logo

суханрониҳо

САРҲАДБОНОН ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТАНД

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маросими гузашти низомӣ ба ифтихори 20 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 26 майи соли 2014


Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини муҳтарам!
Дар таърихи давлатдории аҳли башар яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол мавҷудияти сарҳадоти муайяншудаи он мебошад, ки ҳар кишвари мустақил онро чун рамзи муқаддаси миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ мекунад.
28-уми май ба рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз нишонаҳо ва рамзҳои муқаддаси миллии мо - марзҳои давлати соҳибистиқлоламонро бо сарбаландӣ ҳимоя мекунанд, бист сол пур мешавад.
Ба ин муносибат ҳар яки шумо - ҳомиёни содиқу шуҷои марзу буми Ватан ва оромиву суботи мамлакатро, ки рисолати боифтихору пурмасъулияти ба зиммаатон гузошташударо ҷавонмардона ба иҷро мерасонед, табрик гуфта, ба шумо дар роҳи иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ барору комёбӣ орзумандам.
Бист сол муқаддам, яъне дар оғози марҳалаи соҳибистиқлолии кишварамон бо мақсади ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи ниҳоят вазнину номусоиди иҷтимоиву сиёсӣ ва имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ мо дар баробари Артиши миллӣ сохторҳои ҳифзи сарҳадро таъсис додем.
Ва чунонки имрӯз мебинем, Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марҳалаи начандон тӯлонии мавҷудияти худ ҳамчун сохтори алоҳидаи низомӣ дар самти таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёриву амнияти давлат, таъмини ҳаёти осудаи мардуми кишвар ва ҳимояи дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба эътимоду эҳтироми хурду бузурги аҳолии мамлакат ноил гардидаанд. Ҳамчунин дар ин муддат Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сохтори низомии неруманду зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мубаддал гардида, ҳоло бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат бо ҳамаи заминаҳои моддиву техникӣ ва шароити муосир ва муҳимтар аз ҳама, ҳайати фармондеҳӣ ва мутахассисони баландихтисоси низомӣ таъмин мебошанд.
Имрӯз барои пешбурди ҳадафу вазифаҳои дар назди ҷузъу томҳои марзбони Тоҷикистон гузошташуда асосҳои муосири ҳуқуқӣ низ фароҳам оварда шудаанд ва онҳо ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодиро бо эътимоди қавӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ таъмин карда истодаанд.
Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳот ва навсозии Қӯшунҳои сарҳадӣ сохтмони иншооти нави сарҳадӣ ва таъмиру таҷдиди инфрасохтори мавҷударо идома дода, барои ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани инфрасохтори марзҳои давлатӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар натиҷаи дастгириҳои давлатӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ имрӯз ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ташаккул ёфта, дар сафи пеши ҳимояи суботи давлат ва ҷомеа, мубориза бар зидди қочоқбарон, пешгирии убур ва муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандон тавассути сарҳади давлатӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи оромии кишвар қарор доранд.
Муҳтарам сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Шумо дар тӯли бист соли фаъолият рисолати муқаддаси ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодиамонро хуб эҳсос намуда, аз уҳдаи қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан сарбаландона баромадед.
Бо дарназардошти вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ва торафт шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо миёни қудратҳои ҷаҳонӣ дар назди шумо вазифаҳои боз ҳам муҳимтар қарор доранд, ки иҷрои онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аскарону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ масъулияти аз ҳарвақта бештар, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва омодагии баланди ҷангиро талаб мекунад.
Ватан ва мардуми Тоҷикистон ба шумо, ҳомиёни далеру шуҷоъ, сарвати гаронбаҳотарини миллӣ, яъне сарҳади давлати худро бовар карда, онро ба дасти шумо супурдаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як сарбозу афсар бояд онро чун неъмати бузургу пурқимат эҳтиёт карда, барои аз ҳар гуна омилҳои халалдорсозанда ҳифз кардан ва дар ҳолати орому муътадил нигоҳ доштани марзҳои муқаддаси Ватан ҳамеша ҳушёру зирак ва омода бошад.
Итминон дорам, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, бо риояи ҳатмии талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъии низомӣ барои ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватани муқаддасамон минбаъд низ сарбаландона хизмат мекунанд.
Барои ҳимояи шарафмандонаи муқаддасоти миллие, ки халқу давлати Тоҷикистон ба шумо бовар намудааст, қабл аз ҳама, ғайрату номус, далериву шуҷоат, дасту дили пок ва нияти нек лозим буда, ин суннати некро мо аз аҷдоди бонангу номуси худ ба мерос гирифтаем ва ҳамеша ба он эҳтиром мегузорем.
Бори дигар ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро ба муносибати ин санаи муҳим самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо - ҳомиёни диловари марзу буми Ватани азизамон ва муҳофизони оромиву осоиши мардуми шарифамон тандурустӣ, саодати рӯзгор, иродаи қавӣ ва дар адои хизмати пурмасъулиятатон барори кор орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, сарҳадбонони диловари тоҷик!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2014    №: 99    Мутолиа карданд: 484

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед