logo

маориф

МОДАР ЧИ ГУНА, ДУХТАР НАМУНА

Набераам аз боғча бо табъи хира баргашт. Аз ӯ сабаби озурдахотириашро пурсидам.  Аз  лаҳни кӯдаконааш ҳамин қадар фаҳмидам,  ки дугонаашро барои он  ки модараш ба боғча туҳфаи идона наовардааст,  иҷозаи рақсу бозӣ кардан надодаанд.

Ин  ҳодиса муддатест маро ором  намегузорад.  Меандешам, ки  аз ин  гуна маъмурони кӯдакистон, аз  ин гуна мураббияҳо кӯдакон чӣ таълиме мегиранд?  Оё онҳо маънии  ин амали худро дарк кардаанд ва баъди  ин  бо чи рӯ  ба тарбиягирандагон менигаранд,  ба онҳо   аз  одаму одамгарӣ,  худшиносиву меҳандӯстӣ ҳарф мезананд? Яқин онҳо  аз оқибати  ин  амали  худ  намеандешанд ва пешаи омӯзонидану тарбия кардани кӯдаконро  ба  ин гуна ашхос бовар  кардан  хатост.
Ба  ин  андешаҳо мутолиаи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 апрели соли 2013 дар бораи риояи бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳрик бахшид. Инҷо мушоҳидаеро аз  муҳити носолими кӯдакистоне мисол овардам.  Вале  оё  худи мо – бобою бибиҳо, падару модарон ба олами андешаю эҳсоси фарзандонамон ворид мешавем, оё медонем ва мефаҳмем, ки  аз дили онҳо чӣ мегузарад, рафтору кирдори мо  ба онҳо чӣ ибрате мебахшад?
Оилаеро медонам,  соҳиби се писар аст. Падари омӯзгору тарбиятдида ва равшанзамирашон ҳанӯз айёми кӯдакӣ  ба онҳо чун шахси бо худ  баробар муносибат мекард ва ба  шахсият,  андешаю афкорашон эҳтиром мегузошт. Баробари ин,  корҳои  хона  байни онҳо тақсим шуда буданд.  Яке  хона   мерӯфт,  дигаре  об меовард ва савумӣ  ба  кори  дигари зӯрраси  худ  вобаста буд. 
Борҳо шоҳид будам,  ки китобе дар даст  ба  молчаронӣ  ё  харсавор барои алаф мерафтанд.  Ҳар се пасу пеш  мактаби деҳаро бо баҳои аъло хатм карданд.  Ҳоло  яке  табиби варзида,  дар хориҷи кишвар кор мекунад, дувумӣ низ  табиб аст.  Савумӣ донишҷӯ.  Бе ришва,  бе  «тағо»-ю  «амак»  ба  макотиби олӣ дохил шуданд. Падарашон барои онҳо либоси фохира намепӯшонд, хатнасури пурдабдаба намеорост,  балки  бо сухани нек,  рафтори шоистаи ибратомӯз ба меҳнат, ба таҳсил водор менамуд.
Ба  андешаи ман, нахуст мо бояд волидонро ба таълиму тарбия фаро гирем, то онҳо тавонанд фарзандонашонро тарбия намоянд. Оё  аз волидоне, ки   худ тарбия надидаанд, аз алифбои илми  педагогика, рӯҳшиносӣ фарсахҳо  дуранд,  фарзанди солеҳро умедвор шудан мумкин аст?  Ағлаб дар деҳоти мо духтаронро ҳанӯз   ба  маънии зиндагӣ сарфаҳм нарафта,  ба ҷавоне, ки  дар  фаҳмишу рафтору кирдор  аз ӯ волотар нест,  ба шавҳар медиҳанд. Ба ҳукми табиат фарзанддор мешаванд. Чун  дар деҳот муассисаҳои томактабӣ хеле кам ҳастанд, бори тарбияи фарзанд ба дӯши  худи онҳо меафтад. Ва онҳо дар сатҳи худ фарзандонашонро тарбия мекунанд.
Тавре бисёр омӯзгорони макотиби деҳот мегӯянд, бисёр падару модарон вазифаи худро дар хатнасур  кардан,  хонадор намудан ва хона сохтан барои фарзанд медонанд. Дар мавриди духтарон бошад ба номи нек ба шавҳар додан. Ҳол он ки барои фарзанд, таъмини ояндаи ӯ таълими шоиста  додан,  соҳибкасбу таҳсилдида тарбия намудан муҳимтар аст.     
Ин ҷо ба тарбияи  худи  волидон ишора намудам.  Ба  ростӣ, агар мо сатҳи таҳсилоти мардону занони деҳотро муқоиса  намоем, аз ояндаи тарбияи фарзандон бояд ба ташвиш биафтем. Масалан дар навоҳии водии Зарафшон   даҳҳо деҳаро ном бурдан мумкин аст, ки ҳатто як нафар зани аққалан  дар омӯзишгоҳ таҳсилдида надорад. Дар аксари деҳаҳо толори компютерӣ куҷо,  ҳатто маҳфиле, майдончаи варзишӣ ё китобхонае нест,  то кӯдакон онҷо чизе биомӯзанд. Мемонад ташвиши рӯзгор, ки бораш ба дӯши кӯдакон низ  ҳаст.
Чун тарбияи фарзандон бештар  ба  дӯши модарон аст, чӣ бояд  кард  онҳо, хоса  дар деҳот, ба  ин  омода бошанд? Аввалан ҳамаи монеаҳоро барои идомаи таҳсили духтарон дар синфҳои болоии макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ,  омӯзишгоҳу донишгоҳҳо аз  байн бурдан лозим аст. Ин кори  осон нест, хоса таъмини таҳсили донишҷӯ дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳо. Имконияти молиявии на ҳар падару модар ба ин басанда аст. Агар монеа танҳо хоҳиши волидон ва ё пойбандӣ ба хурофот ва андешаи ғалати “духтар хонда чӣ мешавад”  бошад,  онро бартараф намудан имконпазир аст.
Роҳи дигар ҷорӣ намудани таълими дарси одоби оиладорӣ ва тарбияи фарзанд дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Ҳоло ки  дарси  одоби оиладорӣ  аз барномаи мактабӣ ихтисор шудааст, муҳассилини мактабҳо, хоса духтарони деҳот, ки имкони идомаи таҳсил барои онҳо маҳдуд аст,  аз  куҷо оид ба оила, муносибати байни аъзои оила, зану шавҳар, тарбияи фарзанд маълумот гиранд? Аз  модаре, ки худ аз ин масъала огоҳ нест?  Аз ин лиҳоз хуб мешуд, ки дар барномаҳои таълимии мактабҳо,  омӯзишгоҳу макотиби олӣ фанни оиладорӣ ва тарбияи фарзанд ҷорӣ карда шавад. Ба ин васила камхабарии бисёр волидонро  аз  усулҳои тарбияи фарзанд ҷуброн намудан мумкин аст. 
Т. СОЛЕҲЗОДА,
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2014    №: 101    Мутолиа карданд: 853

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед