logo

маориф

ТАЪЛИМ МАЪНИИ ЗИНДАГИИ ӮСТ

Дар зиндагӣ баъзан бо лутфи неки сарнавишт бо нафароне рӯ  ба рӯ мешавем, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбияи наврасон намуда, ба ин васила ҳам дар пешрафту ободии диёр ва ҳам дар бомаърифт ба камол расидани насли наврас  саҳми арзанда мегузоранд. Дар воқеъ танҳо омӯзгори асил, омӯзгоре, ки пешаи худро аз дилу ҷон дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ касби худро на бо тақозои замон ва на аз рӯи зарурат дигар намекунад, метавонад дар тарбияи насли наврас муваффақ бошад ва миёни мардум обрӯву эътибори хоса пайдо намояд. Қобилшо Подшоев, омӯзгори фанни мусиқии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 52, аз ҷумлаи чунин нафарон аст. Аз зумраи омӯзгороне, ки натанҳо шогирдонро дар рӯҳияи илмдӯстӣ, ва-тандӯстӣ, эҳтироми санъату фарҳанги ниёгон тарбия менамояд, балки дар рушди маорифи кишвар низ саҳми арзанда дорад.
Орзуи муаллими мусиқӣ шудан аз хурдӣ дар дилаш ҷой гирфта буд. Дар оила падару модар ва бародаронаш мусиқиро дӯст медоштанд ва ҳама аз уҳдаи навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ ба хубӣ мебаромаданд. Модараш Рӯзахотун лабчангро хеле хуб менавохт. Бародараш ҳангоми таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни санъат ва мусиқӣ ба ӯву ҳамсабақонаш дарс мегуфт. Албатта, мусиқишинос набуд, аммо чун дар мактаб муаллими мусиқӣ намерасиду ӯ асбобҳои гуногунро менавохт, дарси мусиқиро ба уҳдааш гузошта буданд.
- Чун аз хурдсолӣ садои мусиқиро ҳамеша дар хона мешунидам ва зери навои он ба воя расидам, ба суруду мусиқӣ меҳри беандоза пайдо намудам ва тасмим гирифтам, ки муаллими мусиқӣ мешавам, - мегӯяд Қобилшо Подшоев.
Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷатҳояшро соли 1973 ба Донишгоҳи омӯзгорӣ, факултети санъат ва мусиқӣ супурд. (Он замон дар ин донишгоҳ факултети санъат ва мусиқӣ мавҷуд буд). Моҳи октябри ҳамон сол Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис  ёфт ва шуъбаро  ба он ҷо кӯчониданд. Қобилшо Подшоев таҳсилро дар шуъбаи мусиқӣ ва суруди донишкада идома дода, онро соли 1976  бомуваффақият хатм намуд.
Нарасидани муаллими мусиқӣ дар замони шӯравӣ низ барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мушкили асосӣ буд. Донишҷӯёне, ки шуъбаи санъат ва мусиқиро хатм мекарданд, қисми камашон пешаи омӯзгориро интихоб менамуданд. Аммо Қобилшо Подшоев баъди хатми донишкада тасмими худро дигар накард. Як сол, дар шаҳри Хоруғ  нозукиҳои  мусиқиро ба шогирдон омӯхт. Аз сабаби он ки соатҳои дарсӣ кам буду вақти холӣ зиёд, ба пойтахти кишвар омад. Мушкили нарасидани муаллими мусиқӣ дар пойтахти кишвар низ эҳсос мешуд, аз ин рӯ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ) Озода Абдусатторовна  ӯро хуб пазироӣ намуд ва ба мактаби № 52- и ноҳия ба кор фиристод. Ҳоло 37 сол мешавад, ки дар ин даргоҳ ба наврасон дарси мусиқӣ меомӯзонад. Дар ҳоле ки солҳои қаблӣ қисми бештари муаллимон бар асари нокофӣ будани маош касби худро дигар карда, тарки мактаб намуданд, Қобилшо Подшоев ба қавлаш устувор монд. Тарки касб накард ва ба шогирдон мусиқии суннатиро омӯзонид.
Воқеан, агар ба кору пайкор ва зиндагии гузаштааш назар афканем, мебинем, ки дар тарбияи наврасон ба воситаи таълими дарси мусиқӣ саҳм гирифтааст ва вобаста ба ҳамин низом китобу дастурҳо низ таҳия намудааст.
Албатта, то пош хӯрдани сохтори шӯравӣ китобҳои дарсӣ барои таълими фанни мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд буд, аз ҷумла китоби «Суруд ва мусиқӣ», ки  соли 1954 бо талоши оҳангсози шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ барои хонандагони синфҳои 4-ум рӯи чоп омада буд ва китоби «Салом бачаҳо»-и Шарофиддин Сайфиддинов мушкили муаллимони фанни мусиқиро хеле осон менамуд. Аммо баъди истиқлолияти давлатӣ зарурати таълифи китобҳои нави дарсӣ ба вуҷуд омад. Чун Қобилшо Подшоев солҳои тулонӣ бо кӯдакон сару кор дошт, ба таълифи китоби дарсии  мусиқӣ ҷалб гардид ва соли 2007 дар таълифи китоби «Суруд ва мусиқӣ барои хонандагони синфи 4», «Суруд ва мусиқӣ барои хонандагони синфи 6» саҳм гузошт. Муқарризи «Тавсияҳои методӣ ба омӯзгорони мусиқии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ» мебошад. Барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф ва рушди он Аълочии маорифи Тоҷикистонро сазовор гардидааст. Барои корҳои назаррасаш соҳиби чандин ифтихорномаҳост. 
Таълими фанни мусиқиро дар мактабҳои таҳсилоти миёна зарур медонад.
- Мусиқии тоҷик таърихи тулонӣ дорад. Ҳанӯз 1400 сол қабл Борбади Марвазӣ бо он шуҳрат дошт. Вазифаи мо устодон ба шогирдон фаҳмондани мусиқии касбии суннатӣ ва дар раванди ҷаҳонишавӣ пойдор нигоҳ доштани он аст, - мегӯяд Қобилшо Подшоев.
Соли 2010 дарсҳои Қобилшо Подшоев, аз шабакаи телевизионии кӯдакону наврасон «Баҳористон» намоиш дода мешуд. Тамошобинон аз ин дарсҳо дар бораи мусиқии касбии тоҷик маълумоти зиёд пайдо намуданд. Ба саволҳои  Шашмақом чӣ гуна мусиқӣ аст? Чаро онро Шашмақом мегӯянд, ҳар мақоми он аз чанд қисмат иборат аст? Опера чӣ гуна асари мусиқист ва аввалин операи тоҷик кадом аст? Онро кадом бастакор эҷод намудааст? посух гирифтанд.
 Қобилшо Подшоев имрӯз аз сифати дарси мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ изҳори нигаронӣ мекунад.
- Вақте  маро чун устоди ботаҷриба ба баъзе мактабҳо мефиристанд, то аз сифати таълими фанни мусиқӣ огоҳ шавам, ростӣ, дилам ба кӯдакон месӯзад. Зеро ба онҳо муаллимони фанни забони тоҷикӣ ё таърих, ки аз мусиқӣ тамоман дуранд, дарс мегӯянд. Дар баъзе мактабҳо синфхонаҳои алоҳида барои гузарондани дарси мусиқӣ мавҷуд нест. Асбобҳои мусиқӣ намерасанд. Ҳол он ки тибқи барнома барои таълими дарси мусиқӣ бояд тамоми созҳои мусиқии тоҷикиву аврупоӣ дар мактаб мавҷуд бошанд. Аммо дар баъзе мактабҳо ба ҷуз як най ва ё таблак асбоби мусиқии дигаре нест.
Пештар оҳангсозони тоҷик ба мисли Миратулло Атоев, Ёқуб Сабзаев, Қудратулло Яҳёев, Шарофиддин Сайфиддинов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Ҷурабой Охунов барои бачаҳо низ оҳанг эҷод менамуданд. Аммо солҳои охир оҳангсозони мо барои кӯдакон асари мусиқӣ эҷод накардаанд, ки ин ҳам боиси нигаронист, - мегӯяд ӯ.
Ба андешаи Қобилшо Подшоев, барои хонандагон дар дарси мусиқӣ гузаронидани экскурсия низ зарур аст. Ин экскурсияҳо бояд, ки дар хонамузейҳои сарояндагону бастакорони маъруф, ба мисли Гурминҷ Завқибеков, Зиёдулло Шаҳидӣ гузаронда шаванд. Ин имкон медиҳад, ки хонанда ба олами мусиқӣ бештар ворид гардад ва ҳам ба ин васила дар бораи устодон, онҳое, ки дар рушди санъати тоҷик нақши зиёд гузоштаанд, маълумоти бештар пайдо намоянд. 
- Албатта, ҳамаи шогирдон санъаткор намешаванд, мақсад аз таълими фан танҳо ин нест, аммо дар бораи мусиқии суннатии тоҷик, таърихи пайдоиши он, бастакороне, ки дар рушди санъати тоҷик саҳм гузоштаанд, маълумоти фаровон пайдо мекунанд. Хонанда малакаи мусиқифаҳмӣ, ҳис намудани онро меомӯзад ва чун фарди бофарҳанг ба воя мерасад, - мегӯяд Қобилшо Подшоев.
Мо ба устоди азиз, ки умри бобаракати худро ба таълиму тарбияи наврасон, чун инсони бофарҳанг ба воя расидани онҳо ва ҳифзи мусиқии касбӣ бахшидааст, сипос ва сано мегӯем.  Барояш комёбӣ таманно дорем.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2014    №: 96    Мутолиа карданд: 793

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед