logo

ҳуқуқ

АРҶГУЗОРӢ БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

ё бо роҳи азобу шиканҷа ба даст овардани далелҳо номумкин мешавад

16 май дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Прокуратураи генералӣ ба муносибати 20 - умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо» конфронси илмӣ -  амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Шӯрои адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, олимону мутахассисони шинохта, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва суд, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, адвокатура ва воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.
Ба кори конфронс Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина  ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки ҳамоиши илмию амалии имрӯза тақвиятбахши чорабиниҳои анҷомёфта ва  силсилабарномаҳои баъдӣ буда, ба 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Аслан пайдоиши конститутсия тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳуқуқӣ мусоидат намудааст.
Ба гуфтаи Салимзода Шерхони Одина,  ҳуқуқи инсон мафҳуми мураккабу серҷанба буда, ба он таърифи ягона ва маънидоди якранга намудан қобили қабул нест. Зеро ин вожа яке аз арзишҳои муайянкунандаи тамаддуни ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад. Вай натанҳо мафҳуми ҳуқуқӣ, инчунин фалсафӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ низ мебошад. Ба ҳамин мақсад дар ин анҷуман масоили басо муҳиму мубрами раванди тафтишот, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар рафти ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо, ҳолатҳое, ки оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ бояд исбот шаванд, дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.
Таъкид гардид, ки ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо дар раванди таҳқиқу тафтишоти пешакӣ барои исбот намудани дараҷаи гунаҳгориву бегуноҳии ашхоси таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарордошта ва дар ин замина ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бевосита аз меъёрҳои Сарқонуни кишвар маншаъ мегирад. Зеро таҳқиқу тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва одилона дар раванди тафтишоти пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ ба асли (принсипи) эҳтимолияти бегуноҳии инсон пойдевори устувори ҳуқуқиро мегузорад.
- Вақте ба таърихи гузаштаи начандон дур назар меандозем, - мегӯяд Прокурори генералӣ, - мебинем, ки ҳодиса ва воқеаҳои зиёди поймол шудани ҳуқуқи инсон ҷой доштаанд, ки солҳои минбаъда ислоҳ шуданд.  Агар ба омори расмӣ рӯ орем, дармеёбем, ки аз солҳои 60-уми асри гузашта то ба имрӯз наздик ба 2,5 миллион маҳкумшудаи солҳои 30 -юм сафед  шудаанд. Ин раванд то имрӯз идома дорад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷумъа Давлатов мавзӯи мавриди баҳсро хеле муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо, пеш аз ҳама, бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя ва ҳифз шаванд.
- Баррасии ин масъала  дар арафаи таҷлили ҷашни 20 - солагии Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле рамзист, - иброз дошт Ҷумъа Давлатов.
Нусратулло Абдуллозода, Раиси Суди Олӣ, зикр намуд, ки дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ муқаррароти қонунҳои мурофиавии ҷиноятӣ пурра риоя намешаванд. Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, эътибори ҳуқуқӣ надошта, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд. Зеро таҳқиқу тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисона дар раванди тафтишоти пешакӣ барои ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳукми одилона замина мегузорад.
Раиси Суди Олӣ пешниҳод намуд, ки дар маркази вилоятҳо ва  шаҳри Душанбе вобаста ба омӯзиши масъалаҳои яктарафа ё нопурра бурдани таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ё судӣ, ба таври ҷиддӣ риоя накардани қонунҳои мурофиавии ҷиноятӣ, нодуруст татбиқ намудани қонуни ҷиноятӣ бо иштироки судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, мақомоти прокуратура,  корҳои дохилӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар ниҳодҳои манфиатдор семинар - машваратҳои муштарак гузаронда шаванд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов перомуни таъмини амнияти шаҳрвандон, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо ибрози назар намуд.  Масъалаи кафолати ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, аз соли 2004 боздоштани татбиқи ҷазои қатл,  даҳ маротиба ба тасвиб расидани қонуни афв ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандон, молу мулки онҳо аз зумраи иқдомҳои муҳими башардӯстона дар ин самт мебошанд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар раванди ҷамъоварии далелҳо оид ба вазъи ҷиноятии ин ё он фард ва ё гурӯҳи ҷинояткор яке аз масоили хеле умдаи фарогири фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Маълум аст, ки гирдоварии далелҳо оид ба ҷиноят ва сабт кардану ба расмият даровардани ҳолатҳои воқеӣ барои ошкор намудани он нақши калидӣ мебозад. Дар шароити кунунӣ кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳои содирнамудаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бе истифодаи маводе, ки бо роҳи оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ба даст меоянд, ғайриимкон аст. Дар ин гуна мавридҳо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти вижа пайдо мекунад.
Мавсуф бо боварӣ изҳор намуд, ки ин ҳамоиш барои баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар ҷараёни таҳқиқ ва баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, ки тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо  ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва баҳодиҳӣ ба далелҳо, ки механизми он бевосита аз ҷониби кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ амалӣ мешавад, таъмин накардани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, боиси ба вуҷуд омадани омилҳои коррупсионӣ мегардад ва баръакс, коррупсия ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам оварда, ба ахлоқи ҷомеа зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Аз ин лиҳоз, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз вазифаҳои муқаддаси тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва судӣ, инчунин дигар мақомоти давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳар яки моро муваззаф  месозад, ки дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти хидматии худ, бахусус ҳангоми ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо дар раванди таъқиби ҷиноятӣ, ба риоя нагаштани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд роҳ надиҳем.
Бо ҳамин мақсад,  дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи вижаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шудааст. Хушбахтона, то ба имрӯз аз тарафи кормандони агентӣ ба шиканҷа, ки яке аз вазнинтарин шаклҳои поймол гардидани  ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд эътироф гардидааст, роҳ дода нашудааст.
Ба назари Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани моддаи алоҳида  ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи талаботи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф мебошад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории  ҷиноятӣ  ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»,  Дастурамал «Дар бораи дастгиркунӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолатҳоеро муқаррар намудаанд, ки барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми дастгиркунӣ ва пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ба эътибор гирифта мешаванд.
Бо вуҷуди кафолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъзан дар таҷриба ҳолатҳои бо роҳи азобу шиканҷа ба даст овардани далелҳо ҷой доранд, ки аз ин муроҷиатҳои ба мақомот воридгардида ва парвандаҳои оғозгардида шаҳодат медиҳанд. Зариф Ализода муътақид аст, ки масоили дар конфроси илмӣ - амалӣ матраҳшаванда ва пешниҳоду тавсияҳои мушаххаси иштирокдорони анҷуман дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат хоҳанд кард.
Салимзода Шерхони Одина дар ҷамъбасти конфронси илмӣ - амалӣ тазаккур дод, ки истиқлолияту ваҳдати ҳамон ҷомеа поянда хоҳад буд,  ки фаъолияти сохторҳои қудратии он дар асоси қонун ба роҳ монда шавад.
Прокурори генералӣ ҷиҳати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар раванди тафтишоти пешакӣ ва пешгирӣ намудани шиканҷа бо истифода аз усулҳои ғайри мақбули тафтишот, ба эътибор гирифтани маърӯзаву музокираҳои баёнгардида ва дар фаъолияти ҳаррӯза истифода бурдани пешниҳодҳои зеринро амри воқеӣ дар таҷрибаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар донист.
1. Пеш аз ҳама, бояд малака ва маҳорати касбии кормандони оперативӣ - таф-тишотӣ дар самти ошкорсозии ҷиноятҳо ва ҷамъоварию баҳодиҳӣ ба далелҳо баланд бардошта шавад;
2. Ба мақсади риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ зарур аст сатҳи одоби касбии мутасаддиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маънавиёт ва ахлоқи кормандони оперативӣ- тафтишотӣ ва прокурорӣ  баланд бардошта шавад;
3. Дар машғулиятҳои бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва суд барномаҳои махсус роҷеъ ба омӯзиши ҳуқуқи  инсон роҳандозӣ шаванд. Дар доираи ин дарсҳо мушкилоти дар самти роҳҳои қонунии ҷамъоварии далелҳо мавҷуда мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор гиранд;
4. Муқаррар карда шавад, ки дар протоколҳои дастгиркунии гумонбару айбдоршаванда, вақти дастгир намудани онҳо, на лаҳзаи тартиб додани протокол, балки мувофиқи қарори Пленуми Суди Олӣ  лаҳзаи воқеан дастгир кардан, ки бо ин сабаб шахс аз ҳуқуқи озодона рафтуомад маҳрум шудааст, сабт шавад. Ин ҳолат мувофиқи қарори Пленуми Суди Олӣ характери  ҳатмӣ - меъёриро гирифтааст;
5. Ба мақсади поймол нагардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар марҳалаи ба амал баровардани адолати судӣ, муҳлати баррасии  парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба категорияҳои онҳо дақиқан муайян карда шавад;
6. Ҳар як корманди оперативӣ, таҳқиқкунанда, муфаттиш, прокурор ва судя аслҳои (принсипҳои) баҳодиҳии далелҳоро бояд қатъан риоя намояд.
7. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя танҳо талаботи Конститутсия ва қонунҳо, инчунин шуури ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, ба далелҳо холисона, озодона ва мустақилона аз рӯи ҳиссиёти ботинии худ бояд баҳо диҳад. Яъне, дар баҳодиҳии далелҳо онҳо набояд ба ақидаи ягон иштирокчии дигари мурофиа, ки бо далелҳо асос наёфтаанд ва ё ягон шахси дигар, ки дар мурофиа иштирок надорад, пойбанд бошанд.
Олими бузурги  ҳуқуқшинос  И. Бентам гуфтааст: «Санъати мурофиаи судӣ чизи дигаре нест, чун санъати истифодаи далелҳо». Ба ақидаи донишманд Макс Нордау «Ҳатто далели аз ҳама боэътимод  ҳам бояд босаброна санҷида шавад». 
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2014    №: 96    Мутолиа карданд: 775

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед