвандаҳоро бенуқсон баррасӣ менамуд ва қариб, ки аз онҳо нуқсоне намеёфтанд. Ин боиси афзудани обрӯ ва баланд шудани савияи касбии ӯ гашт…
Ва инак, дар вазифаи раиси суди ноҳияи Ёвон кор карда истодааст. Зимни фаъолият робитаро бо ташкилоту корхонаҳои сохтмонию кишоварзӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ мустаҳкам намуд. Зуд - зуд дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ баромадҳо намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳия саҳм гирифта истодааст.
Дар соли 2013-ум ва се моҳи соли равон раиси суди ноҳияи Ёвон Шодмон Алиев бо хонандагони синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб – литсей, гимназияи хонандагони болаёқат ва бо донишҷӯёни Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия дар мавзӯи «Зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан» дарсҳои озод гузаронда, бо мардуми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти «Ёвон», «Ҳаёти нав», «Норин», «Чоргул», «Ситораи сурх», «Обшорон», «Г. Юсуфова», «Даҳана» ва «Ҳ. Ҳусейнов» суҳбату вохӯриҳо гузарондааст. Ӯ ба ҳар баромад омодагии ҷиддӣ дида, ба ҳар муроҷиаткунанда посухи мушаххас медиҳад.
Аз суҳбат бо Шодмон Алиев маълум шуд, ки соли 2013 - ум дар суди ноҳия дар маҷмӯъ 2947 парванда баррасӣ шудааст, ки назар ба соли 2012-ум 600 парванда зиёд ва ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон аз ҳама баланд мебошад. Аз он 1039 парвандаро худаш баррасӣ кардааст.
- Асосан афзудани парвандаҳо аз ҳисоби парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ мебошад, - гуфт Шодмон Алиев ва илова кард. - Дар ин давра суди ноҳия зиёда аз 123 таъйиноти хусусӣ бароварда, 55 мурофиаи сайёри судӣ гузарондааст. Барои рӯёндани 1 миллиону 152 ҳазору 153 сомонӣ ба фоидаи давлат санадҳо қабул намуд. Бояд таъкид сохт, ки дар ноҳия содиркунии ҷиноятҳо як дараҷа коҳиш ёфтааст. Аммо масъалаи доғ бекор кардани ақдҳои никоҳ мебошад, ки тамоюли афзудан дорад ва нигаронкунанда аст. Чунончи, дар соли 2013-ум дар шуъбаи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия 2725 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, ба суд барои бекор кардани ақди никоҳ 212 парванда ворид гашта буд. Дар рафти баррасии парвандаҳо 110 адад ақди никоҳ бекор карда шуд.
Ба наздикӣ мо ҷамъбасти амалияи судиро оид ба парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ гузаронда, ҳолатҳои бурида шудани ақди никоҳ ва сабабу шароитҳои онро муайян намудем. Омӯзиши амалияи судӣ нишон дод, ки дар соли 2013-ум дар 37 ҳолат навхонадороне барои бекор кардани ақди никоҳашон муроҷиат намудаанд, ки ҳамагӣ як сол зиндагии зану шавҳарӣ доштанд ва ин 34%-и никоҳҳои бекоршударо ташкил медиҳад. 17 никоҳ (15%) баъди 2 соли зиндагии якҷоя вайрон шудааст. Дар 3 соли зиндагонӣ нисбатан камтар, 9 ҷуфт (9%) аз ҳам ҷудо гаштаанд. Дар соли 4-уми занушавҳарӣ бошад, афзудани бо ҳам мувофиқ наомадани хислатҳо дида мешавад, яъне 13 никоҳ (12%) бекор шудааст, ки барои навхонадорон нисбатан давраи вазнин аст. Онҳое, ки 5 сол якҷо зиндагӣ кардаанд, ба мулоҳизатаранд. Чунки камтар, яъне 8 никоҳ (7%) тарки муносибати оилавӣ намудаанд. Мутаассифона, 10 соли зиндагонии якҷояи зану шавҳар 15 никоҳ (ё 13%)-ро нигоҳ дошта натавонистааст.
Дар баробари ин муқаррар шуд, 51 ҷуфти никоҳкарда 1 фарзанди умумӣ доранд, ки 46% - и ҷамъи никоҳҳоро ташкил медиҳанд. 2 фарзанди умумӣ 18 нафар падару модарро аз ҷудошавӣ нигоҳ надоштааст. 8 оилае, ки ақди никоҳи қонунӣ баста, 3 фарзандро тарбия мекарданд, хоҳиши аз ҳам ҷудо шуданро карданд. Аммо дар байни зану шавҳари тарки зиндагонии якҷоя карда, 24 никоҳ ё 22% онҳое мебошанд, ки фарзанд надоштанд.
Ҳангоми бекор кардани ин никоҳҳо ҷиҳатҳои дигар муайян шуданд: 58 нафар зан дар синни то 25-солагӣ, 28 нафар то синни 30-солагӣ, 6 нафар дар синни то 35 солагӣ, 10 нафар то синни 40-солагӣ ва 8 нафар зиёда аз 40-солагӣ никоҳҳояшонро бекор кардаанд. Аз ин таҳлил бармеояд, ки ҷудошавӣ бештар дар оилаҳои ҷавон рух медиҳад. Дар таҷрибаи судӣ дида шуд, ки омилҳои асосӣ аз тайёр набудани ҷавонон ба хонадоршавӣ, камтаҷрибагӣ, надонистани ҳуқуқҳои худ ва тарзи ҳифзи онҳо мебошанд. Чунончи, 60 никоҳ бо сабаби таъсири манфии калонсолон, махсусан падару модар ва хусуру хушдоманҳо, 30 никоҳ барои мувофиқ наомадани хислатҳо, 10 никоҳ бо сабаби зӯроварии хонаводагӣ, 2 никоҳ барои аз хориҷа барнагаштани шавҳар, 3 никоҳ тавассути хиёнати зан ё шавҳар ва 5 никоҳ бо сабаби бокира набудани духтарон бекор шудааст.
Аз 110 ақди никоҳи бурида 40 ададаш бо ташаббус, яъне бо аризаи даъвоии занон, ки 36%- ро ташкил медиҳанд, қатъ шудаасту боқӣ аз ҳисоби мардон.
Аз ҳад беш бекор карда шудани ақди никоҳҳоро дар сурати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, омода намудани ҷавонон ба оиладоршавӣ ва ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти зану шавҳарии онҳо пешгирӣ кардан мумкин аст.
Ҳамчунин барои пешгирӣ кардани ақди никоҳ шуъбаи САҲШ, ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, мактаб, ходимони дин, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия масъуланд. Фаъолияти густурдаи онҳо метавонад соле даҳҳо оилаҳоро аз хатари ҷудошавӣ эмин нигоҳ дорад.

Мирзои ФИРӮЗ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2014    №: 93    Мутолиа карданд: 932

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед