logo

маориф

ТАЪСИСИ ДОНИШКАДА АЗ ПАЁМ БАР ОМАД

Соли 1992 Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои минтақаи Рашт бо муаллимони соҳибихтисос барои кушодани шуъбаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дар ноҳияи ҳамонвақтаи Ғарм иҷозат дод ва тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи филиали ДДОТ се шуъбаи рӯзона: филологияи тоҷик, таърих, математика, инчунин як гурӯҳ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кушода шуд. Таълими донишҷӯён аввал дар шаҳраки Навобод ва сипас дар шаҳраки Ғарм оғоз ёфта, 360 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Вале моҳи январи соли 1996 ба сабабҳои маълум фаъолияти шуъба қатъ гардид.

Баъдан Вазорати маорифи кишвар дархости мақомати иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ба инобат гирифта, аз 22 апрели соли 2002 кушодани шуъбаи таълими ғоибонаро иҷозат дод. Ҳамин тавр, шуъбаҳои ғоибонаи филологияи тоҷик, таъриху ҳуқуқ, баъдан шуъбаҳои математика ва география ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Пас аз он бо ташаббус ва дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 ноябри соли 2006 дар бораи дар заминаи шуъбаи ғоибонаи мавҷуда таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт қабул гардид. Ҳамон вақт, яъне то моҳи июни соли 2008 шумораи умумии донишҷӯёни шуъбаи ғоибона 708 нафарро ташкил медод. Соли 2007 – ум 45 нафар донишҷӯ филиалро хатм намуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданд.
Роҳбарии ин муассисаи таълимиро дар солҳои 1992 - 2011  М. Пиров,  М. Аҳмадов,  И. Исроилов  ба  уҳда доштанд. Аввалин омӯзгорони таълимгоҳ профессорон Ғ. Роҳатов, С. Шербоев, Ш. Исмоилов, М. Аҳмадов, Н. Сайфиев, дотсентҳо С. Нуров, С. Саидов, Р. Алиқулов, номзадҳои илм С. Назруллоев, Н. Исоев, А. Шомаҳмадов, А. Шарифов, М. Одилов, М. Қосимов, П. Раҷабов ва дигарон буданд. Дар маҷмӯъ дар донишкада 93 нафар устодон дарс гуфтаанд, ки аз ин шумора 6 нафар доктори илм, профессор, 18 нафар номзади илм, дотсент, 31 нафар муаллими калон ва боқимонда ассистент мебошанд.
Соли 2011 доктори илмҳои фалсафа, профессор С. Ҷононов директори филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъйин гардид. Сипас, дар асоси нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.04.2013), Қарори Ҳукумати кишвар аз 2 майи соли 2013, № 206 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» ба тасвиб расид. Баъдан ин ҷо корҳои зиёде ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникӣ, таълимию методӣ ва кадрӣ, таъсиси сохтору зерсохторҳои нав ба анҷом расонда шуданд.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дорои се факулта ва 11 кафедра буда, дар он 15 шуъба, аз қабили забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, математика – физика, математика – информатика, педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, химия ва биология, технология ва соҳибкорӣ, география ва ҳифзи табиат, география, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (дар соҳаи маориф), менеҷменти иҷтимоӣ (дар соҳаи маориф), информатика ва рӯзноманигорӣ фаъолият доранд.
Раёсати донишкада ҷиҳати муҷаҳҳаз гардондани раванди таълим бо воситаҳои муосири техникӣ пайваста талош меварзад. Айни ҳол дар донишкада 106 адад компютер мавҷуд буда, 70 адади онҳо ба 6 синфхонаи компютерӣ мутааллиқанд. Ҳамчунин ин ҷо 7 адад тахтаи электронӣ ва 7 адад видеопроектор мавҷуданд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди донишкада курсҳои махсуси омӯзиши компютер, забонҳои хориҷӣ амал мекунанд.
Аз оғози соли таҳсили 2013 – 2014 дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишкада 1881 нафар донишҷӯ аз рӯи 13 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 957 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 924 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд. Аксари донишҷӯён аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва шаҳри Роғун мебошанд. Дар донишкада ҳамчунин ҷавонон аз минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
 Хадамоти мониторинги сифати таҳсилот ва шуъбаи фарҳанг дар самти назорати сифати таълим ва тарбияи маънавии донишҷӯён корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд. Дар донишкада Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ – методӣ, Шӯрои кураторон, Шӯрои занону духтарон, ташкилоти иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон, ташкилоти иттифоқи касабаи донишҷӯён, созмони ҷавонон фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳбуд бахшидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва хоҷагию молиявӣ нақши муҳим мебозанд.
Соли 2013 донишкадаро 178 нафар, аз ҷумла бо ихтисосҳои муаллими фанни забони русӣ – 15 нафар, муаллими фанни забони англисӣ – 19 нафар, муаллими фанҳои физика ва математика - 31 нафар, муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик - 40 нафар, муаллими фанҳои таърих ва ҳуқуқ – 49 нафар хатм карданд.
Дар назди кафедраҳои факултаҳо бо мақсади ҳар чи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ маҳфилҳои илмӣ – фаннии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Забондонони ҷавон», «Адабиётшиносони ҷавон», «Молодые руссоведы», «Ҳуқуқшиносон ва таърихчиёни ҷавон», «Фалсафаи сиёсат», «Равоншиносон ва омӯзгорони ҷавон», «Математикҳои ҷавон», «Физикҳои ҷавон», «Табиатшиносони ҷавон» амал менамоянд. Раванди таҳияи барномаю дастурҳои таълимӣ - методӣ, навиштани лексияҳо аз фанҳои гуногуни таълимӣ, ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ ва дар машғулиятҳои таълимии ҳамдигар иштирок кардани устодон, фаъолияти маҳфилҳои илмӣ зери назорати доимии роҳбарияти таълимгоҳ қарор дошта, пайваста дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва раёсати донишкада мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Як соли охир барои устодони донишкада аз нигоҳи корҳои тадқиқотӣ – илмӣ ва эҷодӣ давраи пурмаҳсул маҳсуб мешавад. Чунончи, дар ин давра мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва методикаи таълими он М. Шодиев рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Зиндагӣ ва осори Алӣ Хуш» бомуваффақият дифоъ карда, порае аз онро дар шакли рисола бо номи «Нақши Алӣ Хуш дар рушди адабиёти тоҷик» мунташир сохт; мудири кафедраи математика ва технология О. Саймуҳиддинов монографияи худро бо номи «Баъзе усулҳои ҳисоббаробариҳои алгебраи хаттӣ» ба табъ расонд; муаллим С. Раҳматов дастури методию таълимии хешро бо номи «Учебно – методическое пособие лекционно – семинарских занятий по устному народному творчеству» (для студентов первого курса неязыковых ВУЗов) нашр кард; маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодони донишкада ба чоп тавсия шуд; устодони донишкада дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ мақола чоп карданд. Дар донишкада феълан 20 нафар унвонҷӯ ва 15 нафар аспирант бо таҳияи рисолаҳои номзадӣ машғул буда, 11 нафар хатмкардагони донишкада дар магистратура таҳсил доранд.
Бахши тарбияи донишкада дар асоси нақшаи таҳияшудаи чорабиниҳо ва Консепсияи миллии тарбия дар сатҳи умумидонишгоҳӣ ва ноҳиявӣ беш аз 20 чорабинӣ гузаронд, ки дар тарбияи ахлоқию маънавӣ, фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, афзун гардондани муҳаббат ва садоқат ба касби омӯзгорӣ мусоидат намуданд.
Донишкада дастаи ҳунарии худро таъсис додааст, ки аъзои он баҳри муассиру хотирмон гузаштани чорабиниҳои фарҳангӣ, таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ саҳмгузоранд.
Имрӯзҳо ҳайати профессорону муаллимон ва дигар кормандон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақа ва ҷумҳурӣ аз шароиту имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мекунанд.
М. РИЗВОНОВ.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2014    №: 94    Мутолиа карданд: 1342
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед