logo

суханрониҳо

МО БОЯД ҶОМЕАИ БОСУБОТУ ШУКУФОНИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁРО БАРПО НАМОЕМ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, шаҳри Шанхай, Ҷумҳурии Мардумии Чин, 21 майи соли 2014

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Ҷалолатмаобон,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Машварати мо дар давраи барои Осиё масъулиятнок ҷамъ омадааст: минтақаи васеъ, ки сарнавиштҳои таърихии халқу давлатҳо дар он зич пайвастаанд, дар манзари ситезаҷӯиҳо ва хавфу хатари нав рушди боварибахши иқтисодию маънавӣ, саъю кӯшиш баҳри тараққию пешрафти устувори муштаракро намоиш медиҳад.
Халқҳои Осиё, ки бо таърихи ғанитарини умумӣ ва гуногунии фарҳангҳои ба худ хос байни худ алоқаи канданашаванда доранд, пурра дарк менамоянд, ки роҳи сӯи сулҳу шукуфоӣ аз фароҳам овардани муҳити бехатару суботе мегузарад, ки онро дар масоҳати васеи байни се уқёнус фақат бо саъю кӯшишҳои якҷоя метавон таъмин кард.
Бо дарназардошти ин Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мақоми барномаи амалиро барои мубодилаи васеъ ва ошкорои афкор дар бораи роҳҳое касб мекунад, ки сӯи таҳкими ҳамкории амалӣ ба манзури таъмини сулҳу субот, ҳамфикрӣ ва расидан ба созиши умумиосиёӣ аз рӯи масоили мубрами имрӯза мебаранд.
Шубҳае нест, ки Чини дӯст, ки дастовардҳои таъсирбахши сиёсати ислоҳот ва ошкороро намоиш медиҳад, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар Осиё ба хотири сулҳу шукуфоии муштарак ҳиссаи махсуси навоваронаи худро мегузорад.
Ҳамтоёни муҳтарам!
Тайи ду даҳсолаи баъди ба миён омадани ғояи даъвати Машварат ҷаҳон, умуман, ва Осиё, аз ҷумла, ба куллӣ тағйир ёфтанд. Аз як тараф ҷаҳонишавӣ имконияти рушди иқтисодиро фароҳам овард, аз ҷониби дигар хавфу хатар ва ситезаҷӯиҳои нав пайдо шуда, монеаи рушду шукуфоии якҷоя мегарданд.
Масоиле, ки дар як қисми қитъаи Осиё ба миён меоянд, дар қитъаи дигар равшан зоҳир мешаванд. Рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии як кишвар ба беҳдошти аҳволи мардуми давлатҳои дигари Осиё таъсири мусбат мерасонанд.
Ҳамзамон, проблемаҳои шадиди қашшоқию бекорӣ, хусусан дар байни ҷавонон, терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар сарҳад, чун пештара мавриди ташвиши умумии мо қарор доранд.
Ҳамаи ин аз баҳамвобастагии ҷудонашаванда, яъне аз масъулияти мутақобила барои сарнавишти Осиё шаҳодат медиҳад. Вазифаи умумии мо иборат аз пайдо намудани тасмимҳои судманд барои якҷоя бартараф намудани душвориҳо ва пурра истифода намудани имкониятҳоест, ки дар ҷаҳони тағйирёбандаи имрӯза дучори онҳо мешавем.
Вазъияти Афғонистон аз ҷумлаи мавзуъҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳон аст.
Мо набояд роҳ диҳем, ки Афғонистони ҷабрдида бо мушкилоти худ якка монад.
Вазифаи умумии мо иборат аз он аст, ки бо мақоми асосии СММ халқи афғонро дар расидан ба орзую умедҳояш баҳри сулҳ ва рушду адолат ҳамоно дастгирӣ намоем. Халқи диловару боистеъдоди Афғонистон бояд ҳамраъии моро бо қувваи нав ҳис кунад ва ин ҳамраъӣ бояд бо кӯмаки дарозмӯҳлати байналмилалӣ амалӣ гардад. Мо фақат бо ҳамин шарт метавонем боз Афғонистони мустақили босуботу озод аз терроризму ҷинояткориҳои вобаста ба маводи мухаддир, Афғонистони шукуфонро бинем.
Сатҳи нави ҳамкории байни Эрон ва МАГАТЭ - ро, ки роҳи сӯи ҳалли ҳамаи масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эронро мекушояд, бо қаноатмандии зиёд қайд менамоем.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!
Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад.
Мо бояд иқтидори Машваратамонро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу шукуфони халқҳои Осиёро барпо намоем. Вақт ва саъю кӯшишҳое, ки барои расидан ба ин мақсади олӣ лозиманд, набояд моро ба изтироб оранд.
Муҳим аст, ки ниҳодҳои ба таври судманд амалкунандаро собитқадамона тақвият бахшида, ҳамкории байниминтақавиро дар Осиё устуворона вусъат диҳем. Масалан, кооператсияи байни Созмони Ҳамкории Шанхай ва АСЕАН қудрати зиёде дорад. Ташаббуси дурандешонаи Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар бораи эҳёи пурраи Роҳи бузурги хушкигарду баҳрии абрешим аз дурнамои васеи ҳамкории иқтисодӣ ва муколамаи фарҳангҳо бархурдор аст.
Ба фикрам, ибтикороти нави амалӣ ва ғояҳои наве, ки Раиси ҶМЧ зимни суханрониаш дар Машварати мо баён кард, барои ба минтақаи сулҳу субот, ҳамкории судманд ва рушди устувор табдил додани қитъамон қобили дастгирии якдилонаанд.
Ояндаи Осиё дар замони ҷаҳонишавӣ аз бисёр ҷиҳат вобаста ба худи мост. Осиё дар таърихи тамаддуни ҷаҳон борҳо муҳаррики рушди умумӣ буд. Дар рӯзҳои мо бисёр давлатҳои Осиё мисолҳои рӯҳбаландсози рушди иҷтимоию иқтисодиро намоиш медиҳанд. Мо ба таҷрибаи ғуншуда такя намуда, метавонем ва бояд роҳи бунёди Осиёи шукуфону бехатарро кушоем, ки ояндаи дурахшонро барои халқҳоямон таъмин кунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар ин раванди созандагӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро ба расидан ба мақсаду вазифаҳои таҳкими ҳамгироии байни Осиё дар бахшҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва бахшҳои дигаре гузорад, ки дар ҳошияи Машварати мо мувофиқа шудаанд.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2014    №: 96    Мутолиа карданд: 427

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед