logo

ҳуқуқ

САНАДИ БАРНОМАВӢ

Нусратулло САДИРЗОДА,
раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Рушди устувори ҳар як давлат, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии он аз Конститутсия сарчашма мегирад. Сарқонун санади таърихии дорои ҷанбаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Дар дебочаи аксари конститутсияҳо меъёр ва ҳолатҳои он аз номи халқ эълон мешаванд. Масалан,  дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Бояд бигӯем, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсия на аз номи халқ, балки бевосита аз ҷониби мардум бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва худи халқ ҳамчун муаллифи ормонҳои ин санади сарнавиштсоз масъулияти амалӣ намудани меъёрҳои онро ба уҳда гирифтааст. Дар моддаи 5-и ин санади олии ҳуқуқии кишвар зикр гардидааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Ин қисми модда ба Сарқонун тибқи раъйпурсии умумихалқӣ, аз 22 июни соли 2003 ворид гардид ва инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд. Конститутсия муҳимтарин рукнҳои зоҳирёбии инсон - ҳуқуқу озодиҳои онро низ ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст.
Истилоҳи «конститутсия» ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар он давра зери ин мафҳум баъзе санадҳои сиёсӣ - ҳуқуқии шоҳон фаҳмида мешуд. Баъдан дар ҳамин шакл ва мазмун конститутсия дар баъзе мамлакатҳои Аврупо низ пайдо гашт. Дар давраи шӯравӣ олимон пайдоиши конститутсияро, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад, ба ҳавасмандии синфи буржуазия барои таъмини пойдории ҳокимияти худ алоқаманд медонистанд ва ин бесабаб нест. Зеро ҳар як неруи ҷамъиятӣ - сиёсие, ки бар ҳарифони худ ғолиб меояд, қоидаю меъёрҳои ҳифзи манфиатҳои худро муқаррар менамояд ва маълум, ки ба чунин санади ҳуқуқии сатҳи баланд эҳтиёҷ дорад. Аммо сабаби дигар дар худи хусусиятҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии конститутсия ниҳон аст, ки қувваи ҷозиба ва таъсири он барои пойдорӣ, ҳифзи тартибот ва риояи қонуният зарур мебошад.
Гузашта аз ин, ҳатто давлатҳои дар асоси арзишҳои динӣ ташаккулёфта низ баробари Қуръон, Инҷил, Таврот ва ғайра, асоси ҳуқуқии давлатдории худро ба конститутсия алоқаманд мешуморанд. Масалан, Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қисми муқаддима эълон менамояд, ки «Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон мубаййини ниҳодҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеаи Эрон бар асоси усул ва равобити исломӣ аст, ки инъикоси хости қалбии уммати исломӣ мебошад».
Дар давраи ҳокимияти шӯравӣ мувофиқи таълимоти марксистӣ-ленинӣ моҳият ва мафҳуми конститутсия фақат аз рӯи талаботи муборизаи синфӣ маънидод карда мешуд. Фридрих Энгелс чунин меҳисобид, ки конститутсия натиҷаи муборизаи синфӣ буда, синфи ғолиб баъди музаффарияти ба даст овардааш онро муқаррар менамояд.
Оид ба моҳияту мазмуни конститутсияҳои ба ном сотсиалистии давраи шӯравӣ, аз ҷумла конститутсияҳои пешини Тоҷикистон ҳаминро гуфтан зарур аст, ки онҳо аз рӯи нақшаи муайяни мафкуравӣ пайдо гардида, инкишоф меёфтанд. Масалан, агар конститутсияи якуми шӯравӣ соли 1918 бо ғалабаи Инқилоби Октябр алоқаманд дониста шуда бошад, конститутсияи соли 1924 бо ташкилёбии давлати шӯравӣ, конститутсияи соли 1936 бо хулосаи ҳизбӣ дар бораи ғалабаи пурраи сотсиализм дар Иттиҳоди Шӯравӣ, конститутсияи соли 1977 бо ғалабаи қатъии сотсиализм дар ҳамон давра иртибот мегирифт.
Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон бо таъсис ва ташаккули аввалин давлати миллии шӯравии Тоҷикистон алоқаманд аст. Анҷумани дувуми Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард. Он мувофиқи конститутсияи Иттиҳоди Шӯравии соли 1924 ва конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон соли 1927 таҳия шуда буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1929 бо ҳуқуқҳои мухторӣ ба ҳайати Ӯзбекистон даромадани Тоҷикистонро якҷо бо Вилояти Кӯҳистони Бадахшон ба тарзи ҳуқуқӣ - конститутсионӣ ба расмият даровард.
Анҷумани чоруми шӯроҳои Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1931 конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул кард, ки он ба конститутсияи соли 1924-и давлати шӯравӣ мувофиқат дошт. Конститутсияи дигар 1 марти соли 1937 аз тарафи Анҷумани шашуми фавқулодаи шӯроҳои ҷумҳурӣ қабул гардид, ки он моҳиятан бо конститутсияи иттифоқии соли 1936 мувофиқ буд. Ин конститутсия 41 сол амал намуд ва дар ин муҳлат ба он қариб ҳазор маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуд. Конститутсияи чоруми Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул гардид, 16 сол амал кард.
 Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Дар ин давра зарурат ба қабули қонунҳои нав ва таҳияи шаклу воситаҳои муассири танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён омад. Ҳамзамон бо ин, ба касе пӯшида набуд, ки бе қабули Конститутсияи нави ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳалли ин қабил вазифаҳо дар бахши ислоҳоти ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Он давлати Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард. Бо қабули Конститутсия дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ оғоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян шуданд. Маълум аст, ки дар давоми чор – панҷ соли амали Сарқонун Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш рафт, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба миён омаданд, ҳадафҳо ва самтҳои ислоҳоти судӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳо мушаххастар гардиданд. Дар чунин шароит зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун ба миён омад. Ҳамин тавр, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гашт.
Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридшуда, аз ҷумла дар ҷумҳурӣ порлумони касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол ва судяҳо ба даҳ сол расид, ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид, тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд. Тағйиру иловаҳо боиси тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ва қонунгузории амалкунанда гардиданд. Тоҷикистон пеш рафт ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо намуд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳамаи ин дастовардҳо маҳз ба шарофати Сарқонун насиби халқи шарафманди Тоҷикистон гаштааст. Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафти давлати соҳибистиқлоли моро муайян мекунад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2014    №: 95    Мутолиа карданд: 1369

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед