logo

суханрониҳо

ТАЛАБОТ БА ТАЪЛИМИ ХУШСИФАТИ НАСЛИ НАВРАС ҶИДДАН МЕАФЗОЯД

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими эҳдои унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларус, шаҳри Минск, 24 майи соли 2014


Муҳтарам Сергей  Владимирович,
Муҳтарам  аъзои  Шӯрои илмӣ,
Муҳтарам профессорон,  омӯзгорон,  аспирантҳо  ва донишҷӯён,
Дӯстони  азиз,
Профессори  фахрии  чунин донишгоҳи  муҳтараму   берун  аз ҳудуди  Беларус  басо  машҳур – Донишгоҳи  давлатӣ  шудан бароям  ифтихори  бузург  аст.
Изҳори  миннатдориро  ба Шӯрои илмӣ  барои сарфарози  ин  ифтихори баланд гардиданам  вазифаи  аввалиндараҷаи  инсонӣ мешуморам.
Донишгоҳи  давлатии Беларус, ки  яке  аз  донишгоҳҳои  асосии  олии  фазои  пасошӯравӣ  ба  шумор  меравад,  дар  сабқатҳои  байналмилалӣ  мавқеъҳои  баландро  касб  намуда,  ба таври  ҳаққонӣ ба  нухбагони  муассисаҳои  таҳсилотии  ҷаҳон  тааллуқ  дорад.
Имрӯз дар донишгоҳ  таҳсил  намудани  беш  аз  дуним  ҳазор нафар  донишҷӯёни  хориҷӣ  на  фақат  аз  равобити  васеи  байналмилалӣ,  балки  аз  обрӯи  баланди  ҷаҳонии он шаҳодат  медиҳад. Дастовардҳои  имрӯзаи  донишгоҳ, пеш  аз  ҳама, самараи   меҳнати  хастанашавандаи  профессорону  омӯзгоронест, ки  дар  ҳамаи  ҷанбаҳои  донишгоҳ  самарабахш кор  мекунанд. Дастовардҳои он бо  фароҳам овардани имкониятҳои  васеъ  барои  интихоби   ихтисосҳо, заминаи  муосири  моддию  техникӣ ва  истифодаи технологияҳои навтарини  таҳсилот  дар  ҷараёни  таълим   низ алоқаи  зич  доранд.
Тайи  таърихи   беш  аз  навадсолаи ин қасри  илму  маърифат  даҳҳо  ҳазор  нафар  мутахассисони баландихтисос  онро  хатм  карданд. Хатмкунандагони  донишгоҳ   номи дастпарваронро ба таври  шоиста пеш  бурда, донишҳои  бадастовардаашонро  ҳам дар  кишвар  ва  ҳам берун  аз  ҳудуди он  муваффақона рӯйи  кор  меоварданд  ва  рӯйи  кор  меоранд.
Имрӯз дар 20  факулта ва  донишкадаҳои таҳсилотӣ, даҳҳо  марказҳои  тадқиқотӣ ва  институтҳои донишгоҳ  беш  аз  сӣ  ҳазор нафар  донишҷӯёну  аспирантҳо таҳсил  мекунанд. Хурсандиовар  аст, ки  дар  байни онҳо фиристодагони Тоҷикистон ҳастанд, ки  аз рӯи  ихтисосҳои  мавриди  зарурати  кишвари  мо аз  донишҳо бархурдор  мешаванд.
Мо  умедворем, ки   намояндагони  ҷавононамон донишҳои  назариявию  ихтисосҳои  интихобкардаро чуқур  омӯхта,  дар  оянда  донишҳояшонро  дар  амалияи  Тоҷикистон  ба  кор  бурда ва бо  ин  васила  ба шукуфоӣ  ва  рушди  иҷтимоию  иқтисодӣ,  илмию  техникӣ  ва  фарҳангии он саҳми  арзанда  мегузоранд. Агар ба таври образнок  гӯем, дипломи Донишгоҳи  давлатии Беларус «дарвозаи оянда» - ро барои  ҷавонони  мо  мекушояд.
Дӯстони  азиз!
Масоили   рушди   маориф  дар  ҳама  замон ду  банди  канданашавандаи  як  гиреҳ  буданд. Ин  амр  дар  ҷаҳони  имрӯзаи  мо – дар  шароити  ҷаҳонишавӣ  ва   пешрафти  мислаш  диданашудаю  босуръати  техника  ва технологияҳо маънои  хос  пайдо  мекунад.
Имрӯз  мову  шумо  шоҳиди  мақоми  афзоишёбандаи  илму  донишҳо  дар  рӯзгорамон  мебошем, ки сабаби он  зуҳуроти   самтҳои  нав  дар  илм  ва  кашфиёту дигаргунсозиҳои  ҷиддии  илмию  техникӣ мебошад.
Дар  робита бо  ин,  талабот ба  таълими  хушсифати  насли  наврас ҷиддан  меафзояд,  зеро  арзишҳои   шахсият  ва  ояндаи  воқеии  халқу  кишварҳои  мо  маҳз  дар  арсаи   таҳсилоти  олӣ ташаккул  меёбанд.
Бо  ибораи дигар, таҳсилоти  хушсифат,  чун  рушди  ҷаҳон,  барои  фароҳам овардани  шароити  нави   иҷтимоию  иқтисодӣ ва  шароити  дигар  барои  рушди  устувори  ҷомеа  аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Дар  Тоҷикистон,  бо  дарназардошти  ин,  ба  масоили  таҳсилот  ҳамеша  аҳамияти  якуминдараҷа  дода  мешуд. Масоилу  дурнамои  ин  бахш  ба  ҳайси  яке  аз  самтҳои  афзалиятноки  сиёсати  иҷтимоии  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян  шудаанд.
Роҳҳои ҳалли  масъалаҳои ин  самт  дар  Стратегияи  рушди  миллӣ ва барномаҳои  тараққиёти иҷтимоию  иқтисодии  кишвар  мушаххас  шудаанд.
Масалан, тайи  солҳои гузаштаи  истиқлолият  теъдоди  донишкадаҳои касбӣ аз сездаҳ дар соли  1991 – ум  дар  оғози соли  ҷорӣ ба сиюҳашт  адад  расид. Алҳол  беш  аз  яксаду панҷоҳу  панҷ  ҳазор  нафар  донишҷӯён  дар  ин  донишкадаҳо таҳсил  мекунанд. Ҳол он  ки  дар  давраи  пеш  аз  истиқлолият қариб  ҳафтод  ҳазор нафар  донишҷӯёни  донишкадаҳо  буданд. Дар  баробари  ин, беш  аз 7  ҳазор  нафар  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  донишҷӯёни  донишкадаҳои  гуногуни    кишварҳои  хориҷӣ  мебошанд.
Рақами  охирин  аз  он  далолат  мекунад, ки  мо  дар амри расидан ба  мақсаду  вазифаҳоямон  дар  соҳаи  таҳсилот,  ба  масоили густариши  собитқадамонаи  равобити  иҷтимоию  гуманитарӣ бо  кишварҳои  дӯст таваҷҷуҳи дахлдор  зоҳир  менамоем.
Ҷумҳурии  Беларус, ки  неруи  бузурги  илмию  интеллектуалӣ  дорад, дар  ин  маврид  истисно  нест. Мо  ба  истифодаи  ин  неру  ба  манзури  тарбияи  кадрҳои  баландихтисос барои  кишварамон  хеле  манфиатдорем. Хурсандибахш аст, ки имрӯз  равобити  кишварҳоямон  дар  соҳаи таҳсилот  дар рӯҳи  анъанаҳои   дастгирии  ҳамдигар  ва  муоширати  нек, ки   асоси муносибатҳои  Тоҷикистону  Беларусро ташкил  медиҳанд,  вусъат меёбанд.
Имрӯз  беш  аз  200 нафар  шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар  донишкадаҳои  Ҷумҳурии  Беларус таҳсил  мекунанд. Ҳамкории  мо  дар  ин  самт  яке  аз  мавзӯъҳои доимии  муколама  дар  сатҳи  баланд  ба  шумор  меравад. Аз  рӯйи  натиҷаи  созишҳои  қаблӣ  соли  2013 Созишнома  дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  таҳсилоти  касбии  олӣ ва  бозомӯзӣ таҳия  ва  имзо шуд. Ҷониби  Тоҷикистон  расмиятҳои дохилии  давлатиро  барои  тасдиқи  ин ҳуҷҷат анҷом  додааст, ки  татбиқи он  ба  рушди  равобити  таҳсилотии  мо,  бешубҳа,  мусоидат  менамояд.
Ба  қарибӣ  дар  заминаи Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  факултаи  муштараки  муҳандисию  техникии  Донишгоҳи  миллии  техникии  Беларус   кушода шуд, ки  умедворем,  ба тарбияи  муҳандисон ёрии  зиёде мерасонад.
Роҳандозии  ҳамкорӣ  барои  тарбияи  кадрҳои  бахши  кишоварзӣ амалияи  ояндадор  аст. Дар  ҷараёни   сафар  Шартномаи  ҳамкории  байни Донишгоҳи давлатии  кишоварзии Гродно ва Донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон  имзо шуд.
Дар  бораи  иқдомоти  минбаъдаи  муштаракамон барои  таҳкими  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  таҳсилот  бо Президенти Ҷумҳурии  Беларус,  муҳтарам  Александр  Григоревич  гуфтугӯ  доштам.
Мо ба  чунин  фикр  омадем, ки  рушди  минбаъдаи  равобит,  ҳам дар соҳаи  таҳсилот ва ҳам  дар  соҳаи  илму техника, ҷанбаи  муҳими  таҳкими  муносибатҳои байнидавлатии ду  кишваранд.
Барои  ин  ҳамаи шароиту  заминаи  зарурӣ  мавҷуд  аст, ки бо  санади  дахлдори  ҳуқуқӣ  асоснок  шудаанд.
Хонумҳо  ва  ҷанобони  муҳтарам!
Зимни суханрониам таваҷҷуҳатонро махсусан ба ҳамкории  кишварҳоямон дар  бахши  маориф ҷалб  намудам. Аминам, ки  ҳамкории  Тоҷикистону  Беларус  дар  ин  бахш,  чун  дар   бахшҳои  дигари  муносибатҳои  мутақобилаи  Тоҷикистону  Беларус,  минбаъд  ҳам  босуръат  рушду  густариш  меёбад.
Барои шарафи  бузурге, ки нисбат ба  ман  зоҳир  шуд, бори  дигар  аз таҳти  дил  изҳори  миннатдорӣ  карда,  мехоҳам ба  ҳозирони  ин  толор  баҳри рушди  илму  маориф,  баҳри  шукуфоии Ҷумҳурии  Беларуси дӯстамон  муваффақияту  комёбиҳои  нави  эҷодӣ  орзу   намоям.
Аз имрӯз донишгоҳи  шумо  барои  ман азиз гардид, ки ба  ҳамаи     воқеаҳои  он бо шавқу  ҳавас  наззора  мекунам.
Ҳамчунин ба  ҳайси  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва инак   профессори  фахрии донишгоҳатон мехоҳам  ба  шумо итминон  диҳам, ки барои  таҳкими  пояҳои  дӯстӣ  ва  муносибатҳои  зичи байни кишвару халқҳоямон  чун  пештара  ба таври  хастанашаванда  меҳнат  мекунам.
Ташаккур  барои таваҷҷуҳатон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2014    №: 99    Мутолиа карданд: 544

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед