logo

ҳуқуқ

ЗАРХАРИД ТИБҚИ ҚОНУН ҶАЗО МЕГИРАД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, созишномаи грантӣ ба тасвиб расид. Ҳамчунин ба се қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қасам ёд кард
Дар оғози ҷаласа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 205, аз 16 майи соли 2014, Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ таъин намудани Ализода Зариф аз тарафи Ҷумъа Давлатов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонда шуд.
Зикр гардид, ки таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ризоияти Маҷлиси намояндагон сурат мегирад. Сипас Ализода Зариф дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон савганд ёд кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои Ваколатдорро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ содиқона ба ҷо меорад.

Созишномаи грантии «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» ба тасвиб расид
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ, зимни тасдиқи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд иброз дошт, ки он дар заминаи беҳтар намудани дастрасии маблағгузорӣ ба воситаи ба роҳ мондани роҳҳои алтернативии истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ татбиқ мегардад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст, ин таъмин намудани аҳолии кишвар бо қувваи мунтазами сифатноки барқ арзёбӣ мешавад.
Назар ба гуфтаи мавсуф, соли 2009 бо  ташаббуси Президенти мамлакат воридот ва истеҳсоли лампаҳои каммасраф дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Барои мусоидат ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла,15 августи соли 2013 Созишномаи грантиро барои татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» дар шаҳри Душанбе ба имзо расонд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур дастрас намудани дастгоҳҳои каммасраф ба аҳолӣ ва мустаҳкам намудани ташкилотҳои молиявии қарзии дохилӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок мебошад.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур ба 11,87 миллион доллар мерасад.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, татбиқи лоиҳа ба коҳиш додани хароҷот барои сӯзишворӣ, аз байн бурдани харобкорӣ ва буридани ҷангалзор, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил аз тариқи таъмини рушноӣ дар мактабҳо ва хонаҳо ҳангоми танқисӣ ба неруи барқ, дастрасӣ ба қарзҳои хурди имтиёзноки дарозмуддат, ҳавасмандии иқтисодии молиявии рушди бахши хусусӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Зикр гардид, ки қарзҳои хурд ба маблағи аз 200 то 5 ҳазор доллар  тавассути ташкилотҳои хурди қарзӣ ба аҳолӣ дода мешавад.

Ба кодекси ҷиноятӣ тағйиру илова ворид гардид
Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ, зимни ба тасвиб расондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки ҳадаф аз илова намудани моддаи 401, ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳоро пешбинӣ менамояд. Тибқи маълумоти мавҷуда дар давоми 7-8 соли охир ҳолати иштирок намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ дар давлатҳои дигар ба назар мерасад. Мувофиқи маълумоти ҷойдошта танҳо дар давоми соли 2013 аз ҷониби мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ нисбат ба 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, 3 нафараш бо ҳукми суд маҳкум шуд. Дар соли 2014 низ нисбат ба якчанд нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ барои зархаридӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд.
Тибқи эзоҳи ин моддаи Кодекс шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки ба мақсади гирифтани подоши пулӣ дар амалиёти ҷангӣ ҷалб мегардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2014    №: 97    Мутолиа карданд: 663

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед